Ганҷҳо ҳанӯз парешонанд

№108 (3745) 09.09.2017

Доираи адабии Хатлон дар  садаи  XIX ва оғози садаи ХХ сухансароёни фаровонро ба саҳнаи   адаб овардааст. Бештарин адибони Хатлон дар Бухоро,  Ҳиндус­тон, Покистону Афғонистон дониш андӯхта,   сипас ба зодгоҳи худ  бозгаштаву ба доираҳои  адабии Хатлон омехтаанд.  Носеҳи Кӯлобӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Раҳимӣ, Ҳоҷӣ Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Абдураҳимӣ, Мулло Раҷаб, Мирзо Қадам Муҷрими Роғӣ, Мизробхон, Хотирӣ, Мулло Зокир, Мулло Носир, Мулло Бурҳон бо тахаллуси Бисмил, Мирзошариф ва Аламӣ аз шумори чунин суханваронанд, ки дар адабиёти он давра саҳми хешро   гузоштаанд. Аммо ному нигоришоти  на  ҳамаи  онон шинохта ва арзёбӣ шудааст. Дар китоби «Ганҷи парешон»-и  шодравон  Амирбек Абибов ёде аз ин суханварон рафтааст.  Аммо ӯ низ дар бораи на ҳамаи шоирони  доираи адабии Кӯлоб маълумот додааст.

Яке аз ин суханварон  Мирзошарифи Кӯлобӣ мебошад, ки дар ибтидои садаи  XX зиндагӣ  кардааст. Марди рӯзгордида  С. Даминзода   мегӯяд: «Ман бо бисёре аз шахсони фозил, аз ҷумла Ашӯрмад Латипов, Мирзолатиф Раҳимзода, Холиқ Нурматов ва Сомеъ Одиназода, ки холо дар қайди хаёт нестанд ва Мирзошарифро дидаанд, ҳамсуҳбат  шуда будам».  Устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Барот Нозимов низ бархе шеърҳои ӯро дар даст дошт  ва аз зиндагиву сурудаҳои ӯ намунаҳо гирд оварда буд. Аз рӯи ёддоштҳои куҳансолон  Мирзошариф дар солҳои 50-уми садаи XIX дар  рустои Амрутихами ноҳияи Шӯрообод (Терайи пешин), ҳозира Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст ва тақрибан  солҳои 1930-1935 даргузаштааст.

Мирзошариф таҳсили ибтидоиро дар назди муллои деҳа фаро гирифта, сипас барои донишомӯзӣ  ба Кӯлоб меояд ва дар мадрасаи Хиштӣ омӯзишро идома медиҳад. Бо талоши Мирзошариф чанд нафари дигар низ дар мадрасаи Кӯлоб таҳсил намудаанд.

Аз рӯи ёддоштҳои хамдиёрони Мирзошариф ӯ  ашъори Аттор, Ҳофиз ва Бедилро нек аз ёд медонистааст ва ба рӯзгори  пирӣ онҳоро чун панду андарз кор мебастааст.

Сокини рустои Бодомтуи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шодравон Сафаралӣ Наимов, ки бо ӯ шинос будааст, ашъори Мирзошарифро саросар  аз ёд медонистааст.

Мирзошариф пас аз хатми мадраса дар боргоҳи мири Кӯлоб чун муншӣ ба кор оғоз мекунад. Ӯ хаттоти хубе  низ будааст. Шодравон Мирзолатиф дар ҷавонӣ хеле хушзеҳну зирак будааст ва девони Мирзошарифро дидаву хондааст. Вай ин мисраъҳоро дар оғози ашъори китоби ӯ дидааст:

 Ҳар кас, ки назар кунад дар ин хат,

Сад войи Шариф бигӯяд албат.

Хат монад дар ин ҷаҳони каммеҳру вафо,

Мирзошарифро хӯрад кирмони лаҳад.

Холиқ Нурмадов, ки бо Мирзошариф пайванди хешовандӣ  дорад, ёд дошта, ки шоир бадеҳагӯйи мумтозе будааст ва ин аз равонии табъаш гувоҳӣ медиҳад. Чунончӣ, боре Муллораҳмон ном муллобачае аз деҳаи Офтобзамин ҳангоми буридани як дарахти арча ба партгоҳ афтода мемирад. Хоҳари Муллораҳмон, ки дар Амрутихам зиндагӣ мекардааст, ба Офтобзамин меояд. Дар роҳ аз Мирзошариф хоҳиш мекунад,  ки  сӯгворие дар марги бародараш бигӯяд. Шоир, ки он замон нотавон шуда  буд,  бадоҳатан мегӯяд:

Аҷаб расме дар ин дорулфано шуд,

Ҳама ёрони мо аз мо ҷудо шуд.

Мулораҳмон қазои худ нафаҳмид.

Табар бигрифт, ба сӯйи арчаҳо шуд.

Бурид ӯ арчаро аз рӯйи кина,

Ки арча пеш-пеш, ӯ аз қафо шуд.

Тагурӯ хӯрдаву ҳуш аз сараш рафт,

Шукур мегуфт, к- ин амри Худо шуд.

Миёни солҳои 1906-1910 дар Дарвоз Садаф ном духтари  хубчеҳра, ки табъи  равон низ дошт, зиндагӣ мекардааст. Дар шеъргӯйӣ  касеро ёро набудааст,  ки  панҷа дар панҷаи ӯ занад. Мирзошариф, ки  он замон ҷавони зебое буд, бо супориши мири Кӯлоб ба Дарвоз рафта, Садафро ба ҳунарсанҷӣ мехонад. Бонуи сухангӯйи дарвозӣ низ  суст намеояд. Мирзошариф ин  чор пораро мегӯяд:

 Садаф, ту нишастаӣ дар ин боғи тараб,

Боло бинигар, омадааст ёре аҷаб.

Дорад тамаъу умеди бисёр аз ту,

Аз боғи рухат меваву як бӯса зи лаб.  

Садаф низ дар посух дарнамемонад:

Асли ватанат куҷост, оғо, ту марак,

Дар боби сухан мисли гадоӣ ту, марак.

Мирзошариф ҷавоб медиҳад:

Амрутихами ҷонона хешони хърък

Акай Папук  мешам, рафиқи Мънък.

Ҳамсояи Хугкъшъм, бобой Қанур,

Лаббастаи марг омадъм, бгирӣ зънък.

Садаф баъди талоши зиёд ба пазируфтани бартарии Мирзошариф ночор мешавад ва ҳамроҳи ӯ ба Кӯлоб меравад. Мири Кӯлоб Мирзошарифро барои ин пирӯзӣ  ҷомаи алочаи думокува мепӯшонад ва ӯ ин ҷомаро то рӯзи марги хеш пок медошт. Дар рустои Амрутихам беш аз 70 тан дар ҷашни домодии хеш аз он ҷома баҳра бурдаанд.

Мирзошариф дар фарҷоми рӯзгори хеш нотавон шуда, ба зодгоҳаш Амрутихам бармегардад  ва заҳри  сахтиҳои рӯзгорро мечашад:

Амрутихам фитодам, ман оҷизу заифам,

Дар маънии ракокат нозукрасу хафифам.

Дар байни қавму хешон «беҳудагӯ Шарифам»

В-арна ба ҷoи дигар озодаву латифам.   

Мирзошариф дар ашъори хеш пайваста аз тахаллус кор мегирад, ки номи аслии ӯст. Чунончӣ:

Ошиқ сохтӣ зи Балх то шаҳри Клифа,

Тӯморча задӣ силсила ҳар ду ктифа.

Дар рӯйи ҷаҳон бигардӣ аз баҳри рафиқ.

Рафиқ ёбӣ, вале наёбӣ Шарифа.

Бисёре аз шеърҳои Мирзошариф дар мавзӯъҳои динӣ, авсофи пайғамбару ёрони ӯву бозтоби зиндагиаш гуфта шудаанд. Ин ҷо яке аз онҳоро намуна меорем:

Ҷону дилам фидои он офтоби ховар,

Аз шӯълаи ҷамолаш ҳар ду ҷаҳон мунаввар.

Ҷибрил пайки роҳаш монанди боди сарсар,

Муҳри нубувватӣ дошт мушкилкушои ховар.

Ҷону дилам фидои ҳар чор ёри сарвар.

Девони шоир то кунун пайдо  нашудааст. Солҳои аввали Инқилоби  Октябр аксари қарибони ӯ ба Афғонистон рафта,  китобҳоро бо худ бурдаанд. Акнун чанд тан аз авлоди Мирзошариф дар деҳоти «Панҷрӯд»- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  зиндагӣ мекунанд. Шеърҳои Мирзошарифро овозхононе чун Абдимаду Бобохалил, шодравон Қурбон Зардаков ва Бобо Шукур пайваста месуруданд.

 А.К. АБДУРАҲИМОВ,

номзади илми филология,

мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти

забон ва адабиёти  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ