Муроҷиат

Некӣ куну ба даҷла андоз

№112 (3749) 21.09.2017

А Бурхониддин суратВақте сокини деҳаи Ҷӯйбодоми, деҳоти «Чортеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ Сафар Бобомуродови 55- сола вориди ҳуҷраи кории мо шуд, аз чеҳраи коҳида ва хастаҳолонааш пай бурдем, ки мушкиле дорад. Баъд аз салом ӯ арзи матлаб намуд:

- Ноилоҷ монда, ба  шумо — кормандони рӯзномаи бонуфуз муроҷиат кардам.  Ману ҳамсарам Маҳбуба  Бобомуродова соҳиби панҷ фарзандем, вале ҳукми тақдир будааст, ки се нафари онҳо беморанду ҳамарӯза аз пайи табобаташон ҳастем. Махсусан, вазъи духтари хурдиамон Меҳрона боиси ташвиши зиёд гардидааст. Дувоздаҳсола аст, модарзод гирифтори бемории қалб буда, мунтазам зери нигоҳубини табибон қарор дорад. Аз духтурону кормандони шуъбаи қабули соматикии кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле миннатдорем, ки ҳар сол чанд муддат дар ин ҷо духтарам табобат мегирад. Аввали соли ҷорӣ бо тавсияи кормандони ин шуъба духтарамонро барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Москва бурдем.  Аз 26 июн то 14 июли соли ҷорӣ  духтарам дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу раги ба номи А. Н. Бакулева бистарӣ буд ва ӯро ройгон ҷарроҳӣ карданд. Харҷи роҳу будубош дар шаҳри Москваро аз ҳисоби ҳамкорон ва 3000 сомонӣ кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом додем, ки аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, ба ҳамаи онҳо миннатдории худро баён мекунам.

Тибқи тавсияи духтурон табобатро мунтазам идома додан лозим ва баъди як сол аз нав бояд ба табобатгоҳи шаҳри Москва барем. Ҷарроҳии такрорӣ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, тавассути ин минбари баланд арзи дил кардем, ки шояд саховатмандон ба мо ёрии худро мерасонанд. Қаблан ба ҳамаи онҳо изҳори сипос мекунем.

Саховатмандон метавонанд ба ҳисоби зерини бонкӣ маблағ ирсол намоянд:

Маблағгиранда:

То дархости мизоҷ

С/Ҳ 26202972700002177000

Бонк: БДАТ «Амонатбонк»

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, 734013, кӯчаи И. Сомонӣ 14.

С/М 350101626

РМА 020025855

Таъиноти пардохт: Бобомуродов Сафар Ҳамдамович.

Суратҳисоби картаи бонкӣ: 20216972007711005721

Телефон: 919 — 73 — 01 — 33, 

985 — 27 — 50 — 56.