Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст

№118 (3755) 05.10.2017

«Забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо-тоҷикон аст». Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 марти соли 2013

Мо-тоҷикон, агар бо фарҳанги пурғановате, ки аз гузаштагонамон мерос мондааст, ифтихор карданӣ шавем, бешубҳа, дар саргаҳи он забони модариамон меистад. Маҳз забони мо асоси пойдории миллати куҳанбунёдамон гардида ва барои то ба имрӯз расидани фарҳанги пурарзиши ниёгонамон низ мусоидат намудааст. Гарчанде аз ҷониби аҷнабиёни хунхор борҳо китобхонаҳо сӯзонида шуданд, аммо гузаштагони миллатдӯсти мо барои пойдории забони тоҷикӣ хизмати арзанда кардаанд, ки имрӯз мо- ворисони эшон онҳоро бо эҳтироми хоса ёд мекунем. Таърихнигорон зикр кардаанд, барои мақоми расмӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва дар коргузории давлат истифода бурдани он пас аз тохтутози араб, давлати Сомониён, махсусан Исмоили Сомонӣ, саҳми муносиб гузоштааст. Тавре маълум аст, Сардафтари адабиёти тоҷику форс, аввалин шоири соҳибдевон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳз дар замони давлатдории Сомониён ҳамчун шахсият ташаккул ёфтааст. Устод Рӯдакӣ ва ҳаммаслаконаш барои рушди забони тоҷикӣ хизмати мондагор кардаанд. Аз ин ҷост, ки бо аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон- Сомониён забони тоҷикӣ мавқеашро аз даст надод ва ҳамчун забони коргузорӣ мавриди истифода қарор дошт. Пас аз Инқилоби Октябр миллати тоҷик бо ноадолатиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Тавре дар асарҳои таърихӣ навишта шудааст, авҷ гирифтани пантуркизм дар минтақае, ки аҳолии таҳҷойӣ ва асосияш тоҷикон буданд, боиси қурбониҳои зиёди милливу фарҳангӣ шуд. Ин навбат низ соҳибзабонӣ моро аз гирдоби нобудшавӣ наҷот дод. Далели ин гуфта асари устод Садриддин Айнӣ — «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки доир ба хизмати таърихии он бисёр гуфтаанд. Бадхоҳон то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳар восита мехостанд монеаи рушди забон ва фарҳанги миллии мо гарданд, аммо фарзонафарзандони миллат, ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Акбари Турсон, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва даҳҳо тани дигар ба онҳо имкон намедоданд. Натиҷаи кӯшишу талоши пайвастаи зиёиён буд, ки соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Эътироф бояд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рушди воқеии он таъмин карда шуд.

Зеро дар ин давра, роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ- забони тоҷикӣ муносибати ҷиддӣ доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст». Ин забон, ки ҳазорсолаҳо мавриди истифода қарор дорад, бо фасоҳати хеш ҳаводорони зиёде дошту дорад. Ба касе пӯшида нест, ки то асри ХХ адибони зиёде аз дигар миллатҳо бо забони тоҷикӣ эҷод намудаанд, ки яке аз онҳо Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мебошад. Ба ҳамин минвол метавон садҳо нафари дигарро ном бурд, ки дар баробари забони модариашон, инчунин бо забони тоҷикӣ эҷод кардаанд. Зеро қаламрави забони тоҷикӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳдуд набуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармуданд, ки: «Аз каронаҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то Халиҷи Форс тӯли чандин аср забони тоҷикӣ барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст». Абёти шоири шинохта Бозор Собир тақвиятбахши ин гуфтаҳост. Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забон дорад, ватандор аст ӯ, То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»