Дар ситоиши забон

№118 (3755) 05.10.2017

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Абулқосим Фирдавсӣ

 Сухан аз арши барин омадааст,

Баҳри покон ба замин омадааст.

 Абдураҳмони Ҷомӣ

 Хирадномаҳоро ба лафзи дарӣ,

Ба Юнонзамин кард кисватгарӣ.

Низомии Ганҷавӣ

 Ҷон асту забон аст, забон душмани ҷон,

Гар ҷон-т ба кор аст, нигоҳ дор забон.

 Абӯсаиди Абухайр

 Агар сесад  забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

 Сайдаҳмадхоҷаи Аҷзӣ

 

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Муҳаммад  Иқбол

 Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Аскар Ҳаким