Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мақолаи Ёқуби Содиқ «Клуби фарҳангӣ ба ҳашаротхона табдил ёфтааст»-ро, ки 7 сентябри соли 2017, №107(3744) дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба иттилои шумо мерасонем, ки дар ҳақиқат клуби фарҳангии деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар ҳолати ногувор қарор дорад. Дар ҳошияи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як моҳ қабл қасри фарҳанг ва китобхонаи деҳоти «Даҳана», ки солиёни зиёд дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, ба тариқи ҳашар ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмир бароварда шуд.
Дар деҳоти «Зиракӣ» бошад, ба ғайр аз клуби деҳаи Ҳакимобод боз қасри фарҳанги дигаре низ фаъолият мекунад, ки ба он номи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст ва дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад.
Соли 2018 бо ҷалби соҳибкорони хайрхоҳу ватандӯст клуби фарҳангӣ ва китобхонаи деҳаи Ҳакимободи деҳоти «Зиракӣ» низ таъмир мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва масъалаи дар мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» зикршударо таҳти назорати доимӣ қарор додааст.
С. СИТАМОВ,
мудири бахши бойгонӣ-матбуотии
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатии шаҳри Кӯлоб