Суҳбат бо Саъдулло Раҳимов, котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа
- Киноро дар байни санъатҳо аз ҳама муҳим номидаанд. Оё дар ҷомеаи муосир ин баҳогузорӣ моҳияташро гум накардааст?
- Замоне ки Владимир Илич Ленин «Киноро санъати асосӣ» гуфта буд, воқеан кино дар ҷомеа аҳамият дошт. Дар Тоҷикистон, ки соли 1929 киностудия таъсис ёфт, ин сухан таҳрикдиҳандаи рушди синамо буд. Барои сиёсатмадорони давр лозим буд, ки одамон ҳар чӣ зудтар сохтори навро қабул кунанд. Маҳз бо кино метавонистанд мақсадҳои худро амалӣ кунанд. Бурди болшевикҳо низ дар таъсису равнақ додани кино буд. Имрӯз низ кино моҳияти худро аз даст надодааст, балки масъулияти он бештар шудааст. Филмҳое, ки дар Тоҷикистону дигар кишварҳо ба навор мегиранд, ду ҳадаф — тарбияи инсони комил ва ба даст овардани маблағи ҳангуфт доранд. Филмҳои навъи дуюмро тиҷоратӣ низ мегӯянд. Ин намуди киноро, аз ҷумла Ҳиндустон истеҳсол мекунад ва дар соҳаи индустрияи кино хеле пешрафтааст. Дар Тоҷикистон ҳар ду намуди филм ба навор гирифта мешавад. Намуди барҷастаи филмҳои тиҷоратие, ки ба навор гирифта шуд, «Сафари ҳавоӣ» ва «Арӯси замонавӣ» мебошад. Филмҳое ба мисли «Муаллим», «Қиёми рӯз», ки аз тарафи Киностудияи «Тоҷикфилм» рӯйи навор омадаанд, маънавиёт, фарҳанг, камбудии зиндагии воқеии мову шуморо бозгӯйӣ мекунанд. Бахусус, филми ҳунарии «Муаллим» поён рафтани сатҳи маънавиёт, саводнокӣ ва дигар нуқсонҳои зиндагиро инъикос кардааст
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз вазъи имрӯзаи кинои тоҷик изҳори норозигӣ карданд…
- Танқиди Пешвои миллат комилан дуруст аст. Мо дар Тоҷикистон дар як сол ба ҳисоби миёна 20 филми бадеӣ, тақрибан ҳамин миқдор филми кӯтоҳи бадеӣ, 10-15 филми мустанад, шумораи зиёди наворҳои намоӣ (рекламавӣ), 2-3 филми тасвирӣ ба навор мегирем. Эътироф бояд кард, ки ин филмҳо муваффақ намешаванд ва аз нигоҳи сифат, технология, мавзӯъ рақобатпазир нестанд. Филмҳои хубе, ки коргардонҳои мо офаридаанду нишонаи рақобатпазириву бозоргирӣ доранд, ангуштшуморанду ба ғайр аз ду — се филм чизе надорем, ки дар фестивалҳои байналмилалӣ ба намоиш гузорем. Аз ҷониби дигар, дар бисёр маврид мо аз набудани филмномаи хуби миллӣ танқисӣ мекашем. Дар кишвар филмноманависон ангуштшуморанд ва талаботи имрӯзаи кинои миллиро қонеъ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, зарур аст мутахассисони ҳирфаиро, ки аз филмноманависӣ, хусусиятҳои филмҳои кӯтоҳу пурраметраж, филмҳои мустанад ва аниматсионӣ бохабар бошанд, тайёр намоем. Ҳарчанд барои офаридани филми бадеӣ мутахассисони гуногун, аз ҷумла таҳиягару наворбардор, мусаввиру ҳунарпеша ва дигарон заҳмат мекашанд, вале филмнома муҳаррики он мебошад.
Дар Барномаи рушди кинои панҷ соли қабл амалишуда маблағи зиёд ҷудо шуд. Мутаассифона, синамогарон он маблағро аз худ карда натавонистанд, чунки кадру стратегия надоштанд. Чанде пеш нақшаи «Барномаи давлатӣ оид ба рушди кино дар солҳои 2018-2022» аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуд ва умед аст, ки вазъият беҳбудӣ меёбад.
- Чаро коргардонҳои тоҷик ба мавзӯъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва мушкилоти мавҷуда камтаваҷҷуҳанд?
- Воқеан, бояд дар мавзӯъҳои зикргардида филмҳои замонавӣ ба навор гирифта шавад, ба монанди офаридаҳои Борис Кимёгаров. Ҳарчанд ӯ тоҷик набуд, вале филмҳояш ҳувияти тоҷикӣ дошт ва моро ба ҷаҳониён шиносонд. То ҳозир филмҳои офаридааш дар бозори ҷаҳонӣ харидор доранд. Мутаассифона, ҳоло ба ин мавзӯъҳо синамогарон хеле кам таваҷҷуҳ мекунанд. Масалан, асари адиби маъруфи зодаи Тоҷикистон Андрей Волос бо номи «Возвращение в Панджруд» («Бозгашт ба Панҷрӯд») ба филми таърихӣ мувофиқ аст. Номбурда зиндагии Рӯдакиро бозгӯйӣ намудааст. Мутаассифона, бо вуҷуди пешниҳоди банда ҳеҷ коргардон барои офаридани он ҷуръат накард. Офаридани филми таърихӣ маблағи зиёд талаб мекунад. Шояд барои ҳамин филмсозон аз ин меҳаросанд. Масалан, устод Тоҳир Собиров дар бораи Камоли Хуҷандӣ ба навор гирифтани филмеро шурӯъ кард, вале бо сабаби нарасидани маблағ филм нотамом монд.
Хусусияти миллӣ надоштани кино мушкили дигар аст. Аксари филмҳо хусусияти оммавӣ доранд. Масалан, мисли «Арӯси замонавӣ» дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ филм ҳаст. Чунин намуди кино арзиши баланди маънавию тарбиявӣ надорад ва мақсадаш танҳо болидарӯҳ кардани тамошобин аст. Ду сол пеш дар Боку будам. Вақте ки филми коргардон Носир Саидов «Муаллим»-ро дар ҳузури тамошобинони озарӣ ба намоиш гузоштанд, дар чашмони онҳо ҷорӣ шудани ашкро дидам, зеро ин филм зиндагии тоҷиконаро инъикос мекунад ва қаҳрамононаш низ тоҷикона нақшофаринӣ карданд.
- Сохтори алоҳида шудани Киностудияи «Тоҷикфилм» ва КВД «Тоҷиккино» ба пешрафти синамо чӣ таъсир мерасонад?
-Таъсиси Киностудияи «Тоҷикфилм» ва КВД «Тоҷиккино» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштибоҳ буд. Биноан, ба сохторҳои алоҳида табдил додани онҳо муҳиму саривақтист. Мушкилоти дигари кинои тоҷик кам будани кинотеатрҳоест, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд. Масалан, дар пойтахти кишварамон ягон кинотеатри мултиплекс мавҷуд нест. Кинотеатре, ки дар Кохи Наврӯз фаъолият дорад, танҳо аз як толор иборат мебошад. Мултиплекс гуфта, кинотеатреро мегӯянд, ки аз чанд толор иборат буда, ҳар шахс метавонад, филми интихобкардаи худро дар толори алоҳида тамошо намояд. Умед аст, ки мушкилоти мавҷуда ба наздикӣ аз байн хоҳад рафт.
- Чанд соли охир ҷавонон ба филмофарӣ машғуланд ва то андозае тавонистанд аудиторияро ба худ ҷалб намоянд. Назари шумо дар ин бора ва ояндаи синамои тоҷик чӣ гуна аст?
-Бо вуҷуди камбудиҳои зиёд, ба оянда хушбинам. Шарофат Арабова, Румӣ Шоазимов, Диловар Султонов барин ҷавонон филмҳое пешниҳод кардаанд, ки умедворкунанда аст. Масалан, Диловар Султонов дар назди яке аз коргардонҳои машҳури ҷаҳон Муҳсини Махмалбоф тарбият гирифтааст, ки ҳоло дар радифи ӯ тадвингар, яъне монтажёр нест. Ӯ дар соҳаи коргардонӣ ҳам фаъолият дорад ва филми банаворгирифтааш, ки «Ҳодиса» ном дорад, хеле ҷолиб баромад. «Гунҷишки сафед», ки дар асоси асари Сайф Раҳими Афарзод ба навор гирифта шудааст, тамошобинро ба худ ҷалб мекунад. Ӯ метавонад минбаъд аз сатҳи шогирдӣ баромада, ба як коргардони ҳирфаӣ мубаддал шавад. Шарофат Арабова номзади илмҳои таърих дар соҳаи синамо, коргардон ва филмноманавис мебошад. Хурсандиовар аст, ки чор филми ӯ дар фестивалҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифтанд. Румӣ Шоазимов шогирди Владимир Вамитикович Меншов, яке аз машҳуртарин коргардонҳои рус, мебошад. Ӯ ба наздикӣ филми пурраметраж бо номи «Хоби ҳамдуна»-ро ба навор гирифт ва муваффақ шуд. Ин ҷавон ҳанӯз 30 — сола нест, вале филмҳояш дар сатҳи баланди касбӣ таҳия шудаанд. Муҳиддини Музаффар низ коргардони ҷӯянда аст. Вай низ чанд филм ба навор гирифта, тамошобинони худро пайдо кард. Ҳоло як филми нав бо номи «Тангно» дар асоси романи «Тангнои гетӣ»-и устод Сорбонро пешкаши тамошобинон кардааст.
Умед дорем, ки дар оянда «Тоҷикфилм» бо филмҳои нави миллӣ дили ҳаводорони синаморо ба даст оварда, маҳбуби ҳар хонадон мегардад.
Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»