Вакил, шоир ва ходими давлатие, ки аз ӯ кам ёд мекунанд

№20 (3814) 15.02.2018

2Симиганҷ дар домани кӯҳи Мош­теппа, қисмати шимоли шаҳри Ваҳдат, ҷойгир буда, мавзеи хушобу ҳавоест. Дар баландӣ, байни қабрис­тони деҳа, дарахти сарви куҳансоле, ки онро беш аз 300-сола мегӯянд, қомат афрохтааст. Дар бораи он ривоятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, куҳансолон мегӯянд, ки он дар як шаб худ аз худ пайдо шудааст.

Дар зери ҳамон сарви нодир марқади Нуъмон Розиқ ҷой гирифтааст, ки дар матлаби зер мухтасар аз ҳаёт ва фаъолияти ӯ ёдовар мешавем.

Дар Симиганҷ, ки қадимааш мегӯянду макони ҳунармандон, 90 сол пеш, 9 майи соли 1927, дар оилаи деҳқоне писар ба дунё омад, ки ӯро Нуъмон ном гузоштанд. Волидайн шояд ба хотири фақеҳи бузурги олами Ислом Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ӯро номгузорӣ карданд, то ки шахси ростраву ростқавл ва донишманду баобрӯ шавад.

Нуъмон соли 1941 синфи 7-и мактаби деҳаро хатм намуда,  бо сабаби ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар шудани омӯзгорон ба касби омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Ҳамчунин, дар Техникуми педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод таҳсил карда, онро соли 1948 ба анҷом мерасонад. Соли 1954 ба шуъбаи рӯзонаи факултети таъриху филологияи  Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1958 хатм мекунад. Соли 1959 сарвари мактаби миёнаи №18 ба номи Фирдавсӣ таъин мегардад. Аз соли 1960 то соли 1962 котиби ташкилоти партиявии собиқ совхози «Орҷоникидзеобод» шуда кор мекунад. Моҳи феврали соли 1962 ҷонишини  раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Орҷоникидзеобод таъин мегардад. Моҳи марти соли 1963 ба вазифаи раиси садорати хоҷагии собиқ «Ленинград» (ҳоло «Баҳор») пешбарӣ ва интихоб мешавад. Дар ин вазифа то соли 1971 фаъолият менамояд. Аз соли 1971 то соли 1975 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр») буд.  Соли 1976 раиси Кумитаи иҷроияи совети депутатҳои деҳоти «Симиганҷ» интихоб мегардад. Соли 1978 директори хонаи истироҳатии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1981 то рӯзи вафот (2 апрели соли 1982) раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатии ноҳияи собиқ Орҷоникидзеобод буд.

1Нуъмон Розиқ ҳангоми дар вазифаи раиси хоҷагии «Ленинград» (ҳоло «Баҳор») фаъолият доштан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии меҳнаткашон эътибори ҷиддӣ медод. Дар нуҳ соли сарварӣ  «Ленинград»- ро ба яке аз хоҷагиҳои пешқадам табдил дод. Нақшаҳои истеҳсолӣ барзиёд иҷро мегардиданд. Тавассути кӯшишу талошҳои ӯ дар хоҷагӣ ва деҳот чанд муассисаи таълимӣ, фарҳангию тандурустӣ бунёд ёфтанд, ки то ҳанӯз ба мардум хизмат мерасонанд. Ҳамин сифатҳои ташкилотчӣ, ташаббускорӣ ва бунёдкории ӯро меҳнаткашон ба инобат гирифта, соли 1967 аз ҳавзаи интихоботии «Баҳор» ба депутатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 7-ум) пешбарӣ ва интихоб намуданд. Ӯ аз соли 1962 депутати ноҳиявӣ буд.

Нуъмон Розиқ дар баробари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба шеърнависӣ низ шуғл меварзид ва аслан барои кӯдакон эҷод менамуд. Маҷмӯаи нахустини  шоир соли 1965  бо номи «Мусичаҳо нодон не» ба табъ расид. Баъдан, китобҳояш «Телефони чумчуқ» (1968), «Гулмоҳӣ» (1968), «Бузғолаи бозингарак» (1974), «Лона» (1977), «Гулбоғ» (1980) ба нашр расидаанд.

Нуъмон Розиқ барои насли калонсол ҳам шеър гуфтааст, ки дар маҷмӯаи «Файзи баҳор» (1977) гирд оварда шудаанд. Ӯ дар жанри ҳаҷв низ қувваозмоӣ намуда, муваффақият пайдо кардааст. Аз мухбирони фаъоли маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» маҳсуб меёфту ба воситаи фелетону мақола, ҳикояву шеърҳои ҳаҷвӣ бар зидди ашхоси меҳнатгурезу қаллоб ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа баромад менамуд. Маҷмӯаи  ашъори ҳаҷвиаш бо номи «Овоза» соли 1980  ба табъ расид, ки чанде аз  онҳо аз тарафи ширинкорони касбӣ ба оҳанг дароварда, сароида шудаанд.

Пас аз вафоти  шоир ду маҷмӯаи ӯ,   яке бо номи «Чилчашма дар Чорчинор» (соли 1989, мураттиб Убайд Раҷаб) ва дигаре ба ифтихори 80-умин солгарди зодрӯзи шоир бо номи «Себистон» (соли 2007, мураттиб Ҳикмати Розиқ)  нашр  гардид. Вай асарҳои шоирони дигар халқу миллатҳо, аз ҷумла  А. Барто, В. Суслов, И. Костарев, К. Стюарт, С. Маршак, С. Ладонщиков, Я. Аким, Р. Ғамзатов ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, манзури хонандагон гардондааст. Дар навбати худ, ашъори ин шоири соҳибзавқу сермаҳсул ба чанд забони халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои «Одуванчик» («Гули қоқу») соли 1975 аз тарафи нашриёти «Маориф», «Друзей у нас много» («Дӯстони мо бисёранд») соли 1981 аз тарафи нашриёти «Детская литература» — и шаҳри Москва ба забони русӣ ва «Ласточки из Памира» («Парастуҳо аз Боми ҷаҳон») бо забони украинӣ дар шаҳри Киев (соли 1983) ба табъ расидаанд. Аз тарафи шоири ӯзбекзабон Шодӣ Саттор ва шоири туркман Тенгриқулов шеърҳои Нуъмон Розиқ ба забонҳои ӯзбекӣ ва туркманӣ тарҷумаю нашр шудаанд.

Нуъмон Розиқ дар ҷамъоварӣ намудани адабиёти халқии бачагона низ кӯшиш ба харҷ дода, китоберо бо номи «Кадуи ғелон» (соли 1978) иборат аз суруду тарона ва тезгӯяку чистонҳо манзури хонандагон гардонидааст. Дар маҷмӯъ, 14 маҷмӯаи ашъори шоир ба таб­ъ расидааст. Силсилаи шеърҳои бачагонаи шоир аз тарафи бастакор Миратулло Атоев ба оҳанг дароварда шудаанд.

Гувоҳи сермаҳсулии шоир боз дар он аст, ки вай ба ҷуз эҷоди асарҳои назмӣ ба навиштани очерку ҳикояҳо аз кору рӯзгори фаъолону заҳматкашон  машғул буд. Чакидаҳои хомааш пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаи маҳаллии «Коммуна», рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият», «Пионери Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал», «Занони Тоҷикистон»  ва ғайра чоп мегардиданд.

- Ман аз падар ифтихор дорам, ки дар байни мардуми одӣ ва аҳли илму адаб соҳиби иззату икром буд. Ба шарофати қиб­лагоҳам шоиру нависандагони машҳур ба хонаамон меомаданд, ки симои онҳо ва ё номашонро одатан бачаҳо дар китобҳои дарсӣ ва ё матбуоту телевизион медиданд ва ё мехонданд. Ман ифтихор мекардам вақте адибони маъруфе ба мисли устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Кароматулло Мирзоев ба деҳаи Симиганҷ, ба хонаи мо меомаданд. Мо онҳоро аз наздик дида, салому алейк мекардем, — ба ёд меорад Ҳикмат Розиқ.

Нуъмон Розиқ дар миёни адибони шаҳри Ваҳдат аввалин нафарест, ки  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  гардидааст. Ӯ соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1974 ба узвияти Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шудааст. Шоир дар тарбияи маънавии шаҳрвандон низ хизмати сазовор доштааст. Бо кӯшишу талошҳои ӯ маҳфилҳои адабӣ ва вохӯрию мулоқоти меҳнаткашон бо адибони шинохтаи кишвар — устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон баргузор мешуданд.

Бовар дорем, ки ҳамқаламону дӯстони шоир ва масъулон чунин маҳфилҳоро минбаъд ба хотираи неки устод низ барпо менамоянд.

 Б. КАРИМЗОДА, 

«Садои мардум»