Китоби нав

Ҷуст бояд рӯзгори васли хеш…

№85 (3879) 10.07.2018

Ҳар касе, к — ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Ҷалолиддини Балхӣ

КИТОБ СВЕТНОЙНавиштани солномаю таърих ва шаҷара аз гузашта барои мардум роиҷ буд ва имрӯз ҳам идома дорад. Бо шарофати  онҳо наслҳои баъдӣ имкон меёбанд, ки ба бисёр паҳлуҳои норавшани таърихи гузаштаи миллат рӯшанӣ андозанд.

Бинобар  таъкиди хирадмандон, бе донистани гузашта, ояндаро наметавон сохт. Бояд ҳар як шахс, қавм, халқу миллат таърихи гузаш­таро донад ва ҳамин чизро ба  фарзандон илқо намояд. Ба фаромӯшӣ бурдани гузашта, ба бетафовутӣ ва бемеҳрию бегонашавӣ, дур шудан аз асл бурда мерасонад, он чӣ дар аксари мамолики Аврупою Ғарб ба мушоҳида мерасад.

Ба ин кор онҳое даст мезананд, ки шавқу завқашон баланд асту имконияту шароити мусоид доранд. Мутаассифона, на ҳама асарҳо дар сатҳи даркорӣ таълиф гардида, ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Дар аксари онҳо бо  дурӯғ, сохтакорӣ,  кӯшишҳои аҳлу авлодро дар мақоми баланд нишон додан ва таҳрифкорӣ ба чашм мерасад. Бархе бо «сайидзода», «эшонзодагӣ» будани гузаштагон фахр карда, асолат, ҳувияти миллиро сарфи назар месозанд. То ҳадде  ки гӯё дигар мардуми авом боқӣ намондаву ҳама аз табори баланд бошанд. Хушбахтона, ҳастанд дар ин миён касоне, ки ҳангоми тартиб додани шаҷара беғаразона ва дар доираи ҳақиқати таърихӣ гузаштаро ба тасвир мекашанд, ки ин боис ба болоравии арзиши китоб ва зиёд гардидани сафи хонандагони он мегардад.

Китоби ба тозагӣ нашршудаи нависанда, муҳаққиқ, рӯзноманигор, барандаи ҷоизаҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва Носири Хисрав Айниддин Гадозода «Аз куҷоию дудмони ту кист? ё ниёиши падар» — ро метавон ба қатори асарҳое, ки муаллифаш фарохтар аз тасвири шахсияту рӯзгори гузаштагон қаламронӣ намудааст, дохил намуд. Ин амал китобро арзишманду хонданбоб гардонидааст. Муаллиф дар баробари маълумот додан дар бораи гузаштаи худ дар Даҳбеди Самарқанд, Сари Хосор, Ховалингу Балҷувон, Ҷорубқул (Ҷарибкӯл), хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз маъхазҳои муътамади таърихӣ дар бораи ҳодисаю воқеаҳои гузашта, шахсиятҳои таърихӣ, амирону подшоҳон, гузаштаи пуршӯру исёни халқи тоҷик, лашкаркашиҳои аҷнабиёни мақдунию муғулу арабу турку рус  ба сарзамин, муборизаи озодихоҳона баҳри ҳифзи истиқлолият, марзу бум, забону таърихи миллат, зулму беадолатиҳо, фисқу фуҷури бодиянишинон ва амсоли он қисса намудааст.

Дар китоб, инчунин дар бораи шахсиятҳои маъруфи динию мазҳабӣ, роҳбарони ҳизбии хоҷагию ноҳияҳо, омӯзгорон ва дигар касоне, ки бо меҳнати садоқатмандона дар ободонии диёр, таълиму тарбияи насли наврас саҳм гирифтаанд, қиссаҳои ҷолиби барои насли наврасу ҷавон ибратангез оварда  шудааст.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»