Рӯзу ҷашнҳои махсуси моҳи март

№24 (3974) 02.03.2019

1Март аввалин моҳи баҳори зебо, эҳёи табиат, оғози гармиҳост ва қариб ҳар рӯзи он рӯзгори моро зебоӣ ва гармӣ мебахшад. Дар он ҷашнҳои зеботарин — Рӯзи Модар (8 март), Рӯзи матбуот (11 март) ва Иди байналмилалии Наврӯз (21-24 март) таҷлил мегарданд.

8 март дар тақвими ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи занон қайд гардидааст, вале моҳ бо Рӯзи умумиҷаҳонии комплиментҳо ё лутфу ширингуфторӣ оғоз меёбад, ки ҳадаф аз он хурсанд намудани пайвандону наздикон аст. 1 март, ҳамчунин рӯзҳои умумиҷаҳонии мудофиаи шаҳрвандӣ, гурбаҳо ва хоб қайд карда мешаванд.

2

3 март якбора 4 ҷашн таҷлил мегардад: рӯзҳои байналмилалии ҳифзи солимии гӯшу шунавоӣ ва телевизиону радиои кӯдак, рӯзҳои умумиҷаҳонии нависанда ва табиати бикр (ёбоӣ). 4 март Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон таҷлил мегардад. 14 март Рӯзи байналмилалии рӯдҳо эълон гардидааст. Ҳадаф аз он ҳифз ва тоза нигоҳ доштани дарёҳост.

Ҷашнҳои дигари муҳими моҳ — рӯзҳои умумиҷаҳонии Замин (20 март), назм ва ҷангал (21 март), об ё захираҳои обӣ (22 март), обуҳавосанҷҳо (23 март) ва театр (27 март) мебошанд. Рӯзи умумиҷаҳонии об ё захираҳои обӣ бо қарори СММ аз соли 1993 қайд карда мешавад. Соли 2018 ташаббуси беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» аҳамияти онро бамаротиб афзуд.

Ҳамчунин, ҷашну рӯзҳои махсусе ҷой дода шудаанд, ки ба аҳамияти баъзе аз соҳаҳои зиндагӣ алоқаманданд. Масалан, Рӯзи байналмилалии рақами «Пи» (9 март) ишора ба аҳамияти бузурги рақамҳо дар зиндагии инсон, Рӯзи байналмилалии санҷоб (15 март) даъват ба ҳифзу худдорӣ аз шикори ҷонваракони хурдсол, Рӯзи умумиҷаҳонии фаъолияти  иҷтимоӣ таъкид ба зарурати чунин фаъолият мебошад.

Чун баҳор ва эҳёи табиат қалбу рӯҳи инсонро эҳсоси шодӣ ва фараҳ мебахшад, дар ниҳоди ҳар шахс орзуву хоҳиши хушбахт будан ба вуҷуд меояд. Аз ин ҷост, ки  20 март Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ номида шудааст. Ҳамчунин, 20 март — Рӯзи байналмилалии «Бидуни гӯшт» қайд карда мешавад. Ташаббускорони он андеша доранд, ки лоақал соле як рӯз бе истеъмоли гӯшт зистан барои саломатӣ муфид аст.

35Баъзе аз ҷашнҳои дигари моҳ касро ба ҳайрат меоранд. Масалан, Рӯзи умумиҷаҳонии ди-ҷейҳо (9 март). Касб ё ҳунари ди-ҷей, ки зодаи замони нав мебошад, асосан барои ҷавонон ҷолиб аст. Куҳансолон ва ашхоси бохабар аз санъати асил ин касбро беш аз нағмаву бозӣ намедонанд. Рӯзи байналмилалии муштарӣ (15 март) ҷашни сохтаи аҳли тиҷорат аст, ки бо ҳар гуна туҳфаву воситаҳои дигар муштариёнро ба мағозаву супермаркетҳо ҷалб карданӣ мешаванд. Сабаби пайдоиши Рӯзи байналмилалии ронандаҳои таксӣ (27 март)  дар дунё паҳн гардидани ин касб аст.

6Ҳар ҷашну рӯзи махсус барои гурӯҳе хушӣ эҳдо менамояд, ки бешубҳа, аз манфиат холӣ нест ва онҳоро барои хонандагон ва ҳамкасбон самимона муборакбод мегӯем. Ҳар рӯзатон саршор аз шодиву фараҳ ва зебоӣ бод!

 

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,  

«Садои мардум»