Агар бо чашми худ намебинем, пас биёед бо чашми дигарон бинем

№122 (4072) 12.10.2019

 Искандари Хатлони(Ёде аз Искандари Хатлонӣ, ҷавонмарде дар шеъру ҷавонмарге дар зиндагӣ, ки агар умр вафо мекард, имрӯз ба синни 65 қадам мегузошт)

Алиризои Қазва, Эрон:

«Искандари Хатлонӣ, ки зиндагиро бармаҳал падруд гуфтааст, ба зумраи он шоироне тааллуқ дорад, ки баъди сари худ шаклҳои шеърии асил мерос мондааст. Ин гуфтаҳоро метавон ба ғазалҳои ӯ нисбат дод, ҳарчанд равияи шоириаш бештар дар «шеъри сафед»-и тамоили нозук ба чашм мерасад. Ғазали «Ҳазор Хуросон»-и ӯ, ки ба китоби таълимии Эрон ворид гардидааст, аз камолоти ғазалҳояш гувоҳӣ медиҳад».

Файз Муродӣ, рӯзноманигори афғон, Москва:

«Ҳар фарди босаводи Афғонистон, ҳар фарди китобхони Афғонистон бо шеъру гуфторҳои Искандари Хатлонӣ ошно аст. Хатлонӣ маҳбуб-ул-қулуби мардуми Афғонистон буд».

Восифи БОХТАРӢ, шоири донишманд ва тавонмарди дунёи сухани форсӣ:

«Шеъри Искандар муждаи ниёкон ба ояндагон аст. Ӯ аз қаъри торихи беш аз 3000 сол ба ояндагон муждаи нур медиҳад. Шеъри ӯро ман вожаномаи торихи ин куҳандиёр, Ориёи бузург медонам. Дар Афғонистон шеъри Искандар шӯру валвалаи зиёдеро ба по кардааст. Шеъри Искандар мавриди таҳқиқи муҳаққиқин ва муваҷҷеҳи зиёди шефтагони шеъри нави порсии дарӣ гардида. Бисёре аз шуарои ҷавон ба ӯ пайравӣ намудаанд. Банда дар мавриди шеъри Искандар ба шогирдон дар маҳофили шеъри дарии тоҷикӣ дар Канада ва Ҳолланд назари хешро борҳо мавриди назарсанҷии аҳли калом қарор додам. Ва чанд шеъри ӯро дар маҷаллаи адабии адибони Хуросони бузург низ ба чоп тавсия намудам».

Тӯраҷи Атобакӣ, устоди Донишгоҳи Утриш, Ҳолланд:

«Шоир, шоири ҷавон, пӯё, хушфикр. Бо алоқа ҳам Меҳани худашро дӯст дорад ва ҳам дунёро барои ҳама мехоҳад. Чунин буд Искандар. Ва мутаассифам, ки дунёи бузург таҳаммули одаме мисли Искандарро надошт. Чаро дар ин дунёи бузург ҷое барои одаме мисли Искандар наметавонад бошад? Ин пурсиши ман аст».

Носири Ориён, рӯзноманигор, аз Олмон:

Рафт он, ки офтоби ҳунарро мадор буд,

Дар рӯзгор нодираи рӯзгор буд.

Рафт он, ки аз Шаҳиду Саноиву Рӯдакӣ

В-аз Мавлавӣ ба мулки сухан ёдгор буд.

Рафт он, ки оҳ аз дили ӯ шӯъла мекашид,

Бар ҷони хастааш, ки зи ғам доғдор буд.

Бисмиллоҳ Рашидӣ, Афғонистон:

«Искандари Хатлонӣ фаро расидани марги бевақташро ҳис мекард. Замоне ки дар минтақаи «Рубиловский Шоссе» зиндагӣ менамуд (соли 1996), ки фасли баҳор ва таровату сарсабзӣ буд ва дар лаби дарё бо ҳам гардиш мекардем, дидам, ки ӯ маъюсона ва парешонҳол ба сӯи сабзазор ва дарё менигарад. Сабаб пурсидам, бисёр амиқ андешиду гуфт:

- Ман акнун бо суруди бузургмарди даврони таърих ва даврони шеъру адаб, яъне Умари Хайёми Нишопурӣ бароят посух мегӯям:

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,

Бе бодаи арғувон намебояд зист.

Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,

То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?

Барояш гуфтам: — Чаро сабзаи хоки ту? Суруди Хайёми бузург ишора ба ҳамаи мавҷудоти табиат мекунад, яъне тамоми мардум дар ин роҳ равон аст, на шахси ту.

- Ман сад дар сад бовар дорам, ки ҷашни панҷоҳсолагиамро пирӯз нахоҳам шуд, ки дар оғӯши дӯстону наздикон, фарҳангиён ва ҳаммеҳанони худ баргузор кунам.

Дубора сурудаи худашро, яъне шеъри «Ҳавои рафтанро дорам»-ро хонд:

Дар шомгоҳе абролуд

Ҳавои рафтан дорам…

Огоҳтарини ёронам нест,

Танҳо меравам…

Гуфтанд:

Сипардан натавонӣ,

Тавони рафтанро

Бояд вом бигирӣ,

Ё бимонӣ,

Ё бимирӣ,

Чорае дигар надорӣ.

Агар хобидаӣ,

В-агар бедор…

Боре

Ман паймон нашкастам,

Раҳонидам,

Раҳо бахшидам,

Рафтаму ворастам.

Он замон Искандари Хатлонӣ 45 сол дошт ва ба ваъда вафо кард: дар 46-солагӣ, 20 сентябри соли 2000-и мелодӣ, баробар ба соли 1379 хуршедӣ ҳаётро падруд гуфт».

Таҳияи А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»