Дар бораи ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур асарҳои зиёд офарида шуда бошанд ҳам, саҳифаҳои норавшан аз зиндагии хеле кӯтоҳ, вале пурбораш зиёданд.
Ӯ соли 1899 дар деҳаи Тишори деҳоти «Поршинев»-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
«Вақте ки модарамон вафот карданд, ману Шириншоҳ хурд будем. Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки рӯзе хонаи мо аз одамон пур шуд. Занҳо гиря мекарданд, мардҳо бо қиёфаи ғамгин хомӯш ва дар изтироб буданд…
Замоне ки падарамон аз дунё гузаштанд, калонтар шуда будем ва он воқеаи мудҳиш дар хотирам сахт нақш бастааст», — омадааст дар хотираҳои бародараш Бобошоҳ.
Бори гарони зиндагии оилаи Шоҳтемурҳо, ки 6 бародару 6 хоҳар буданд, ба зиммаи бародари калонӣ Мамадаслам афтод. Кӯдакиву наврасии Шириншоҳи ятим дар зодгоҳ, паи молбонӣ, ҳезумкашиву алафдаравӣ ва хирманкӯбӣ гузашт. Мамадаслам додарашро пеши муаллими деҳа Шоҳзодаэрон бурд ва ӯ то 12-солагӣ таҳсил кард.
Соли 1911 бо ҳидояти яке аз шахсони бомаърифати деҳа Саидмаъсум, ки дар отряди сарҳадбонони Россия ба сифати тарҷумон кор мекард, Шириншоҳ барои таҳсил ба мактаби русӣ — маҳаллии ин отряд дохил мешавад. Пас аз хатми мактаб, соли 1915, дар хизмати штабс-капитани отряди сарҳадбонони Хоруғ Дмитрий Сергеевич Топорнин мемонад. Моҳи майи ҳамон сол ҳамроҳаш ба Тошканд меравад ва дар корхонаи Иванов ба кор медарояд. Пас аз ба фронт фиристодани Топорнин ӯ чун коргари ДЕПО ва баъдан, кондуктори трамвайи Тошканд, бағочдеҳи поезди боркашони артели Матвеев кор мекунад.
Моҳи сентябри соли 1917 ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шуд, вале бо оғози Инқилоби Октябр он баста мешавад. Аз ин рӯ, то соли 1921 дар семинарияи муаллимтайёркунӣ таҳсил менамояд. Сипас, дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии Тошканд ба кор медарояд. Он замон ӯ узви гурӯҳи коргарони инқилобӣ мегардад ва соли 1921 узви Ҳизби коммунисти (болшевикони) Россия мешавад.
Моҳи майи ҳамон сол, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон, Шириншоҳ Шоҳтемур бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Туркистон дар ҳайати 500 нафар «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст.
Баъди чанде ӯро ба КИМ- и Туркистон даъват намуда, дар ҳайати Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ — сиёсӣ барои барпо намудани Ҳокимияти шӯроҳо ҳамроҳи Таричан Дяков ва Ҳаққул Ҳусейнбоев ба Помир мефиристанд. То охири соли 1922 дар Помир кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад. Баъд бозпас хондани Т. М. Дяков ба Тошканд Шириншоҳро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд.
Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир Шириншоҳ Шоҳтемур дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ, тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ, мубориза бо нашъамандӣ шурӯъ намуд.
Соли 1923 Шириншоҳ ба КИМ — и Туркистон даъват мешавад ва узви котиботи Совети Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Мухтори Туркистон интихоб мегардад. Дар асоси дархосту талаби ӯ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва фарҳангии сокинони Помир, 15 августи соли 1923 Раёсати КИМ- и Туркистон дар бораи ба «Вилояти Помир» табдил додан қарор қабул менамояд. 30 июли соли 1924, баъд аз баррасии масъалаи «Вазъият дар Помир», бо дархосту пешниҳоди қаҳрамони мақола дар назди Кумитаи инқилобии вилояти Помир мақомоти корӣ, аз қабили котибот, шуъбаи маъмурӣ, маорифи халқ, молия, замину об, идораи сиёсии давлатӣ (ИСД- ГПУ) ташкил ва 100 воҳиди корӣ ҷудо мегардад.
Дар қарори мазкур фаъолияти Сегонаи ҳарбӣ — сиёсӣ дар Помир ҷамъбаст ва ба он баҳои мусбат дода, роҳбарияту аъзои он бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд.
Бо дарназардошти хизмат, донишу малакаи корӣ Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват ва инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин мешавад. Он ҷо марҳилаи нави фаъолияти ӯ оғоз меёбад.
Он замон мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон — Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ намудани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ кори зиёди ташкиливу фаҳмондадиҳиро анҷом медоданд. Шириншоҳ зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд, дар бораи мавҷудияти халқи тоҷик дар Туркистон ҳатто ишорае ҳам пайдо накард. Дарк намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва Давлати Шӯравӣ мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданианд.
Чунин муносибат нисбат ба тақдири халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемурро мисли дигар равшанфикрон ором гузошта наметавонист. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеона талаб кард.
Далели ин гуфта «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ — иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Солҳои 1925 — 1926 Шириншоҳ Шоҳтемур корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ-болшевикии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии Кӯлоб буд.
Солҳои 1926 — 1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Совети Комиссарони Халқии Ӯзбекистон таъин гардид. Дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ (КУТВ) ба номи И. В. Сталин дар Москва таҳсил дошт. Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби масъул ё котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравӣ — Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1930) котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид.
Он сол ӯ бо Александра Киселёва, ки аввали солҳои сиёюм барои таҷрибаомӯзӣ ва кор ба Тоҷикистон омада буд, хонадор мешавад. Онҳо соҳиби ду писар — Шириншоҳ ва Рустам мегарданд.
Соли 1932 барои такмили дониш ба Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват мешавад ва то соли 1937 вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон, ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравиро иҷро мекунад.
Мавсуф вакили анҷуманҳои XVI ва XVII Ҳизби коммунистии (болшевикони) умумииттифоқ ва иҷлосияҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Барои хизмат дар таҳкими давлати шӯроҳо Ш. Шоҳтемур соли 1930 бо медали «Барои мубориза бо босмачигарӣ», соли 1935 яке аз аввалинҳо шуда, бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида мешавад.
Аз нимаи солҳои 30 — юм бо сабаби ба сари дастгоҳҳои қудратии давлати шӯравӣ ашхоси иғвогар, ҳасуду фитнаангез боиси таъқибу ҷазодиҳии кормандони болаёқат ва бовиҷдони ҳизбиву давлатӣ мегардад. Авҷи ҷазодиҳии оммавии сиёсӣ зери пардаи мубориза бар зидди «душманони халқ», «ҷосусон», «миллатчиёни буржуазӣ», «агентураи душманон», «элементҳои аксулинқилобӣ» ба солҳои 1933-1937 рост омад. Соли 1933 фарзандони вафодор ва дилсӯзи миллати тоҷик Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи раиси КИМ- и РСС Тоҷикистон ва раиси Шӯрои нозирони Халқии Тоҷикистон барканор ва баъди чанд сол ҳабс шуданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ба ин беадолатӣ муросо накарда, соли 1937 дар ҷаласаи Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин амалро зери танқид гирифт. Баромадаш боис шуд, ки ӯро низ 9 июли 1937, дар асоси туҳмат бо ҷурми «миллатчии буржуазӣ» ва «агентура душман» будан, ба ҳабс гирифтанд. Баъдан, 21 октябри 1937, аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии Шӯравӣ ҳукми қатл гирифт ва ин ҳукм 27 октябри ҳамон сол иҷро шуд.
Ҳукми бегуноҳии ӯ баъд аз 19 сол — 11 августи соли 1956, бо қарори Коллегияи Суди Олии Шӯравӣ бароварда шуд.
Оромгоҳаш дар қабристони бародарии Дони Москва воқеъ аст.
Бо дарназардошти саҳмаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Барои абадӣ гардондани номи неку кори шоистааш яке аз хиёбонҳои зебои шаҳри Душанбе ва Хоруғ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби зодгоҳаш номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтаанд.
Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳақ ба ҳақдор расид.
Хуш, ки ҳақ будани ту содир шуд,
Туҳмат андар ҳақи ту охир шуд.
Чун Сиёвуш зи оташ ҷастӣ,
Бегуноҳ будани ту зоҳир шуд.
Ш. АФЗАЛШОЕВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон