Маҳфили эҷодие, ки чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нависандаи тоҷик Зариф Ғулом доир шуд, устодони назму наср ва ихлосмандони адабиётро ба ҳам овард. Аҳли нишаст ба роҳи тайкарда ва кулвори эҷодии нависанда назар карда, заҳматҳои ӯро босамар, асарҳои офаридаашро дар рушди адабиёт муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Зариф Ғулом нависандае мебошад, ки гармию сардиҳои зиёдро дидаю санҷида, инсонҳоро омӯхта, бо андешаи фароху нигоҳи тоза ба арсаи насри тоҷик қадам гузоштааст. Инак, наздики 60 сол мешавад, ки дар ин майдон бурдборона заҳмат мекашад. Барои мо — хонандагон асар менависад, қаҳрамонҳои дилнишин меофарад.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, ки маҳфилро бо сухани шодбошӣ оғоз бахшид, гуфт, дар адабиёти муосири мо ду жанре мавҷуд аст, ки хеле кам инкишоф ёфтаю адибони мо камтар ба онҳо машғул мешаванд. Яке ҳаҷв, дигаре жанри детектив ё моҷаро мебошад. Дар ҷаҳон асарҳое, ки аз ҳама бештар хонанда доранд, асарҳои детективӣ маҳсуб меёбанд, аммо, мутаассифона, дар кишвари мо ҳамагӣ чанд нафаре дар ин жанр асар эҷод менамоянд, ки Зариф Ғулом яке аз онҳо мебошад.
Тавре зимни ҳамоиш таъкид шуд, муаллифони чунин асарҳои адабӣ бештар кормандони ботаҷрибаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва ё собиқадорони хизмат дар ин соҳа мебошанд, зеро бе донишу малакаи кор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва бе огоҳӣ аз нозукиҳои кори тафтишоту ҷустуҷӯӣ дар ин жанр чизи ҷолиби диққат офаридан хеле мушкил аст.
- Ӯ, ки солҳои зиёд дар мақомоти судӣ ва дастгоҳи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ кор кардааст, аз ин ҳама огоҳӣ дошта, асарҳояшро моҳирона ва шавқовар навиштааст, — афзуд Равшан Махсумзод.
Ҳикояҳои «Бедарак», «Капитани зебо», «Судяи ҷавон», «Котиби ҷамоат», «Чалаи гадо», «Шоҳиди асосӣ», «Хатои судӣ», «Ҳунарманди қаллоб»-и нависанда таҷрибаи кори муфаттишон ва ходимони раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳодисаю воқеаҳои моҷароии шавқангезро дар бар гирифтаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо хидматҳои Зариф Ғуломро барои адабиёти тоҷик мондагор арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки солҳост бо қаламу коғаз аст. Барои адабиёт асарҳои муассир навишта, ном пайдо кардааст, ки мондагор мебошанд. Имрӯз беш аз 20 китоби ӯ аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудааст.
Дар хусуси осори моҷароии Зариф Ғулом, ҳамчунин, зикр шуд, ки нақди адабии мо ба ин ҷанба низ таъкид бояд кунад, ки агар дар детектив дар мақоми нахуст раванди кушодашавии як ҷиноят, дарёфтани риштаҳое, ки ба кушодани гиреҳҳои ҷиноят мебарад, муҳим бошад, дар осори моҷароии Зариф Ғулом ин ҷанба ба зинаи дуюм меравад. Муҳим шинохтани қаҳрамон, кушодани ҷаҳони ботинии ӯ ва дардҳою ормонҳо мебошад, ки аз ин нигоҳ офаридаҳои муаллиф миёни осори моҷароие, ки дар мо навишта шудаанд, бартарият дорад.
Нависанда Баҳманёр Муродӣ аз хисоли ҳамидаи устод ду ҷанба: яке ҳамеша дар ҷустуҷӯю такопӯ, дигаре маслиҳатпазир, нақдпазир буданро ёдовар шуд. «Устод ҳар маслиҳатеро, ки на танҳо аз ҷониби устодони наср ва мунаққидон ба эшон ироа мегардад, ҳатто маслиҳати хонандагону шогирдонашро низ мепазирад ва борҳо аз рӯи асараш кор мекунад. Натиҷаи ҳамин аст, ки осори устод барои ғановати насри даврони истиқлоли мо хидмати босазо арзёбӣ мешавад»,- илова намуд ӯ.
Зариф Ғулом дар мавриди таърихи гузаштаи мо низ чанд роман навиштааст, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шудаанд. На танҳо барои адабиёт, балки барои матбуоти тоҷик хидмати арзанда кардааст. Хидматҳояш дар рушди матбуоти тоҷик бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр шудаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»