Паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъалаи доғест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Мутаассифона, он ба ҷумҳурии мо низ роҳ ёфта, ҷони садҳо нафар аз ҳамватанонро ба хатар гузоштааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд, бо истифода аз арзишҳои муқаддаси эътирофгардида ва дигар суннату анъанаҳои писандидаи гузаштагон, барои ҳар чӣ зудтар ёфтани роҳҳои наҷоти инсоният аз коронавирус, ки дари кишварҳои зиёдро ба рӯи ҳам баста, иртиботи заминиву ҳавоиро барои муддати номуайян қатъ кард ва сабаби фоҷиаҳои инсонӣ шуда, даҳҳо ҳазор нафарро дар сайёра ба ком фурӯ кашид, саҳми арзанда гузоранд.
Маҳз дар ин давраи барои кишвари биҳиштосоямон ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар Паёми табрикотиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд карданд, ки ба хиради азалии мардум ва таҳаммулпазирии онҳо бовар доранд ва бо иродаи қавию далерона дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат тамоми тадбирро андешида истодаанд ва бо истифода аз эътиқод ба арзишҳои муқаддас ва баъдан ба сафҳаҳои дурахшони қаҳрамонию диловарии гузаштагон ҳар чӣ бештар такя намуда, исбот менамоянд, ки роҳи интихобкардаи мо дар ҳама гуна масири ватансозиву ватандорӣ дуруст ва бомуваффақият мебошад.
Роҳбари давлат боз ҳам бо суханҳои гуҳарбор ёдовар шуданд, ки дастоварди беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, солимии миллат ба ҳисоб меравад.
Таърихи пурифтихори башарият баёнгари он аст, ки солимии миллат рукни бисёр ҳам пуриқтидори рушду тараққии давлат аст ва дилхоҳ давлати дунё дар сояи миллати солим қомат меафрозад ва нумӯ мекунад. Албатта, ин комёбиҳои беназир, пеш аз ҳама, бо шарофати ғалабаи ақаллияти комил, зафари хайр ба шарр, баҳамойӣ ва муттаҳидии халқияту миллатҳои муқими Тоҷикистон, решакан ва берун намудани кинаву адоват аз қалби одамон ва аз ҳама муҳим, сарҷамъ гардидан дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд. Аз ин рӯ, замони он расидааст, ки вазъи давлатҳои ноорому носубот ва инқилобҳои бемантиқи кишварҳои гуногуни олам, раванди бартариҷӯӣ, низоъҳои қавмӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва пайдоиши нишонаҳои марҳалаҳои нав бояд ба ҳар яке аз хурду бузурги кишвар дарси ибрат гардад.
Бинобар ин, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа алҳол дар зеҳну шуури наслҳои наврас, алалхусус, фарзандон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳидоят ба роҳи рост, одобу ахлоқи ҳамида ва азму талош ба омӯзиши илму дастовардҳои техника ва технологияҳои муосир ва бо итминону эътимоди комил неруву ғайратро баҳри ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона кардан мебошад.
Хотирнишон бояд намуд, ки ҳар як халқияту миллат дар таърих вобаста ба шароити ҷуғрофию таърихӣ, тамаддуни башарӣ ва расму оин мақому манзалати хос дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки дар чунин шароити бисёр ҳассос, новобаста аз синну сол, касбу ҳунар, мансаб, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк бо истифода аз эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ашъори бузургтарин классикону шоирон дар бораи ҳифз ва таъмини сулҳу суботи Ватан саҳми шаҳрвандиро дареғ надорем.
Миллате, ки дорои тамаддуни ҷаҳонӣ ва соҳиби ҳазорҳо шоиру нависанда бошад, чаро Ватан ва асолати миллиро ҳифз карда натавонад. Аз ин рӯ, роҳи пойдории сохти конститутсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ягонагии миллату халқиятҳои маскуни кишвар, муттаҳидӣ ва ҳалли масъалаҳои рушду шукуфоӣ, пеш аз ҳама, аз мову шумо — ҳамватанони азиз вобаста мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки инсон махлуқест, ки беш аз ҳар мавҷуди дигар хоҳиш ба ниёзҳои зиёди зиндагонӣ дорад, дар ҳоле ки хоҳишҳои воқеии ҳар як инсони соҳибхирад, бояд, пеш аз ҳама, тинҷию оромии Ватан бошад.
Аммо қисмате аз шаҳрвандони кишвар чӣ дар дохил ва чӣ берун аз хориҷи кишвар, такя ба ниёзҳои нозарур намуда, эҳсоси сулҳу субот, ҳамраъйиву ҳаммаромиро дарк намекунанд ва ба қадру манзалат, фаровонии неъмату сафо, хуррамиву пурбаракатии Тоҷикистони офтобрӯя намерасанд. Сарчашмаи ин гуна ниёзҳои инсонҳои каммаърифату ҳавасхоҳ, бешубҳа, аз беэътиноию беназоратии волидайн ва устодони мактабҳои таълимӣ нисбат ба фарзандон, оилаи носолим, беодобу тундзабон ба воя расидан дар оила ва ҷомеа мебошад.
Сойиби Табрезӣ барҳақ фармудааст:
Хишти аввал чун гузорад бар замин меъмор каҷ,
Гар расонад бар фалак, бошад ҳамон девор каҷ.
Рост шин, Сойиб, нахоҳӣ каҷ агар осори хеш,
Соя афтад бар замин каҷ, гар бувад девор каҷ.
Мутаассифона, баъзан шоҳиди ақидаю фикрҳои қисмате аз шаҳрвандон мегардем, ки сабабҳои ақибмонӣ ё рушд накардани иқтисодии оила, муҳоҷирати меҳнатӣ, сабз нагардидани таманниёту орзуҳои инсонӣ, тафаккури маҳдуд, таълимоти ҷоҳилона, боз нагардидани дари бахту саодат ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бахусус ҷавононро, ба дӯши Ҳукумати кишвар бор мекунанд. Ҳол он ки таҷрибаи дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин раванд ё тамоюли муҳоҷират тӯли солҳо дар ҳама кишвари мутараққии дунё вуҷуд дошт ва идома дорад. Ҳарчанд вобастагии ин, пеш аз ҳама, ба нерую қобилият, қавӣ будани эътиқоди мазҳабии ин тоифа ва ҳам эҳтироми онҳо ба арзишҳои суннатӣ вобаста мебошад, то ин ки онҳоро аз роҳҳои бад нигоҳ дорад.
Воқеан, пӯшида нест, ки вақте ҳар яке аз мову шумо берун аз кишвар сафар мекунем, хоҳ — нохоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё кӯчаю бозор, фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз паҳлуи мардум гузар карда, шоҳиди дағалмуомилагию муносибати дурушти баъзе аз шаҳрвандони кишвар мегардем. Дар ин маврид кас ангушти ҳайрат мегазад, ки ба миллати соҳибтамаддуни мо чӣ шуда бошад? Куҷо шуд он ҳама ахлоқу одоби ҳамидаи шарқиёна? Инчунин, баъзан шоҳиди он мегардем, ки шаҳрвандон, новобаста аз ҷинс ва синну сол, дар ҳузури калонсолон, занону модарон, дохили хатсайрҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба атрофиён эътиборе надода, бо лаҳни дурушт якдигарро таҳқиру дашном дода, бо алфози қабеҳ «суҳбат» мекунанд ва бо овози гӯшхарошу баланд садои мусиқӣ мешунаванд, ки кас аз ин рафтору одоби ғайриахлоқонаи инсонӣ ё чунин муносибат шарм медорад.
Новобаста ба суръати умумии демографию иҷтимоӣ, Давлату Ҳукумати кишвар талош ва тадбирҳо андешида истодаанд, ки барои шаҳрвандон дар мамлакат имконият ва шароитҳои арзандаи кориро муҳайё созанд. Ҳамчунин, ҷиҳати дастгириву шароити мусоиди зиндагии арзанда, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва муҳайё сохтани заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон пайваста чораҷӯӣ карда мешавад.
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки хурду бузурги миллат, сарфи назар аз он ки берун аз Ватан ҳам бошанд, аз иллатҷӯию суханҳои зишт нисбат ба диёр ва ҳамватанон даст кашида, пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошем ва дастаҷамъона аз як гиребон сар бароварда, барои бовариро дар зеҳнҳо парваридану пазируфтан ва ниҳоят, дар фароҳам овардани фазои мусоид барои якдигар ва сатҳи зарурии зиндагонӣ саҳми арзанда гузорем, то ки бегонагон муштоқи миллату диёру меҳани зебои мо гарданд.
Одамон дигар бас аст ҷангу ҷидол, эҳсон кунед,
Ҳар дили озурдаро лутфан баҳористон кунед.
Кинаҷӯву бад набошед, ошиқи некӣ шавед,
Дар ҳама аҳволи ҳастӣ дӯстро пурсон шавед.
Музаффар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон