Ҳар ҷо, ки қадам монӣ, он гӯша шавад обод,
Хокаш ҳама зар гардад, хору хаси он шамшод.
Ҳар ҷо, ки қадам монӣ, хуршеди фараҳ тобад,
Бемор даво ёбад, маҳбус шавад озод.
Рафт аз пайи ту миллат, шуд сулҳу сипас ваҳдат,
Ин гуна хирадмандӣ таърих надорад ёд.
Барҳам задӣ садҳо доғ, кардӣ ҳама ҷоро боғ,
Ин ранҷ гузашт аз сар, ин шаҳд ҳалолат бод.
Гумном шавад зулмот аз равшании Роғун,
Бунёдгарӣ бошад мақсуди ту дар бунёд.
Фарёдраси даврӣ, як додраси даврӣ,
Дасти ҳамаро гирӣ, созӣ ба ҳама имдод.
Эй роҳбари дилсӯз, мо васфи туро имрӯз
Хонем зи сад девон, хонем зи сад эҷод.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон