94 сол бо мардум

№50 (4790) 22.04.2024

10-уми апрели соли равон аз таъсис ёфтани радиои «Тоҷикистон» 94 сол пур шуд. Ба ин муносибат ва ба хотири гиромидошти устодони каломи бадеъ, ровиёни дараҷаи олии радио, кормандони хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон Субҳон Раҳматов ва Бурҳон Раҳмонов бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хонаи радио ҷамъомади илмӣ — фарҳангӣ доир гашт.

Зикр шуд, ки 10-уми апрели соли 1930 дар таърихи журналистикаи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бори нахуст ҳамон рӯз садои радиои ватанӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз гардид. Тадриҷан радиои «Тоҷикистон» ба расонаи муҳими зиндагӣ табдил ёфт. Он дар худ ҳазорҳо гуфтору барномаҳо, қиссаву достон, тақдири инсонҳои шарифу худогоҳ ва савту навои рӯҳнавозро ғунҷонидааст.

Ҳозирин дар таҳияи барномаҳои ҷолиб ва рушди радиои «Тоҷикистон», тарбияи наттоқони ҷавон хидмати устодони соҳа Субҳон Раҳматов ва Бурҳон Раҳмоновро мондагор арзёбӣ намуданд. Ин устодон ба нутқи ҳамкорону шогирдон, услуби гӯиш ва тарзи қироати онҳо диққати махсус медоданд. Ифоданок, бо задаҳои мантиқӣ, равшан, бурро ва нишонрас талаффуз кардани ибораҳоро меомӯзониданд.

Раиси кумита Нуриддин Саид саҳми радиоро дар таъмини сулҳ, худшиносию худогоҳии мардум муҳим ва хизмати радиои «Тоҷикистон»-ро барои эмин нигоҳ доштани мардуми тоҷик дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ арзанда шумурд. «Он замон радио барои мардуми тоҷик хизмати барҷаста анҷом дод. Барномаи «Хоки Ватан» боиси аз ғурбат ба Ватан баргаштани садҳо гурезаҳои иҷбории тоҷик шуд», — афзуд ӯ.

Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, иброз дошт, ки аввалин паёми соҳибистиқлолиро низ кормандони радио ба мардум расонданд: «Нахус­тин муроҷиати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷло­сияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардумро ба бунёдкорӣ, ободии кишвар ва муттаҳид гардидан роҳнамоӣ мекард, маҳз тавассути радио ба мардум расонида шуд. Солҳои соҳибистиқлолии кишвар кормандони радио тавонистанд мардумро ҳам ба бунёдкорӣ раҳнамоӣ кунанд, ҳам дастовардҳои замони навро тарғибу ташвиқ».

Ҳоло ин расонаи муҳим дар баробари хабару гузоришҳо маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Маснавихонӣ», «Озодазодагон», «Фарзонафарзандони ориёӣ», силсилаи хонишҳои адабӣ аз рӯи асарҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Ёддошт­ҳо»-и Садриддин Айнӣ, инчунин, ашъори ватандӯстонаи шоирон, нависандагону олимонро ба сомеъон мерасонад.

Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин, як қатор кормандони радио, устодони соҳаи журналис­тика ва онҳое, ки пайваста бо радио ҳамкорӣ менамоянд, бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», сипос­номаву ифтихорномаи кумита сарфароз шуданд.

 Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»