Ҳар сол 15 май Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар толори «Саъдӣ»-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ- адабӣ баргузор шуд.
Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар бораи шукӯҳи забони форсӣ, чунин гуфт:
- Забони форсӣ (порсӣ) забони Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлавӣ, Низомӣ ва дигар шоирони номвар буда, барои мо мисли модар муқаддас аст. Ҳамин забони форсӣ буд, ки дар қарнҳои нахусти зуҳури ислом сабабгори ҳифзи асолати фарҳангии Эронзамин дар бистари тамаддунсози ислом шуд.
ӯ таъкид намуд, ки насли ҳозираи тоҷику эронӣ осори Рӯдакию Фирдавсӣ ва дигар шоирони форсигӯйро, ки ҳазор сол қабл навишта шудаанд, ба осонӣ мехонанду мефаҳманд ва ин аз бузургии забони форсӣ гувоҳӣ медиҳад. Забонҳои дигар ин тавр нестанд. Масалан, насли имрӯзаи Англия забони Вилям Шекспирро бе шарҳу тафсир намефаҳмад.
- Мо эрониёну тоҷикон, ҳақ дорем ифтихор кунем, ки «Шоҳнома» дорем бо 60 ҳазор байт ва боқимонда аз ҳазор сол пеш, ки метавонем онро ҳама ҷо ва назди ҳама форсизабонон бихонему бифаҳмем ва аз он лаззат барем, — гуфт Муҳаммадтақӣ Собирӣ.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар таваҷҷуҳ ба забони форсии тоҷикӣ зиёд шуд. Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забону адабиёт, адибон, олимону аҳли ҳунар, инчунин комилан ба забони форсӣ — тоҷикӣ гузаштани умури давлатдорӣ, муросилот ва ҳуҷҷатнигорӣ далели ин гуфтаҳост.
- Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҷашни ҳазорсолагии Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил ва чорабиниҳои зиёди илмӣ — адабии муштарак баргузор гардиданд. Бо ташаббуси як гурӯҳ адибони тоҷик «Шоҳнома» дар 240 гуфтор рӯи навор оварда шуд, ки ҳар гуфтор 45 дақиқа буда, дар «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Тавассути радио садо додани он на танҳо далели пос доштани «Шоҳнома», балки воситаи таҳкими ҳисси ватандорию миллатдӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати мост, — афзуд Низом Қосим.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Бекдилӣ дар бобати риояи ҳуқуқи ҳамсоядорӣ аз нигоҳи Фирдавсӣ ва зарурати густариши робитаҳои фарҳангию иқтисодии ҳар ду кишвари ҳамзабон чунин таъкид кард:
- Мо мисли ду бародар ҳастем, ки дар як хона зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ, ба гуфтугӯ ниёз дорем. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз забони Баҳроми Гӯр ба зарурати ҳамсоядории нек тавсия дода, мегӯяд:
Маҷӯед озори ҳамсоягон,
Ҳама он бузургону пурмоягон.
Дар маҳфил, инчунин адибони маъруфи тоҷик Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Доро Наҷот ва Рустами Ваҳҳоб дар бораи пажӯҳиши «Шоҳнома» дар Тоҷикистон ва шеърҳои ба ин ҳамосаи бузург бахшидаи шоирони тоҷик сухан карданд.
Олими шинохтаи эронӣ доктор Алиризои Қазва, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик дар ҳавзаи забони форсӣ нақши бузург дорад, китобҳои ба тозагӣ дар Эрон нашршудаи Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Гулрухсор ва Рустами Аҷамиро ба иштирокчиёни маҳфил муаррифӣ намуд.
Филмбардори силсилафилмҳои достонҳои «Шоҳнома» Заур Дахте дар бораи чӣ гуна сабт гардидани филмҳои дар замони шӯравӣ аз рӯи ин шоҳасар таҳияшуда ба ҳозирин ҳикоя кард.
Ҳунарпешагони маҳбуби тоҷик Марям Исоева, Қурбони Собир ва Тӯрахон Аҳмадхонов лаҳзае аз нақшҳои дар намоишномаҳои аз рӯи достонҳои «Шоҳнома» таҳияшударо пешкаши ҳозирин гардониданд.
Ровии хушбаён Ортиқи Қодир ашъори дар васфи хираду некукорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ахлоқи ҳамида бахшидаи Фирдавсиро қироат карда, табъи ҳозиринро шод гардонид.
Клипҳои омодакардаи ҳунарпешагони эронӣ («Аз хуни Сиёвушем» ва «Дили тоҷику эронӣ»), инчунин таронаҳои аз достонҳои «Шоҳнома» сурудаи сарояндаи хушовоз Давлат Назрӣ зинатбахши маҳфили фарҳангӣ гардид.
Воқеан, Абулқосим Фирдавсӣ дар натиҷаи заҳмати сисолааш кохи бузург аз назм бунёд кард, ки асрҳо пойдор асту оянда низ устувор хоҳад монд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»