Душман агар дод адолат ба бод,
Урдуи мо урдуи адл асту дод.
С. Айнӣ
Олмони фашистӣ 22-юми июни соли 1941 аҳдшиканона ба кишвари мо ҳуҷум кард. Мардуми мо аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба мудофиаи Ватан бархостанд ва зери шиори «Кори мо ҳақ аст, душман торумор карда мешавад. Ғалаба бо мост!» ба фаъолият пардохтанд. Халқи шуравӣ, чӣ дар фронт ва чӣ ақибгоҳ қаҳрамонию далерию меҳнатдӯстӣ нишон медоданд. Ҳамин буд, ки аз ин имтиҳони сахт сарбаландона ва бошарафона гузашта, пирӯзӣ ба даст оварданд. Тоҷикон низ мисли халқҳои дигари шӯравӣ дар торумор намудани фашистон ҳисса гузошта, садоқат ва муҳаббати худро нисбат ба Ватан нишон доданд. 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардида, 13997 нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар ақибгоҳ низ барои фронт ва ғалаба меҳнат мекарданд, барои сарбозон хӯрокворӣ ва либос мефиристоданд.
Ин муддат адибони тоҷик, дар фронт ва ақибгоҳ, ҳам бо яроқ ва ҳам бо қалам мубориза бурданд, корнамоиҳои фарзандони далери тоҷикро дар осорашон ситоиш менамуданд. Мавзӯи мудофиаи Ватан дар ин давра калидӣ маҳсуб мешуд. Адибон тавассути қалам ва эҷоди асарҳои баландғоя ҷанговаронро ба корнамоӣ, ҷоннисорӣ даъват менамуданд ва дар тарғиби рӯҳияи ватандӯстии халқи шӯравӣ саҳми шоиста мегузоштанд. Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушакур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим дар ҷабҳа зидди фашистон меҷангиданд. Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим, Абдушакур Пирмуҳаммадзода ва Ҳабиб Юсуфӣ қаҳрамонона дар ҷанг ҳалок гардиданд.
Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама, назм инкишоф ёфт. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири қаҳрамонии ҷанговарон пардохта, азму иродаи қавии онҳоро баҳри ғалаба дар осорашон нишон медоданд. Устод Айнӣ аз ҳамин гуна адибон буд. Дар шеърҳояш қаҳрамонию диловарии халқи шӯравиро васф менамуд ва ба ин восита дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстонаи ҷанговарон саҳм мегирифт. Хусусан, шеъри «Марши интиқом»-и ӯ, ки бо эҳсоси баланд иншо шудааст, ҷолиби диққат мебошад, зеро он дар қалби хонанда нисбат ба душман нафрат меафрӯхт. Ин шеър моҳи ноябри соли 1941 иншо шуда буд ва дере нагузашта ба яке аз сурудҳои ба интиқом даъваткунанда табдил гардид:
Эй ҷаҳони башар! Хез, якҷоя хез!
Теғ бар даст гир! Бо матонат ситез!
Хуни ин ваҳшиён беамонона рез,
Зарба зан, то шавад ҷисмашон рез-рез!
Эй ҷаҳони башар! Эй гурӯҳи аном!
Аз фашистони шар интиқом! Интиқом!
Дар деҳу шаҳрҳо рафт кушторҳо,
Канда шуд гӯрҳо, баста шуд дорҳо.
Кушта шуд ҷумла, то пиру беморҳо,
Хуни инсон равон шуд чу ҷӯйборҳо.
Ҳеҷ ваҳшӣ накард инчунин корҳо,
Хукҳо, хирсҳо, гургҳо, морҳо.
Эй ҷаҳони башар! Эй гурӯҳи аном!
Аз фашистони шарр интиқом! Интиқом!..
Воқеан, дар бораи фаъолияти хастанопазири илмиву адабии устод Айнӣ, бахусус дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шеъри «Марши интиқом»-и ӯ Абдусалом Деҳотӣ дар мақолаи «Садриддин Айнӣ» чунин менависад: «Асарҳои илмӣ-тадқиқотии Айнӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва Восифӣ дар соҳаи адабиётшиносии мо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Аз қалами ӯ танҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз як қатор шеър ва очеркҳо, «Исёни Муқаннаъ», «Темурмалик» барин ду асари адабӣ-таърихии муҳим ба вуҷуд омаданд. Хеле характернок аст, ки Айнии куҳансол дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ боз як бори дигар (чун дар соли 1918) бо «Суруди интиқом» ба майдон баромада, инсониятро ба нобуд кардани душмани ашадӣ-фашистони одамхӯр даъват намуд.
Эй ҷаҳони башар!
Эй гурӯҳи аном!
Аз фашистони шар
интиқом! Интиқом!
Аммо «Дар айни замон Садриддин Айнӣ таҷрибаи эҷодиеро, ки солҳои аввали баъдиинқилобӣ дар масъалаи офариниши суруд ва маршҳо аз бар карда буд, дар давраи нави таърихӣ давом ва инкишоф медиҳад ва ба ҳамин анъанаи офариниши суруду маршро ба дараҷаи баландтар мебардорад. Дурустии ин фикрро марш-суруди дигари Айнӣ «Суруди Зафар» (сентябри соли 1943) низ тасдиқ мекунад. «Суруди Зафар» дар асоси қонуни маршҳои анъанавии Айнӣ эҷод шуда, дар шакли жанрии мусаммати мураббаи тарҷеъбанд эҷод шудааст. Байти василаи нақарот на танҳо вазифаи суруди оммавиро адо мекунад, балки қуввату қудрати баланди сафарбаркунӣ ҳам дорад, чӣ тавре ки ҳамин гуна вазифаи идеявӣ-тематикӣ ва эмотсионалӣ-сафарбаркуниро нақароти «Марши интиқом» адо мекунад:
Эй ҷаҳони башар! Эй гурӯҳи аном!
Аз фашистони шар интиқом! Интиқом!
Ҳар ду суруд-марш («Марши интиқом» ва «Суруди Зафар») бо нақарот-байти сафарбаркунӣ оғоз ёфта, ҳар бандашон аз чор мисраъ (дар «Марши интиқом» яке аз бандҳо дар натиҷаи туғёни фикру андеша аз 6 мисраъ) иборат мебошанд ва ба таври аааа, бббб, вввв.. қофия доранд, ки ин таври қофиясозӣ ба рабту низоми дақиқ ва оҳангнокию сурудани шеър ва маршвор тараннум кардани он алоқаманд мебошад. Дар «Суруди Зафар» Айнӣ менависад:
Меравад пеш, пеш, пеш-
Лашкари Сурхи мо дар раҳи хеш!
Лашкари Сурхи мо қаҳрамон аст,
Дар набарди адӯ беамон аст,
Фатҳу фирӯзаш бегумон аст,
Гӯиё лови оташфишон аст…».
Устод Айнӣ шеърҳои «Мо зи Гитлер ниқори башарият гирем», «Қаҳрамон Ленинград», «Тазмин», «Суруди Зафар», «Полвон», «Ман аз дидорат, эй ёри азизам, шод мегардам», «Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст» (ин шеър дар очерки адабии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дохил шудааст), «Тоҷикистон», «Қасидаи ҷанг ва зафар»-ро дар солҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сурудааст.
Онҳо ҷанбаи қавии ватандӯстона доранд ва бо маҳорати баланд иншо шудаанд. Мо аз ин шеърҳо муҳаббати устод Айниро нисбат ба Модар-Ватан баръало мушоҳида менамоем. Албатта, онҳо аз рӯҳияи баланди тарғиботию ташвиқотӣ, ки замони ҷанг аз адибон талаб мекард, бархӯрдоранд.
Зимнан, устод Айнӣ баъд аз инқилоб дар шеъри «Марши ҳуррият» барои аввалин бор мавзӯи интиқомро дар адабиёти мо корбаст намуд ва ин мавзӯъ пасон, бахусус дар солҳои ҷанг ба яке аз мавзӯъҳои марказии осори адибони мо табдил ёфт ва дар онҳо парвариши эҳсоси нафрат, қасос, яъне интиқом аз душман дар мақоми аввал қарор гирифт. Беҳуда нест, ки шеърҳои аксари адибон дар ҳамин рӯҳия навишта шудаанд. Махсусан Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Юсуфӣ шеърҳояшонро чун «Марши интиқом»-и Айнӣ «Интиқом» унвон мондаанд, зеро ба қавли Деҳотӣ:
Имрӯз, ки рӯзи интиқом аст,
Сустӣ ба шумову мо ҳаром аст.
Аз баҳри ин аждаҳои хунхӯр
Дар хоки худаш канем мо гӯр.
Насри бадеӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари назм, бо ҳаводиси замон ҳамовоз гардид. Хусусан жанрҳои хурд, аз ҷумла очерк, ҳикоя, фелетон, новелла, мақолаҳои публитсистӣ, нақши муҳим ва ҳалкунанда пайдо намудаанд. Аммо дар ин давра бештар очерк ва публитсистика тараққӣ карданд. Нависандагон дар очеркҳояшон ҳам дар бораи қаҳрамонони гузаштаи миллат ва ҳамзамони ҷанг асар менавиштанд. Ба ҳарфи дигар, ҳам очеркҳои таърихӣ, ҳам очеркҳо дар бораи қаҳрамонони майдони ҷанг баробар инкишоф меёфт… «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темрумалик» аз очеркҳои муҳими замони ҷанг ба ҳисоб мераванд. Устод Айнӣ дар онҳо аз муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик дар замони гузашта зидди аҷнабиён нақл менамояд. Агар устод Айнӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ» аз ҷониби араб истило шудани Ватан ва корнамоии Муқаннаъро (асри VII) ба қалам дода бошад, дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (асри XIII) аз истилои муғул ва муборизаи Темурмалик бар зидди муғулон қисса менамояд. Айнӣ дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аввал дар бораи аҳволи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданият, Муҳаммад Хоразмшоҳ ва кишвардории вай қабл аз ҳуҷуми Чингизхон ба ин сарзаминҳо маълумот дода, махсусан аз хиёнати Муҳаммади Хоразмшоҳ бо нафрату истеҳзо ва аз диловариҳои писараш бо ҳаяҷон ва ҳисси ифтихор ёд менамояд. Ба қавли ӯ: «Султон Муҳаммад ҳамеша монанди як мағрури худписанд лоф аз шуҷоат ва қаҳрамонӣ мезад. Аммо, агар мо шуҷоати шахсии ӯро бо мақоли тоҷикӣ ифода кунем, «хонашери майдонғариб» буд… Султон Муҳаммад, ки дар биёбон Тӯқтағанро ҷустуҷӯ мекард ба қатлгоҳе расид, ки ӯро бо тамоми нукаронаш Ҷуҷӣ кушта будааст ва дар миён султон ба Ҷуҷӣ рост омада, дар байнашон ҷанг воқеъ шуд. Муғулон ба лашкари султон, ки худаш ҳам он ҷо буд, ҳуҷум оварда, аскарони ӯро кушта пароканда карданд ва қариб буд султон дастгир шавад. Дар ҳамин вақт писараш Ҷалолиддин, ки ҳақиқатан як муҷассамаи шуҷоат буд, аз дасти рост ба мадади падар расида, ӯро аз он таҳлука раҳоӣ дод. Ҷалолиддин мардонагӣ ба кор бурд. Ҷанг то шаб давом кард. Шабона муғулон ба тарафи урдуи Чингиз рафтанд ва Султон ба Самарқанд бозгашт. Аввалин ва охирин маъракае, ки Султон Муҳаммад шахсан бо Чингизиён рӯ ба рӯ шуда ҷангид, ҳамин маъракаи тасодуфӣ буд. Ӯ дар ин ҷанг на танҳо дили худро бой дод, ҳатто лоф ва ғурурҳои забониашро ҳам якбора тарк карда, рӯирост дар паи гурез афтод. Мегурехту сардорони хос ва писари далери худ Ҷалолиддинро ҳам ба гурехтан ташвиқ ва далолат мекард». Аммо устод Айнӣ, баръакси маълумоти боло, дар бораи азму иродаи қавии ҳокими Хуҷанд — Темурмалик, ки ба дифои Ватан, шарафу нангу номуси инсонию миллии хеш бархоста буд, ба хонанда чунин иттилоъ медиҳад: «Шаҳри Хуҷанд (Ленинободи имрӯза) монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд… Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти тақдир супурда шуда буданд. Маслиҳате ҳам, ки аз тарафи султон ба онҳо дода шуда буд, ҳамон «маслиҳат» буд, ки ӯ дар вақти гурези худ ба аҳолии сари роҳ дода буд. Ин «маслиҳат» ҳамин буд, ки мегуфт: «…чораи кори худ созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб эмин бошед!» ё чунонки ба аҳолии Марв кард, фармон медод, ки «агар гурехта натавонед, таслим шавед!». Аммо ҳокими Хуҷанд — қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба ин гуна «маслиҳат» ва фармонҳои хоинона гӯш надод ва вақте ҳаракати Чингизи хунрезро ба тарафи Мовароуннаҳр шунид, дар пайи мудофиаи Ватан афтод. Темурмалик аз аввал медонист, ки душмани хунхори пурзӯр — Чингизро Хуҷанд ба танҳоӣ шикаст дода наметавонад. Лекин эҳсоси ватандӯстӣ ӯро маҷбур мекард, то дар бадан ҷон ва аз ҷон рамақе дорад, вазифаи аз тарафи Ватан ба гарданаш вогузоштаро адо намояд, то дар пеши модари азиз — Ватан хоин ба шумор наравад ва дар таърих номи ӯ бо лаънату нафрин ёд нашавад. Ӯ ин нуқтаро хуб медонист, ки агар Ватан аз даст рафта поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, қаҳрамонона дар мудофиаи Ватан кушта шудан ҳазор бор аз зиндагии асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин, қарор дод ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри имкон дар мудофиаи Ватан кӯшиш намояд».
Зимнан, бояд гуфт, ки устод Айнӣ ҳамчун адиби нобиға ва равоншинос барои барҷаста нишон додани воқеаҳо, рӯҳи қаҳрамонони асараш ва парвариши эҳсоси рӯҳияи ватандӯстонаи хонандагон аз шеър, ки бузургтарин сармояи миллати мост, дар ин асари худ хеле моҳирона истифода менамояд. Шеърҳое, ки дар ин замина аз адибон (Фирдавсӣ, Хоқонӣ ва дигарон), бахусус аз худ меорад, имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз онҳо ҷавонони мо дарси ибрат, ҷасорат, далерӣ, меҳандӯстӣ мегиранд ва барои ҳифзи Ватан — Модар омода мешаванд:
Пароканда лашкар наёяд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
***
Бимирем чун кому ноком мо,
Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо.
***
Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,
Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.
***
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Воҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Лозим ба ёдоварист муаллифони китоби «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» ба ин очерки устод Айнӣ, ки аз даврони истилои муғул ва қаҳрамонии Темурмалик қисса менамояд, баҳои баланд дода, як асари нав ва тоза арзёбӣ кардаанд: «Садриддин Айнӣ дар ин очерк ҳам? аз бисёр материалҳои таърихӣ истифода бурда, манзараи ҳаёти халқи тоҷикро дар давраи истилои муғулҳо бисёр равшан ва таъсирбахш инъикос намудааст. Ин мавзӯъ пеш аз ин ҳам диққати дигар нависандагони шӯравиро ба худ ҷалб карда буд. Дар романи В. Г. Ян «Чингизхон» ба тасвири корнамоии Темурмалик аҳамияти махсус дода шудааст. Аммо устод Айнӣ дар асараш образи Темурмаликро ба тарзи дигар нишон дода, хусусияти асосии қаҳрамони худро, ки яке ватандӯстӣ, дигаре ҷасорат ва истеъдоди лашкаркашӣ мебошад, дар маркази диққат гузоштааст. Шуҷоат ва далерӣ, зиракӣ ва ботадбирии Темурмалик, ки дар мубориза бар зидди душман равшан намоён мегардид, бо ҳаяҷони баланде тасвир ёфтааст. Дар образи Темурмалик қаҳрамонӣ ва фидокорӣ дар роҳи мудофиаи Ватан чун беҳтарин аломати шарафи инсонӣ талқин мешавад. Муҳаббати обу хоки Ватан ҷасорати Темурмаликро пурра ва истеъдоди ӯро бурро кардааст. Вақте ки вай аз Хуҷанд баромада мерафт, «худ ба худ» ба ин мазмун месуруд:
Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,
Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам.
Ин гуна рӯҳияи ватанпарварӣ ҷанговарони ӯро дар мубориза бар зидди истилогарони Чингиз ба ғайрат меовард. Як гурӯҳ ҷанговарони Темурмалик ба ҷанги душмани сершумор даромада, ин гуна суханони ибратбахшро вирди забон мекарданд:
Ба номи наку кушта гаштан ба ҷанг,
Беҳ аз зиндагонии бо айбу нанг.
Тамоми очерки «Темурмалик» бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ, бо эҳтироси пурҷӯши нафрат нисбат ба истилогарони ваҳшӣ навишта шуда, дили хонандаро низ нисбат ба Олмони фашистӣ бо оташи ғазаб ва нафрат шӯълавар мекард».
Устод Айнӣ дар очерки таърихии «Исёни Муқаннаъ» замони истилои араб ва муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик, хусусан Муқаннаъро ба қалам дода, мисли очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар боби якум, ибтидо дар хусуси вазъи ҷамъиятӣ, сиёсати Хуросону Мовароуннаҳр, ҳуҷуми арабҳо, шӯришҳову исёнҳои Язак, Ғурак, Абӯмуслим, Сунбоду дигарон, дар бобҳои минбаъда, дар бораи Муқаннаъ ва муборизаи қаҳрамононаи ӯ бар зидди истилогарони араб маълумоти пурарзиш медиҳад. Ӯ Муқаннаъро идомадиҳандаи роҳи Абӯмуслим дониста, мақсади асосии онҳоро аз муборизаи зидди аҷнабиён озод кардани Ватан, ба даст овардани истиқлолият ва ташкили як давлати мустақили миллӣ медонад. Менависад: «Чунонки мақсади охирини Абӯмуслим таъсиси як ҳукумати миллӣ дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии форсизабонон буд, Муқаннаъ ҳам ҳамин мақсадро дар пеши назар дошт…». Мутаассифона, орзуҳои Абӯмуслиму Муқаннаъ бо сабабҳои айнӣ, ҷомаи амал намепӯшанд ва шӯришҳои онҳо бераҳмона пахш мешаванд, аммо ба қавли устод Айнӣ «натиҷаи аввалини исёни Муқаннаъ ҳамин шуд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили мардуми Хуросон кишт ва онҳоро ба ҳамин омӯхт, ки фурсати муносибе ёбанд ва баҳонае ба даст дароранд, ба муқобили арабҳои истилогар хурӯҷ намоянд ва дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд…».
Дар ҳақиқат, ҳамин муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус қаҳрамононе чун Абӯмуслиму Муқаннаъ, Яҳёи Бармакӣ ва дигарон буд, ки тоҷикон — форсҳо охируламр ба ташкили давлатҳои нисбатан мустақили миллӣ, аз ҷумла Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён, даст ёфтанд. Дар ин бора устод Айнӣ дар боби V очерки «Исёни Муқаннаъ», ки «Натиҷаҳои исёни Муқаннаъ» ном дорад, чунин менависад: «Фарзандони Асад бинни Сомон ва авлоди онҳо дар андак вақт бо кордонӣ, халқпарварӣ ва маданиятдӯстии худ дар байни аҳолии Хуросон ва Мовароуннаҳр обрӯю эътибори бисёр калон пайдо карданд. Маданияти миллӣ ва забони миллиро ривоҷ доданд ва дар охир дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрон давлати миллии мустақили Сомониёнро барпо намуданд, ки марказаш Бухоро буд. Ин буд натиҷаи охирин ва ба назар намоёни таърихии исёни Муқаннаъ, ки мақсади охирини Абӯмуслими Хуросонӣ ҳам ҳамин истиқлоли миллӣ буд».
Дар бораи аҳамияти ин ду очерки таърихии устод Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ донишмандон суханони зиёд ва пурарзиш гуфтаанд, ки ёдоварӣ аз онҳо дар ин маврид бесуд нахоҳад буд. Масалан, Соҳиб Табаров дар мақолаи «Адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» чунин менависад: «Дар адабиёти давраи Ҷанги Бузурги Ватании тоҷик муроҷиат ба мавзӯъҳои таърихӣ ва гузаштаи револютсионии халқи тоҷик бисёр ба назар мерасад. Нависандагони тоҷик мақолаҳои публитсистӣ, очерк ва повестҳои таърихӣ эҷод намуда, ба воситаи онҳо муборизаи дурударози таърихии халқи тоҷикро бар зидди ғосибону истилогарони хориҷӣ-аҷнабиён ҳаққонӣ ва конкретӣ нишон медиҳанд. Ба воситаи тасвири ин гуна воқеаҳои таърихии гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқҳо нависандагон меҳнаткашон ва Армияи Советиро ба мубориза муқобили истилогарону аҷнабиёни ғоратгари давраи нав-фашистони Германия даъват ва сафарбар мекарданд. Намунаи ин гуна асарҳои бадеӣ, ки оид ба мавзӯъҳои гузаштаи таърихии халқи тоҷиканд, очеркҳои адабӣ-таърихии Садриддин Айнӣ ҳисоб меёбанд. Нависанда ҳам дар очерки таърихии дар бораи исёни Муқаннаъ ва ҳам очерки таърихӣ-бадеии ба Темурмалик бахшидаи худ кӯшиш кардааст, ки симои ин ду аҷдоди баҳодури гузаштаи халқи тоҷикро акс намуда, бо ҳамин Армияи Сурх ва халқи советиро ба мубориза бар зидди фашистони немис даъват кунад. «Исёни Муқаннаъ» (соли 1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (соли 1944) солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар байни хонандагони советӣ муваффақияти калон пайдо карданд, чунки онҳо барои болобардории рӯҳияи ватандӯстии халқҳои СССР ба муқобили истилогарони фашистӣ вазифаи аслиҳаи буррои ҷангиро адо мекарданд».
Устод Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷуз ин очеркҳо боз як қатор ҳикояву асарҳои ҳаҷвӣ, фелетон ва мақолаҳои публитсистӣ низ менависад.Ӯ симои манфуру кирдори разилонаи фашистони немисро фош намуда, дар парвариши рӯҳи ватандӯстию сафарбар кардани ҷанговарон ба фронт ва фидокорию заҳмат дар ақибгоҳ ҳиссаи сазовор мегузорад. Мисли «Фонди мудофиаро табрик мекунам», «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст», «Илҳомгоҳи фикрҳои олӣ ва бошишгоҳи озодидӯстон», «Модар-Ватан», «Бисту панҷ сол», «Бадбӯй будааст», «Хари бедум» ва ғайра, ки аз беҳтарин намунаҳои осори замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб мераванд, аз қалами устод Айнӣ таровидаанд. Ин асарҳо, ки аз корнамоиҳои халқи шӯравӣ дар фронт ва ақибгоҳ нақл менамоянд ва рӯҳи тарғиботӣ доранд, аҳамияти худро то ҳол нигаҳ медоранд. Хонандагон аз онҳо доир ба корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ огоҳ мешаванд, ҳисси ватандӯстии онҳо боло меравад. Мутолиаи онҳо барои ба халқи худ, Ватани худ содиқона хизмат кардан, дӯст доштани он ба эшон ёрӣ мерасонад. Барои мисол мақолаи «Модар-Ватан», ки соли 1942 навишта шудааст ва аз шоҳкориҳои адабиёти мост, ҳаргиз аҳамияти худро аз даст намедиҳад, зеро он ба васфи Модар-Ватан бахшида шудааст ва барои тамоми замонҳо, хусусан баҳри парвариши рӯҳи миллии ҷавонони тоҷик, донистани қадри Ватан, хидмати бошарафона ба Модар-Ватан, маводи судманд медиҳад. Порае аз онро иқтибос меорем: «Модар-Ватан. Ин ду чиз бо ҳамдигар сахт вобаста буда, ба одам аз ҳама чиз азизтар ва наздиктаранд. Мо дар ин ҷо аз ҳама пештар дар бораи сабаби ба одам маҳбуб ва азиз будани модар як-ду калима гап мезанем. Одам сараввал дар бачадони модар пайдо мешавад, тарбияи ибтидоии худро аз организми дарунии модар мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки ватани аввалини фарзанди одам шиками модар будааст. Фарзанди одам баъд аз зоида шудан ҳам истироҳатгоҳи якуми худро аз синаи модар меёбад, дӯстдорӣ ва дилҷӯиро аввалин бор аз тарафи модар мебинад ва тарбияи аввалини худро аз ӯ мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки дар аввали пайдоиши фарзанди одам ватани якуми ӯ оғӯши модар ва тарбиятгари якуми ӯ модар будааст… Барои ҳамин одам модари худро аз ҳама чиз ва кас зиёдтар дӯст медорад ва ӯро ба худ аз ҳама чиз наздиктар ва азизтар мебинад… Ин алоқае ки дар миёни фарзанди одам ва модари ӯ тасвир карда шуд, дар байни ӯ ва Ватани ӯ боз ҳам васеътар, пурратар ва мустаҳкамтар аст: чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъд аз зоиданаш дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, Ватан фарзанди худро якумр, аз рӯзи пайдо шуданаш то мурданаш, тарбия мекунад… Фарзанди одам баъд аз гузаронидани воситагии модар баъд аз гузаронидани айёми хурдсолӣ ҳама тарбияи худро аз Ватан мегирад, ӯ дар он ҷо зиндагонӣ мекунад, озодона мегардад, кор мекунад, дар он ҷо ва аз манбаъҳои маишати вай худро ва наздикони худро сер мекунад, мехонад, фарзандони худро мехононад, ҳунар меомӯзад, хулоса, ҳамаи осудагӣ, озодӣ ва шарафи худро дар ватани худ, аз ватани худ меёбад. Бесабаб нест, ки мегӯянд: «Ҳар кас дар Ватани худ подшоҳ аст!». Фарзанди одам, ба сабаби он ки ҳамаи муродаш ва озодиаш дар Ватани худаш ҳосил аст, худро на танҳо шаҳрвандии одии ватан, балки подшоҳи вай медонад, чунки вай подшоҳвор озодона зиндагӣ мекунад. Ватан ҳам монанди модар аз фарзанди худ дар муқобили он тарбияҳое, ки ӯро кардааст ва муносиби он ёриҳое, ки ба ӯ расондааст, дар ҳаққи худ ҳимоят, хидмат ва фармонбардорӣ талаб мекунад. Ба ин сабаб ҳар фарзандони одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад ва ба ӯ хидмат менамояд ва дар роҳи ӯ аз фидо кардани ҷони худ ҳам бознамеистад… Ба ин сабаб ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст!».
Хулоса, асарҳое, ки устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод кардааст, дорои аҳамияти таърихӣ буда, барои рӯҳбаланд кардани халқи шӯравӣ, бахусус ҷанговарон ва омма, чӣ дар фронт, чӣ дар ақибгоҳ, хидмати бузург кардаанд. Устод Айнӣ дар ин асарҳояш халқи шӯравиро ба дифои Ватан, ҷасорату мардонагӣ, ситондани интиқом аз душман фаро хонда, бовариро ба ғалаба дар дили эшон меафзояд. Дигар, ҷанги мо ҷанги адолатхона буд, аз ин рӯ, халқи шӯравӣ барои дифои халқу Ватани хеш ҷони худро дареғ намедоштанд, корнамоиҳои бемислу монанд нишон медоданд, зеро масъалаи ҳаёт ва мамот дар миён буд, тақдири халқи шӯравӣ ва кишвари бузурги онҳо ҳал мешуд. Халқ бояд сина сипар мекард, барои ҳифзи он кору пайкор менамуд, то Ватанро аз фашистони истилогар озод созад. Албатта, ин амри Ватанро халқи шӯравӣ бошарафона ба ҷо оварда, на танҳо бар фашизм пирӯз шуд, балки як қатор халқҳои дигарро низ аз зулми фашизм озод сохт. Бинобар ин, мо корнамоиҳои эшонро ҳаргиз фаромӯш намекунем, балки аз онҳо дарси садоқат, вафодорӣ ва хидмат ба Ватанро меомӯзем. Дар ин роҳ асарҳои безаволи устод, Айнӣ ки дар замони ҷанг навиштаанд, ба мо рӯҳ ва илҳом мебахшанд. Монанди «Қасидаи ҷанг ва зафар»-и ӯ:
Гитлер, ки баровард дувум ҷанги ҷаҳонро,
Мехост кунад бандаи худ оламиёнро.
Аз баҳри бадастории ин қасди хаёлӣ,
Сар дод ба ҳар сӯйи ҷаҳон хайли дадонро.
З-ин ҷумла фиристод ба гулзори саветӣ,
Дуздона, ба ногаҳ ҳама девонсаронро.
Ҳайвонсифат-он тӯдаи хунхори фашистӣ,
Поймол намуданд чаманрову чамонро.
Таҳқир намуданд ба ҳар ҷо маданийят,
Карданд хароба ҳама обод маконро…
Еврупа ба ин даҳшату ин таҳлука тан дод,
Азбаски фашистон бихариданд саронро.
Аммо ба диёри шарафосори саветӣ,
Ҳаргиз натавон ёфт чунин бешарафонро.
Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст,
Ин ҷо набувад ҷой ба ҷуз шери жаёнро…
Истолини аъзам ба ҳамин халқи муаззам,
Фармуд: «Бигиред ба каф теғу синонро…
Бо даъвати пурнусрати сарлашкари олӣ
Бастанд ҳама мардуми мо сахт миёнро.
Бар зидди адӯ яктану якҷон шуда, оре,
Кас ҳеҷ зи ҳам дур надида тану ҷонро…
Бигрехт адӯ аз дами мо оқибат, оре,
Кастоб наоварда дами фили дамонро…
Дунбола гирифт Армияи Сурхи зафарёб
Аз хасми данӣ маҳвкунон хурду калонро,..
Он лонаи ваҳшонияту зулм фурӯ рехт,
Бигзошт зи худ хотираи зишти ҷаҳонро…
Бечунучаро гардани таслим бидоданд,
Дар пеши ҷаҳон армияи фатҳнишонро.
Чун армияи фатҳнишон-Армияи Сурх
Афрохт ба олам алами амну амонро,..
Аз баҳри бақайдории таърихи чунин фатҳ
Айнӣ ба сар овард ба ин байт баёнро:
Овозаи фатҳу зафари пурраи мо бин,
Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯйи ҷаҳонро.
Ҷамолиддин САИДЗОДА