Шакли идоракунии давлат яке аз масъалаҳои муҳим ва актуалии илми назарияи давлат ва ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, хусусияташ дар он ифода меёбад, ки он ба ташкили ҳокимияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар шароити бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ муайян кардани махсусиятҳои шакли идоракунии давлат, бахусус шакли идоракунии президентӣ, аз аҳамият холӣ нест.
Дар амалияи ҷаҳонӣ одатан ду шакли идоракунии давлат мавҷуд мебошад: монархӣ ва ҷумҳуриявӣ. Ҳар як шакли идоракунӣ дорои хусусиятҳои хос буда, дарбаргирандаи унсурҳои таркибие мебошанд, ки ба ҳамон шакли идоракунӣ мансуб аст. Дар шароити кунунӣ яке аз шаклҳои пешқадами идоракунии давлат шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, алалхусус шакли идоракунии президентӣ ба ҳисоб меравад. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ чунин тартиби ташкили мақомоти ҳокимияти олии давлатӣ мебошад, ки дар он мақомоти ҳокимият тавассути интихобот ташаккул меёбад.
Дар гузашта шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ дар шакли аристократӣ, демократӣ, олигархӣ ва ғайра вуҷуд дошт. Ҳоло дар ҷаҳон шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ одатан ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:
Ҷумҳурии президентӣ;
Ҷумҳурии парламентӣ;
Ҷумҳурии омехта.
Дар ҷумҳурии президентӣ ҳукумат, новобаста ба ҳайати ҳизбии парламент, аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди Президент масъулият дорад. Президент фаъолияташро мувофиқи салоҳияти хеш ба амал мебарорад.
Шакли идоракунии давлат, бахусус шакли идоракунии президентӣ, дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
- тавассути шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ тартиби ташкили мақомоти давлатии олӣ ва маҳаллии он, муносибатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, сатҳи вусъати равандҳои демократӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсӣ муайян карда мешавад.
- шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ифодаи берунии моҳият, мазмун, таъинот, вазифаҳо ва функсияҳои давлат мебошад;
- интихоби бемайлони шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ заминаи интихоби роҳи пешрафти ҷомеа ва ташкили самараноки ҳокимияти давлатӣ мебошад (мо инро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида менамоем);
- шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ омили ифодаи манфиатҳои миллӣ, амалӣ гаштани ғояи давлати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои нуҳбагонӣ ва устувории истиқлолу ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад;
- шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ на танҳо тартиби ташкили мақомоти ҳокимияти олии давлатӣ, балки тарзҳои алоқамандии ҳокимият ва аҳолиро низ муайян мекунад;
- шакли идоракунии президентӣ муносибати байни ҳокимият ва халқро ифода мекунад.
Дар ҷумҳурии президентӣ ҳам Президент (сарвари давлат) ва ҳам парламент алоҳида интихоб мешаванд. Президентро ё шаҳрвандон бевосита (дар Тоҷикистон) ва ё бавосита, яъне тавассути коллегияи интихобкунандагон (дар ИМА) интихоб мекунанд.
Мувофиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад.
Мувофиқи назарияи илми ҳуқуқшиносӣ, Президент шахси расмии мансабдори давлатӣ буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндаи олии давлат ба ҳисоб меравад, ки ин ҳуқуқро халқ ба Президент додааст, зеро дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президентро шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ ба таври умумӣ, мустақим, бевосита ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати муайян интихоб менамоянд.
Дар асоси гуфтаҳои зикршуда метавон аломатҳои шакли идоракунии ҷумҳурии президентиро номбар кард, ки ба талаботи ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ буда, дарбаргирандаи ҳама манфиати ҷомеа ва давлат мебошад:
- ба муҳлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар мақомоти марказии ҳокимият;
- таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- ҷавобгарии ҳуқуқии Сарвари давлат дар ҳолатҳое, ки Конститутсия ва қонунҳо муқаррар намудаанд;
- ҳатмӣ будани иҷрои қарору супоришҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ барои дигар мақомот;
- дахолат накардани давлат ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон;
- кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат;
- масъулияти байниҳамдигарии шахс ва давлат;
- эътирофи баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар баробари Роҳбари умумии давлат будан, мувофиқи талаботи Конститутсия роҳбарии шохаи ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукуматро низ ба уҳда дорад. Ҳукумат мақоми марказии ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки ҳар як ҳодиса ё зуҳуроти ҷамъиятӣ асоси пайдоиш дорад.
Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии зерин ба ҳисоб мераванд:
1. Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990;
2. Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истқлолияти ҶШС Тоҷикистон»;
3. Изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» аз 29 ноябри соли 1990;
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон» аз 1 декабри соли 1990;
6. Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон» аз 1 декабри соли 1990;
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 сентябри соли 1991;
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994;
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994;
10. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994.
Омӯзиш ва таҳлили паҳлуҳои алоҳидаи шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ нишон дод, ки он яке аз шаклҳои пешқадами идоракунии давлат дар марҳилаи кунунии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи марому мақсади аҳолӣ, дарбаргирандаи ҳадафҳои рушди босуботи давлатдорӣ ва эҳёгари арзишҳои нухбагонии миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти роҳи интихобкардаи халқ, яъне ташкили ҷумҳурии президентӣ босуботона қадам ниҳода истодааст, ки самараи онро дар ҳаёт чашида истодаем. Таҷрибаи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ собит сохт, ки маҳз тавассути ҳамин шакли идоракунӣ кишвар дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ бо ташаббус, ибтикорот, саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хоса касб кард. Бинобар ин, шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ба талаботи рушди демократия дар кишвар созгор буда, ифодакунандаи ҳадафҳои ҳазорсолаи рушди давлатдорӣ ва эҳёгари суннатҳои тӯли асрҳо ташаккулёфтаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Намоз АМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе,
Самандари ҚАЛАНДАР,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе