Аҳди шикаста

№30 (4926) 07.03.2025

8 март лого2 финишДухтараки чашму абрӯсиёҳ пас аз субҳона сарулибосашро ба бар карду ба оина нигарист: рухсораҳои чун гули себ шукуфон ва мижгонҳои дарози боло бардоштааш ҳусни ӯро дучанд мекарданд. Пироҳани атласи ба танаш ­зебою шинам қомати ӯро ҷаззобу дилкаш нишон медод. Нигоҳаш ҳам самимию пурмеҳру пурэҳсос буд. Ӯ дар олами зебои нав­расии хеш ҳамеша бо хаёлҳои ширин роҳ мерафт, ҳамеша ба олами афсонаҳо ташриф меовард…

Рӯзе модараш бемор шуд. Духтарак ­бисёр гиристу аз бемории модар ранҷ кашид. То шифо ёфтани модар лаб ба ягон чиз набурд. Ӯро хуб парасторӣ кард. Модар сиҳат шуд, сари по хест. Духтарак ҳарфи шукрона бар лаб ба ­модар нигарист. Нури табассумҳои ­ширинаш чеҳраи ӯро барафрӯхт:

- Очаҷон, аз шумо як хоҳиш дорам. Ҳеҷ гоҳ бемор нашавед, ки таҳаммул карда наметавонам. Беандоза дӯстатон медорам. Аз ҳама касу аз ҳама чиз зиёдтар!

Чеҳраи модар болид ва духтарашро ба оғӯш кашиду бӯсид:

- Хуб шудааст, нози оча. Ҳеҷ гоҳ танҳоят намегузорам. Аммо инро бидон, ки ман ҳам мисли ту айнан ҳамин суханҳоро ба модарам гуфта будам. Вале рӯзе фаро мерасаду яке меояд, ки вайро аз ман бештар дӯст хоҳӣ дошт. Ба ин бовар дорам!

Духтарак лаҳзае аз ин сухани модар гиҷ шуд, вале боз бо ҳамон табассуми ширин гуфт:

- Ман туро аз дигар аъзои оилаамон зиёдтар дӯст медорам. Ин дӯстдорӣ то абад хоҳад буд.

Модар лабханде зад:

- Духтарам, шунидани садоят гармиеро дар вуҷудам бедор мекунад, ки дарду ғамро фаромӯш кунам. Тамоми дуоҳои некамро бо тамоми вуҷуд ба ту мебахшам. Худованд умри дарозат диҳад. Зиндагият мисли шаҳду шакар ширин бошад. Чашми бад аз ту дур бод, азизи оча. Кӣ медонад гардиши ин чархро? Худо хоҳад, рӯзҳои пурсаодати зиндагии ту дар пеш аст…

Духтар қадрас ки шуд, дӯсте пайдо намуд, бо ҳам хеле самимию наздик шуданд. Ҳарфҳои дили хешро ба ҳам мегуфтанд, ба қавле, мисли гӯшту нохун шуда буданд. Бо вуҷуди ин, фикр мекард, ки ҷои модарашро касе намегирад.

Замоне ки донишҷӯ шуд, мурғи ишқ ба суроғаш омад. Беқарор гашт, вуҷудашро изтиробе фаро гирифт. Намедонист чӣ кор кунад, лаҳзаҳою соатҳо барои ба висоли ҳамдигар расидан мисли соле мегузашт. Ишқу муҳаббат чун оташе тамоми вуҷудашро месӯхт. Вақте бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд, мисли мум об мегашт. Хаёл мекард, ки дигар наметавонад ба қавле, ки дар даврони бачагияш ба модар дода буд, амал кунад, вале бо мурури вақт тағйир ёфт. Дар тарозуи ақл баркашид: ишқ ё модар? Барояш тафовут гузоштан душвор буд. Аз ин эҳсос ранҷ мебурд, вале ғолиб омад эҳсоси фарзандӣ, дастболо шуд меҳру бузургии модар.

Аз байн чандин сол гузашт. Оиладор шуд. Рӯзе яке омаду тамоми зиндагияш дигар гашт. Рӯзаш бо хандаю гиряҳои ӯ оғозу анҷом меёфт. Яке аз рӯзҳо модар ба дидорбинияш омаду муҳаббату навозишҳои самимии ӯро нисбати тифлакаш дида, бо хушҳолӣ ва табассуми ба худаш зебанда гуфт:

- Духтарам, дидӣ, ки ба қавлат амал карда натавонистӣ? Суханҳои гуфтаи ман ёдат ҳаст?

Модарам дар ҳақиқат рост мегуфт, тифлакамро аз ҳар касеву ҳар чизе бештар дӯст медоштам. Бо омаданаш ба зиндагиям ба ман фаҳмонд, ки доштанаш бузургтарин шодии дунё будааст. Ман нохудогоҳ наметавонистам ба аҳди дар замони наврасӣ додаам амал кунам. Чун худам модар шуда будам.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»