Солшумориро ниёкон аз Наврӯз ба ҳисоб мегирифтанд ва дар ҳақиқат, ба дурустии он шубҳа нест. Маҳз эҳёи табиат дар ин рӯз хеле рӯшан ба назар мерасад. Шайх Фаридуддин Аттор дар ин боб хеле зебо фармудаанд:
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,
Сабои гарми ӯ анбарфишон шуд.
Дар бораи ҷашни Наврӯз аз замони пешин то ба ҳол садҳо асар таълиф гардидааст. Хостем мувофиқи имкон мухтасар маълумоти ҷолибро пешкаши хонандагон намоем. Аксарият тавлиди ҷашни Наврӯзро аз замони салтанати Ҷамшед медонанд.
Чунончи: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки Сари сол бошад ва шаб ба рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзаранд. Ва офтоб аз ин рӯз ниҳои ӯ афтад. Ва расми муғон андар рӯзгори подшоҳии эшон чунин будӣ, ки хироҷҳо андар ин рӯз иттифоқ кардандӣ. Ва аҷамиён чунин гӯянд:
Андар ин рӯз Ҷамшед ба гӯсолае нишаст ва сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девон ва сиёҳон ба маънии зангиён бошад. Бо эшон корзор кард ва ҳамаро мақҳур кард». (Абусаид Абулҳай ибни Маҳмуди Гардезӣ «Зайн-ул-ахбор»).
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол оид ба ҷашни Наврӯз таърихи он ва анъанаҳои вай маълумоти муфассал медиҳад. Ӯ низ пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед мансуб медонад. Мегӯяд:
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари Соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба ростӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ном асари маъруфаш, ки то ҳанӯз қимати илмию адабиашро гум накардааст, мефармояд:
«Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубеъ аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд. Бад — ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.
Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Ба қавли муаррихон, Наврӯз таърихи ҳафтҳазорсола дорад. Боре шоҳиди баҳсе дар ин мавзӯъ будам. Ва азбаски посухи фақир муддаиёнро қаноатманд намегардонд, хомӯширо зарур донистам. Ҳоло он фурсат фаро расидааст, ки ба онҳо ҷавобе бигӯем. Бархе бар он даъвӣ устуворанд, ки Наврӯз замони зиндагии Зардушт падид омадаасту ба кеши оташпарастӣ мутааллиқ аст. Ба ин васила мехостанд мардум аз ин ҷашни бузург дилхунук шаванду аз тантанааш бипарҳезанд. Аммо аз санадҳои тавассути катиби паҳлавӣ расида, Зардушт дар нимаи дувуми қарни ҳафтуми пеш аз мелоди Исои Масеҳ зиндагӣ кардааст. Вале таҷлили ҷашни Наврӯз ба асрҳои бисту нуздаҳи пеш аз милоди Исо алайҳиссалом рост меояд.
Ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён (асрҳои III — VII мелодӣ) ба пояи баланд бардошта шуд. Сулолаи сосониён ба инкишофи фарҳанг ва зинда гардонидани анъанаҳои миллӣ ҳарис буданд. Ба ин хотир мекӯшиданд, ки оинҳои миллиро зинда нигоҳ доранд ва ба онҳо ҳусну шукӯҳи нав илова созанд. Дар он айём иди Наврӯз як моҳ идома меёфт.
Оини оростани дастархони идонаи Наврӯз, тартиби ҷашн, ороиши мусиқии Наврӯз дар ин давра, ки хунёгари мумтоз Борбади марвазӣ зиста буд, ба авҷи аълояш расид. Солшумории яздигурдӣ ҳам аз ҳамин давра шурӯъ гардид. Аз рӯзи ба тахти салтанат нишастани охирин шоҳи сосонӣ Яздигурд (632-681) 16 июли соли 632 оғози ҳамин солшуморист.
Баъд аз густариши дини мубини ислом муддате дар Эрон ва Осиёи Миёна ҷашнгирии Наврӯз манъ гардид. Хулафои араб намехостанд, ки аҷамиён Наврӯзро ҷашн гиранд. Ниёкон пинҳону ошкоро ба базмгоҳҳо ҷамъ омада, ба қадри имкон дастархон мегустурданду суҳбат меоростанд. Вале аз рӯзи нахусти ба тахти хилофат нишастани ҳазрати Алӣ (р) монеаҳо аз байн рафтанд. «Ҳафт шин» ба «ҳафт син» табдил дода шуд.
Ҷашни Наврӯз замони салтанати Сомониён ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ҳар як гӯшаи шаҳрҳо маъракаҳои идона ороста мешуд. Муаллифи «Таърихи Бухоро» чунин ёд мекунад: «Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд. Ва онро «Наврӯзи кишоварзон» гӯянд».
Аз ашъори маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бармеояд, ки шоҳон ва надимону вазирони он давр дар ин ҷашн ширкат меварзиданд. Шуаро ашъори ба Наврӯз бахшидаро мехонданд:
Бод ба ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гӯспандкушон.
Чунин мисолҳо на танҳо дар ашъори устод Рӯдакӣ, балки дар мероси дигар адибони қарни Х ва асрҳои баъдӣ ба чашм мерасад. Ва ҳаким Умари Хайём фармудааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад».
Оинҳои наврӯзӣ анъанаи соф миллии мардуми Машриқзамин буд ва ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан дорад. Яке аз он оинҳо гулгардонист, ки хусусиятҳо дошт. Чунон ки пирон ёд мекунанд дар навоҳии Раштон низ ин маросими миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат доир мегардид. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдӯзиро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Калонсолон бо меҳру муҳаббати хоса гули наврӯзиро мебӯсиданд, ба чашм мемолиданду мегуфтанд: «Вазниниҳои ман аз тӯю сабукиҳои ту аз ман».
Байни ҷавонон, бахусус толибилмон, «Гулгардонӣ» ранги дигар дошт. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Сипас, дар саҳни хонақоҳ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсолро қабул мекарданд. Рӯё-рӯйи ҳам менишастанду чанд тан аз аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Ибтидо бо ашъори ба Наврӯз бахшида баҳс шурӯъ мешуд, баъд дар ҳар боб дониши ҳамдигарро месанҷиданд. Фарҷоми кор, агар мизбонон мағлуб мегардиданд, чорпоеро забҳ намуда, меҳмононро зиёфат медоданд ва сарупои нав мепӯшонданд. Агар меҳмонон бозиро мебохтанд, мизбонон саллаву ҷомаашонро мерабуданд…
Маъракаи «ҷуфтбаророн» рӯзи савуми ҷашн шурӯъ мегардид.Ҷавонон ҷуфти барзаговҳои кориро ба сари замин мебурданд. Дар дегҳои калон умочи бо шир мепухтанд. Баъд пирон гирди дастархони пур аз нозу неъмат давра мегирифтанд. Баъд аз фотеҳаи дастархон пирамарди деҳқоне аз як гӯшаи замин ба шудгор намудан шурӯъ мекард. Чун ба он канори мазраи замин мерасид, муштаи сипорро ба дасти ҷавоне медоду даст ба дуо мебардошт.Деҳқони дигари маҳосинсафед дар доман тухми гандум мепошиду даст ба дуо бардошта, аз Худованд ҳосили фаровон металабид. То бегоҳ ҷавонон он рӯз ба навбат замин шудгор мекарданду дигарҳо ба базму бозӣ машғул мешуданд.
Оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан то наздикиҳо дар манотиқи Раштон вуҷуд дошт. Онро мардуми ин мавзеъ «аловпарак» низ мегуфтанд. Бештар занон чунин оинро дунболагирӣ доштанд. Ин оини қадимаи наврӯзист. Онро ниёкон «чоршанбеи сурӣ» меномиданд. Дар шаби чоршанбе оташ афрӯхта, аз болои он меҷаҳиданд ва се бор ин суханонро ба забон меоварданд: «Сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту».
Оини дигари наврӯзӣ «Дарахти наврӯзист». Ин анъанаи нек ҳанӯз аз рӯзгори пешиниён вуҷуд дошт. Он чанд рӯз идома меёфт. Боғҳо бунёд мешуд. Барои боғи нав ҷӯй мекашиданду дарахтони навшинондаро об мемонданд. Наврӯзи дигар дар паҳлуи он боғ боз боғи наве бунёд мегардид…
Албатта, дар боби Наврӯз он қадар қиссаву ҳикоя ва саргузаштҳои ибратомӯз аз ниёкон боқӣ мондааст, ки ҷилд — ҷилд китоб мешаванд. Саъдии бузургвор фармудае дорад, ки бо он ба навишта ҳусни хатм мебахшем:
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истиқболам омад бахти пирӯз.
Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз Наврӯз.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»