Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мост, ки бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари ҷаҳон маъруф асту мардуми кишварҳои гуногун қатори мо онро ҷашн мегиранд.
Наврӯз, чунон ки аз маънии вожа бармеояд, рӯзи нави соли нави аҷдодист. Солшумориро ниёкони мо аз ин рӯз ба ҳисоб мегирифтанд ва дар ҳақиқат дурустии ин ҳисобро ҳеҷ шубҳае нест. Маҳз эҳёи табиат дар ин рӯз хеле рӯшан ба назар мерасад. Шайх Фаридуддини Аттор дар ин боб хеле зебо фармудаанд:
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ, зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,
Сабои гарми ӯ анбарфишон шуд.
Дар бораи ҷашни Наврӯз аз замони пешин то ба имрӯз садҳо асар таълиф гардидааст. Ва дар онҳо он қадар маълумот оварда шудааст, ки барои омӯзиш фурсати зиёд лозим. Ба ин хотир, мехостем мувофиқи имкон дар як шакли мухтасар маълумоти муфассал ва ҷолибро пешкаши хонандагон намоем. Дар ин мақола суханро аз боби пайдоиши ҷашни Наврӯз оғоз мекунем. Аксари соҳибони китобҳои мазкур тавлиди ҷашни Наврӯзро аз замони салтанати Ҷамшед медонанд.
Чунончи:
«Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки Сари сол бошад ва шаб ба рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзаранд. Ва офтоб аз ин рӯз ниҳои ӯ афтад. Ва расми муғон андар рӯзгори подшоҳии эшон чунин будӣ, ки хироҷҳо андар ин рӯз иттифоқ кардандӣ». (Абусаид Абулҳай ибни Маҳмуди Гардезӣ «Зайн-ул-ахбор»).
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол оиди ҷашни Наврӯз, таърих ва анъанаҳои он маълумоти муфассал медиҳад. Ӯ низ пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед мансуб медонад. Мегӯяд:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,
Ҷаҳон анҷуман шуд бори тахти ӯй,
Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари Соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба ростӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш мефармояд:
«Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубеъ аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд. Бад — ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Аз қавли муаррихон маълум аст, ки Наврӯз таърихи ҳафтҳазорсола дорад. Боре шоҳиди як баҳсе дар ин мавзуъ будам. Ва азбаски посухи фақир муддаиёнро қаноатманд намегардонд, хомӯширо зарур донистам. Ҳоло он фурсат фаро расидааст, ки ба эшон ҷавобе бигӯем. Бархе бар он даъвӣ устуворанд, ки Наврӯз замони зиндагии Зардушт падид омадаасту ба кеши оташпарастӣ мутааллиқ аст. Ба ин васила мехостанд мардум аз ин ҷашни бузург дилхунук шаванду аз тантанааш бипарҳезанд. Аммо аз санадҳои тавассути катиби паҳлавӣ то имрӯз расида Зардушт дар нимаи дувуми қарни ҳафтуми пеш аз мелоди Исои Масеҳ зиндагӣ кардааст. Вале таҷлили ҷашни Наврӯз ба асрҳои бисту нуздаҳи пеш аз милоди Исо алайҳисалом рост меояд.
Ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён (асрҳои 111-У11 мелодӣ) ба пояи баланд бардошта шуд. Сулолаи Сосониён ба инкишофи фарҳанг ва зинда гардонидани анъанаҳои миллӣ ҳарис буданд. Ба ин хотир мекушиданд, ки оинҳои миллиро зинда нигоҳ доранд ва ба онҳо ҳусну шукӯҳи нав илова созанд. Дар он айём иди Наврӯз як моҳ идома меёфт.
Оини оростани дастархони идонаи Наврӯз, тартиби ҷашн, ороиши мусиқии Наврӯз дар ин давра, ки хунёгари мумтоз Борбади Марвазӣ зистан дошт, ба авҷи аълояш расид. Солшумории яздигурдӣ ҳам аз ҳамин давра шурӯъ ёфт. Аз рӯзи ба тахти салтанат нишастани охирин шоҳи сосонӣ Яздигурд (632-681) 16 июли соли 632 оғози ҳамин солшуморист.
Баъди густариши дини мубини ислом муддате дар Эрон ва Осиёи Миёна ҷашнгирии Наврӯз манъ гардид. Хулафои араб намехостанд, ки аҷамиён Наврӯзро ҷашн бигиранд. Ниёгони мо пинҳону ошкор ба базмгоҳҳо ҷамъ омада, ба қадри имкон дастархон мегустурданду суҳбат меоростанд. Вале аз рӯзи нахусти ба тахти хилофат нишастани ҳазрати Алӣ (р) монеаҳо аз байн рафтанд. Ҳафтшин ба ҳафтсин табдил дода шуд.
Ҷашни Наврӯз замони салтанати Сомониён ба анъанаи неке табдил ёфт. Дар ҳар як гӯшаи шаҳрҳо маъракаҳои идона ороста мешуд. Соҳиби «Таърихи Бухоро» чунин ёд мекунад:
«Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд. Ва онро «Наврӯзи кишоварзон» гӯянд».
Аз ашъори парокандаи маликушшӯаро Абуабдулло Рӯдакӣ чунин бармеояд, ки шоҳон ва надимону вазирони он давр хеле бодабдаба дар ин ҷашн ширкат меварзиданд. Шуаро ашъори ба Наврӯз бахшидаи худро мехонданд:
Бод ба ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гӯспандкӯшон.
Чунин мисолҳо натанҳо дар ашъори устод Рӯдакӣ, балки дар мероси дигар адибони қарни Х ва асрҳои баъдӣ ба чашм мерасад.
Миёни мардум ин ҷашн чун мероси ниёкон дар ҳама давру замон азиз буд ва онро муқаддас медонистанд. Шоирони маълуму номаълуми халқӣ садҳо байту рубоӣ ва дубайтиву суруд эҷод намудаанд. Ашъори зер гувоҳи дурустии фикри мост:
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинум?
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинум?
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинум?
* * *
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҷаҳон ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
* * *
Ман рӯйи туро бинаму Наврӯз кунам,
Шабро ба сари санги сияҳ рӯз кунам.
Шабам ба сари санги сияҳ рӯз нашуд,
Ҷонакма фидои ёри дилсӯз кунам.
* * *
Э падар, бархезу наврӯзӣ биёр,
То туро раҳмат кунад Парвардигор.
Оинҳои наврӯзӣ як анъанаи соф миллии мардуми машриқзамин буд ва ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан дорад. Яке аз чунин оинҳо гулгардонист. Гулгардонӣ дар давру замонҳо хусусиятҳои хоси худро дошт. Чунон ки пирон ёд медиҳанд, дар навоҳии Раштон низ ин маросими миллӣ аз замонҳои хеле дур бо шукӯҳу шаҳомоти бузурге мегузашт. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдӯзиро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Он рӯз рӯзи хурсандӣ ва шодмонии тамоми мардум буд. Калонсолон бо меҳру муҳаббати хоса гули наврӯзиро мебӯсиданд, ба чашм мебурданду мегуфтанд: «Вазниниҳои ман аз тую сабукиҳои ту аз ман». Чунин муносибат ба беҳуда набуд. Агар касе ҳамон рӯз солиму сиҳат бошад,то Наврӯзи дигар ҳамон хел бардаму солим мемонд, ҳикоят мекунанд пирон.
Байни ҷавонон гулгардонӣ ранги дигар дошт. Бахусус, байни толибилмон. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ довталаб шуда, ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Сипас дар саҳни хонақоҳ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсоли хешро қабул мекарданд. Рӯёрӯйи ҳам менишастанду чанд тан аз аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Ибтидо бо ашъори ба Наврӯз бахшида баҳс шурӯъ мешуд, баъд дар ҳар боб дониши ҳамдигарро месанҷиданд. Фарҷоми кор агар мизбонон мағлуб мегардиданд, чорпоеро забҳ намуда, меҳмононро зиёфат медоданд ва сарупои нав мепӯшонданд. Агар меҳмонон бозиро мебохтанд, мизбонон саллаву ҷомаашонро мерабуданд…
Адади ҳафт низ дар оинҳои наврӯзӣ аз қадим ҷой дорад. Ибтидо ҳафтшин буд. Яъне: шаҳд, шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шона. Ин ҳафт унсуре, ки дастархони наврӯзиро зинат медод, рамзҳои ҳаётанд. Амсоли шамъ — рамзи ғалабаи некӣ ба бадӣ, шир — сапедии сари Соли нав, покӣ ва орзуи тамоми сол сафедбахт будан. Оғози хӯрок субҳи Наврӯз аз нӯшидани шир шурӯъ меёфт. Шаҳду шакар рамзи ширинии ҳаёт, шароб рамзи бахту саодат, хушбахтӣ, табъи болидаи хонадон. Шамшоду шона — рамзи сарсабзӣ, умри бобаракат.
Ҳафт син — сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак, самак (моҳӣ). Дар суфра як косаи пуроб, ки дар он барги сабзе дар шино бошад ва гӯлоб мегузоштанд. Сабзаи суманакро низ болои хон мениҳоданд, ки он низ рамзе буд. Дар хони наврӯзӣ ба ғайр аз ҳафтсин як чанд тухми рангкардаи мурғ, сари ҳар як нафар шамъ, як фурқон ва моҳӣ мегузоштанд.
Суманак яке аз рамзҳои муҳими Наврӯз аст. Пухтани суманак ба дилҳо сурур мебахшад. Мардум даври деги ҷӯшидаистодаи суманак мехонданд:
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Маъракаҳои наврӯзӣ дар ҷойҳои муайян гузаронида мешуданд. Ин маъракаҳо бо номҳои махсус ёд мешуданд. Одамон дар базмгоҳ ҷамъ меомаданд. Хӯрокҳои болаззат мепухтанд. Шоирон шеър мегуфтанду қиссахонон қисса. Садои дафу чанг гӯши фалакро кар мекард. Дар гӯшае паҳлавонони номдори пиру барно ба майдони гӯштӣ медаромаданд. Ҷои дигар чавгонбозӣ авҷ мегирифт. Дар деҳот ҷашни Наврӯз бо маъракаҳои ҷуфтбаророн, бузкашӣ, пойгаҳ, гӯштигирӣ ва маслиҳати ободонӣ оғоз меёфт.
Маъракаи ҷуфтбаророн рӯзи савуми ҷашн шурӯъ мегардид. Ҷавонон ҷуфти барзаговҳои кориро ба сари замин мебурданд. Дар дегҳои калон умочи бошир мепухтанд. Баъд пирон гирди дастархони пур аз нозу неъмат давра мегирифтанд. Баъди фотеҳаи дастархон пирамарди деҳқоне аз як гӯшаи замин ба шудгор намудан шурӯъ мекард. Чун ба он канори мазраи замин мерасид, муштаи сипорро ба дасти ҷавоне медоду даст ба дуо мебардошт. Деҳқони дигари маҳосинсафед дар доман тухми гандум мепошиду даст ба дуо бардошта, аз Худованд ҳосили фаровон таманно мекард. То бегоҳ ҷавонон он рӯз ба навбат замин шудгор мекарданду дигарҳо ба базму бозӣ машғул мешуданд.
Яке аз оинҳои муҳими Наврӯз ободонӣ ва тозагист. Чанд рӯз пеш аз оғози ҷашн мардум ба ин кор шурӯъ менамуданд. Тозагӣ ва ободонӣ аз ҳавлии ҳар фард оғоз мегардид. Баъд ба кӯча мебаромаду тамоми шаҳр ё деҳаро дар бар мегирифт. Ҷойҳои вайроншударо таъмир мекарданд. Биноҳоро сафед менамуданд. Ҳамин тариқ, то рӯзи ид он мавзеъ ба як гӯшаи ободу зебо табдил меёфт.
Оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан то наздикиҳо дар тамоми манотиқи Раштон вуҷуд дошт. Онро мардуми ин мавзеъ «аловпарак» низ мегуфтанд. Бештар занон чунин оинро дунболагирӣ доштанд. Ин оини қадимаи наврӯзист. Онро ниёгони мо «чоршанбеи сурӣ» меномиданд. Дар шаби чоршанбе оташ афрӯхта, аз болои он меҷаҳиданд ва се бор ин суханонро ба забон меоварданд: «Сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту».
Хуб ёд дорам. Бачаи мактабхон будам. Бегоҳи чоршанбеи арафаи Наврӯз занон гурӯҳ-гурӯҳ дар боғҳои деҳа ҷамъ меомаданд ва ҳемаи ҳезумро болои ҳам чида оташ дар медоданду ҳар кадоме се маротиба аз болои оташ меҷаҳид. Онҳо эътиқод доштанд, ки оташи муқаддас тамоми дарду ғам ва гуноҳҳои давоми сол содирнамударо месӯзаду дар соли нав эшон ҳамранги тифли навзод зиндагӣ мекунанд. Маълум аст, ки эътиқод ба оташи муқаддас аз жарфи қарнҳои пешин то бад-он рӯз расида буд. Аҷиб ин буд, ки дар ягон давру замон касе садди роҳи ин оини аҷдодӣ намегардид.
Оини дигари наврӯзӣ «Дарахти Наврӯз». Ин анъанаи нек ҳанӯз аз рӯзгори пешиниён вуҷуд дошт. Мардум пеш аз он ки ба Наврӯзгоҳ мерафтанд, белу ниҳоле чанд гирифта, ба ягон ҷойи ба дил мувофиқ мерафтанд ва мегуфтанд: «Барои хайри мардум ва хотири шодгардонии Худованд дар ин рӯзи саид». Ва баъд ба бехи ниҳолҳо хок мекашиданд. Маросими «Дарахти Наврӯз» чанд рӯз идома меёфт. Боғҳо бунёд мешуд. Барои боғи нав ҷӯй мекашиданду дарахтони навшинондаро об мемонданд. Наврӯзи дигар дар паҳлуи он боғ боз боғи наве бунёд мегардид…
Албатта, дар боби Наврӯз ҳар қадар ҳарф бизанем, фарҷом нопайдост. Яъне он қадар қиссаву ҳикоя ва саргузаштҳои ибратомӯз аз ниёгон дар айёми Наврӯз боқӣ мондааст, ки ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Шайх Саъдии бузургвор фармудае дорад, ки он ба навиштаҳои мо ҳусни хатм мебахшад:
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истиқболам омад бахти пирӯз.
Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз Наврӯз.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»