Асри XXI — ро дар баробари замони рушди технология, фарҳангу санъат, илму маориф ва дигар соҳаҳои ҷамъият боз метавон асри ғасби ошкорову ғайриошкорои сарзаминҳо, дастрасӣ ба сарватҳои табиӣ, пайдо кардани маъхазҳои тоза ба тозаи даромади абарқудратҳо, кушодани сайёраву ситораҳои нав ва боз чандин чизи дигар низ гуфтан мумкин аст. Дар ин самт аз роҳҳои мухталиф кор гирифта мешавад, ки аз суханҳои таҳқиромези нисбат ба касе оғоз шуда, баъзан бо задухӯрдҳои низомӣ анҷом ёфта, оқибатҳои нохуше аз худ мегузорад.
Азбаски кишвари мо ҳам ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, наметавонад аз таҳаввулоту ҷараёнҳои ҷаҳонӣ канорагирӣ намояд. Ин аст, ки маҷрои зиндагӣ моро оҳиста-оҳиста вориди дунёи сармоядорӣ ва ҷараёнҳои ҷаҳонӣ мегардонад. Замон аз мо ҳушёриву зиракиро тақозо мекунад, то ки фирефтаи иғвоҳо нашуда, миллат ва фарҳанги аз қадимомадаи худро эмин нигоҳ дорем. Дар замоне ки бархӯрди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст ва тамоюли ҷаҳонишавӣ бо суръати тез ҳаракат дорад, нақши идеология, ки фарҳанг ҷузъи он аст, дар рушди ҷомеа басо муҳим мебошад. Огоҳсозии ҷомеа аз таъсири манфии ин ҷараёни ҷаҳонӣ вазифаи ҷонии ҳар як фарди меҳанпарасту фарҳангпарвар маҳсуб меёбад.
Рушди ҷомеа ва воридшавии фарҳанги бегона ба зиндагии мо таъсири ҷаҳонишавии ҷомеа аст, ки мавҷи он дунёро фаро гирифтааст. Ин ҷараёни айёму замона, ки бо номи глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ вирди забонҳост, моли имрӯза набуда, таърихи пайдоиши худро дорад, ки аз қарнҳои гузашта маншаъ гирифтааст. Глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ ҷараёни интегратсионии иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва дин буда, дар аввали пайдоиш ба маънии рушди тиҷорат фаҳмида мешуд. Тибқи сарчашмаҳо, глобализатсияро ҳамчун истилоҳ дар забон аввалин маротиба Карл Маркс дар мактуби худ ба Фридрих Энгелс охири соли 1850 ёдовар шудааст. Ӯ навишта буд: «Акнун бозори ҷаҳонӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Бо шомил шудани Калифорниё ва Ҷопон ба бозори ҷаҳонӣ глобализатсия ба вуқӯъ омад». Пасон, ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаи зиндагиро дар бар гирифт ва босуръат пеш рафт.
Дар замони мо бо истифода аз технологияи муосир он боз ҳам суръат гирифт. Акнун зери мафҳуми «ҷаҳонишавӣ» кишварҳои абарқудрат манофеи худро хеле моҳирона, ба «иззати нафси касе нарасида», пиёда месозанд.
Баъди эъломи «бозсозӣ» дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои собиқи он назорати «оҳанин»-и режими Кремл заифтар гардид, ки дигар кишварҳои абарқудрат аз он истифода карда, кӯшиши роҳандозии идеологияи худ дар ин минтақаи як замон пӯшидаро тезонид ва онро «ҷаҳонишавӣ» ном ниҳоданд. Ба ин васила, созмону ташкилотҳои ба ном «кумакрасон»-и зиёде дари худро боз карданд, ки ин ҷараёнро суръат бахшид. Ин аввалин зарба ба тағйири идеология буд, ки баъдан ба шикасти иқтисодӣ ва ниҳоят, ба шикасти сиёсии шӯравӣ оварда расонд. Ин яке аз роҳҳои татбиқи тактикаву стратегияи бузурги «Ҳукумати ҷаҳонист», ки ҷаҳони сармоя нақшаи онро ҳанӯз асрҳои гузашта кашида буд ва роҳандозии он ҳамон вақтҳо шурӯъ шуд.
Дар мавриди «Ҳукумати ҷаҳонӣ» ақидаҳо гуногунанд. Ҷойи пинҳон ҳам нест, ки барқарор намудани «Қоидаҳои нави дунё» ё «Ҳукумати ҷаҳонӣ» ин яке аз мақсадҳои муҳими глобализатсия ва ё ҷаҳонишавӣ буд, ки бо тарзу роҳҳои гуногун амалӣ мегардад. Ва ин аҳдофро созмонҳои махфӣ ҳанӯз дар асри XVIII тарҳрезӣ карда буданд. Барои мисол, мешавад аз Ордени иллюминатҳои Олмон ёдовар шуд. Онро рӯҳонӣ, профессори улуми динии Донишгоҳи шаҳрчаи Инголштадти Бавария Адам Вейсгаупт 1 майи соли 1777 таъсис дод ва номи хубе ҳам ба он гузошт, яъне «Маромҳои хайр».
Вейсгаупт мутмаин буд, ки ҷомеаи одамӣ пурра тағйир меёбад. Ӯ ба ҳамақидаҳояш гуфта буд: «Дар хотир дошта бошед, ҳадаф арзандаи ҳар он чизест, ки барояш сарф мегардад. Барои расидан ба «хайр» шахси хирадманд муваззаф аст, ҳатто аз чизе ки ба бадбахтӣ мебарад, истифода кунад». Мароми созмони онҳо гӯё расидан ба «хайр» аст, ки дар роҳи он аз куштор, ғоратгарӣ, ҷангу инқилобҳо ва муташанниҷсозии ҷомеа истифода мешавад. Тибқи ақидаи Вейсгаупт, мушкилоти умда дар роҳи рушди инсоният ин тақсимоти миллии ҷаҳон аст. Ӯ навишта буд: «Бо пайдоиши миллату халқиятҳо, ҷаҳон аз рушд ҳамчун оилаи калон бозмонд… Барои ба «муҳаббати умумибашарӣ» баргаштан бояд давлатҳои миллӣ ва ҳукуматҳои онҳоро нобуд кард ва ба ҷойи онҳо Ҳукумати ҷаҳонӣ таъсис дод, ки иллюминатҳо онро назорат кунанд… «Қаламравҳо ва миллатҳо аз рӯи замин нобуд мешаванд ва қавми одамизод ба як оилаи бузург табдил меёбад». Ва баъд, созмони онҳо ҳомии ягонаи ҷаҳон гашта, ҳар як узви он амир мегардад. Вале ин маром бояд махфии пушти ҳафт қуфл бошад, мисле ки худи Орден (созмон) ҳаст. Ӯ мегӯяд: «Қувваи бузурги Ордени мо ин махфияти он аст. Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой нагузоред, ки он бо исми худ фаъолият намояд. Он ҳамеша бояд таҳти номҳои гуногун ва фаъолиятҳои мухталиф амал намояд». Бо ҳамин мақсад вай фаъолияти густурдаеро дар ҳамин масир шурӯъ кард. Кори аввалини онҳо — нобуд сохтани калисои масеҳиён гардид, ки монеаи бузурге дар пиёда намудани мақсадҳои олии онҳо буд.
Дар роҳи амалӣ гардидани ин маромҳо баъдан боз созмону ташкилотҳои дигар, ба мисли «Мизи мудаввар»-и Сэсил Родс, «Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ»-и бонкдор Морган, Клуби Билдербег ва ғайраҳо таъсис ёфтанд, ки ба он ашхоси шинохтаи Амрико, Канада, Олмон, Африқои Ҷанубӣ, Австралия аъзо буданд. Ташкилоти созмондодаи махфии Сэсил Род — «Мизи мудаввар» дар охири асри XIX ва аввали асри XX барои таҳти назорати худ даровардани иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги баъзе кишварҳо кӯшиш кард ва ба он муваффақ ҳам гардид. Дар ин масир аз таблиғи шаклҳои гуногуни санъату фарҳанг, намудҳои мухталифи жанрҳои мусиқӣ, мӯд, тарзи рафтору гуфтор, дин ва ҳоказо истифода мешавад. Ҷавононе, ки донишу саводи хуб надоранд ё ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, зуд пойбанди ин таблиғот мегарданд ва дар зиндагии худ аз он истифода мебаранд. Дар ин ҳол ҷаҳонишавии фарҳангро аз фарҳанги империалистӣ фарқ кардан лозим аст, ки ҳадафаш аз гегемонии кишварҳои тараққикарда ва зӯран бор кардани арзишҳои худ бар дӯши кишварҳои иқтисодашон заиф иборат аст.
Солҳои охир дар сайтҳои интернетӣ ва дӯконҳои фитафурӯшии мамлакат суруду мусиқиҳое фурӯхта мешаванд, ки дар сабки пешниҳоди онҳо таъсири фарҳанги Ғарб баръало эҳсос мегардад. Суруди ахиран сароидаи овозхони ҷавон Ҷамила Икромӣ мисоли ин гуфтаҳост. Суруди сароида бо содагии матнаш, ба табъи ҷавонони имрӯза хушоянд аст. Яъне:
«Ма тура мегум банга назан сағера,
Корчара мегирӣ мара мезанӣ мешай якбора турма….»
Матни он аз лиҳози адабӣ ва шеърият дур аст ва аз завқи пасти муаллиф дарак медиҳад. Ин гуна матнҳои содаву сабук, ки дар он баъзан маводи мухаддир васф мешавад, хоси сурудҳои ғарбӣ ва махсусан жанри рэп (rаp) ва ҳип-ҳоп (hip-hop) аст. Аксари овозхонҳои рэпи Ғарб, аз қабили Гуччи Мейн, Эминем, Lil, B. Гуф, Виз Халифа, Снуп Догг ва дигарон аз ин мавзӯъот истифода кардаанд. Гарчанде худи мусиқии сурудаи Ҷамила жанри рэп ё ҳип-ҳоп нест, аммо зарби рақсӣ дорад ва ҷавонон онро хуб қабул мекунанд. Ин суруд мисоли рӯшани ҷаҳонишавии фарҳанг аст, ки беихтиёр моро ба гирдоби худ кашида истодааст.
Ҳоло барои пешгирӣ аз ин гуна сурудҳо ягон қонуне вуҷуд надорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», ки принсипҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳангро ба танзим медарорад, озодии фаъолияти эҷодиро кафолат додааст (моддаи 4).
Хуб мешуд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» бо назардошти урфу одат, тамаддун ва фарҳангамон тағйиру иловаҳо ворид мегардид, вагарна шакли ҳозираи он боиси ба фарҳанги чандинасраи мо ворид гардидани мафкураи бегона ва ғализ, теша задан ба арзишҳои волои миллат мегардад. Дар ҷумҳурии ҳамсояи мо — Ӯзбекистон «Ӯзбекнаво» ном муассисае вуҷуд дорад, ки дар он ҷо ҳама сурудаҳо аз назари мутахассисон гузашта, баъд иҷозаи пахш мегиранд. Ё ин ки овозхону ҳунарманд, пеш аз он ки ба саҳна барояду ҳунари худро нишон диҳад, иҷозатномаи ин муассисаро бояд бигирад. Хуб мешуд, ин тарзи назорат дар ҷумҳурии мо ҳам ҷорӣ мешуд.
Албатта, дар баробари таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳанг, он ҷиҳати мусбат ҳам дорад. Яъне, ошноӣ пайдо намудан бо фарҳанги дигарон ва аз он чизи хубу мувофиқро, ки ба анъана ва суннатҳои миллии мо наздиканд, қабул намудаву дар рушди фарҳанги худ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Чунки сарчашмаи рушди устувори миллат аз рангорангии фарҳанги он маншаъ мегирад. Барои ҳамин чизи зиёдеро аз атрофиён бояд омӯхт ва роҳи дурусту устувори фарҳанги худро муайян кард. Дар ин мавзӯъ моҳи сентябри соли 2000 сарони давлатҳо ва хукуматҳо Декларатсияи ҳазорсолаи СММ-ро қабул карданд, ки вазифаи асосии он таъмин намудани роҳи мусбати ҷаҳонишавӣ барои халқҳои дунё буд. Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир шаҳди меваҳои ин ҷараёнро танҳо кишварҳое мечашанд, ки дар рақобати глобалӣ истодагарӣ мекунанд, яъне кишварҳои пешрафтаи Ғарб.
Аз ин рӯ, дар ин марҳилаи муҳими воридшавӣ ба дунёи рақобати сармоядорӣ ва ҷаҳонишавии таммадунҳо, интихоби дурусти роҳи ояндаи миллат ва фарҳанг аз мо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.
Имрӯз дар баробари эҳёи иқтисоди кишвар, эҳёи фарҳанги миллат низ барои рушди мукаммали ҷомеа нақши муҳим мебозад. Чунки фарҳанг ҳастии мост, он чизест, ки моро ҳамчун миллат ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Натиҷаи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ фарҳанги мо дубора ҷон гирифт ва имрӯз муаррифгари миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Вазифаи мо ҳифзи он аз таъсири бади фарҳанги бегона аст, ки метавонад ин дороии маънавии моро ба нестӣ барад. Дар мавҷи зиндагии пуртазод ҳифзи фарҳангу забони барои мо — миллате, ки тӯли таърих аз дороии доштааш танҳо ҳамин ду боқӣ мондааст, қарзу фарз аст. Аз рушди он ҷараёнҳое, ки метавонанд ин сарвати бебаҳоро фурӯ баранд, тавре бояд истифода кард, ки он баръакс, муаррифгари фарҳанги мо ба ҷаҳониён гардад. Бигузор фарҳанги тоҷик чун пештара қутбнамои фарҳанги ҷаҳон бошад!
Нуралӣ ШОЕВ, директори Маркази эҷодии «Илҳом»