Ин гуфта бе ҳикмат нест. Дарвоқеъ, зебоипарастӣ ва зебоиофарӣ аз беҳин хислатҳои одамӣ буда, муҳаббату завқи баландро бозгӯ мебошанд. Ҳаваси баланди зебоипарастию зебоиофариро фаразан, аз ҳунарҳои вежаи мардумӣ ҳисобем ҳам, иштибоҳ намешавад. Аз ин лиҳоз, эълон доштани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷумҳурӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид аст.
Бояд гуфт, ки ба шарофати ин иқдом дар муддати хеле кӯтоҳ, аллакай корҳои зиёди ободонию зебогардонӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардиданд, ки баёни ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтани он аз ҷониби мардум аст. Масалан, танҳо дар шаҳри Душанбе, бо ҷидду ҷаҳди зиёд дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, чанд боғи фарҳангию фароғатии нав бунёд ёфтанд, ки дар баробари ба намоиш гузоштани санъати волои меъмории миллӣ, моломоли гулҳои гуногунранг, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан мебошанд ва аз ин шоҳкориҳо мардум, хусусан, шодию хурсандии кӯдакону наврасонро ҳадду канор нест.
Табиати инсон чунин сохта шудааст, ки фақат бо моддиёт зинда набуда, ғизои баланди маънавӣ дар табобату таҳкими рӯҳи он низ таъсиргузор мебошад. Тамошои гулу буттаҳои зебо, сайругашт дар боғу хиёбонҳои гулпӯшу махмалин, накҳати мушку анбари гулҳои муаттар, фаввораҳои обшор ба ҷисму рӯҳи инсон кайфияту манфиат мебахшанд. Дар шароити гармшавии иқлими сайёра, хурӯҷи бемориҳои гуногуни сироятшаванда, диққати ҷиддӣ додан ба масъалаи сабзазоркунии шаҳру деҳот маънои пешгирӣ кардан аз бисёр ҳаводиси табииро низ дорад.
Дар қатори дигар сокинони кишвар, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳнамоии роҳбари он Мизроб Кабиров иштироки фаъолона дар маъракаҳои ободу зебогардонии диёрро мояи ифтихор медонанд. Аз ҷумла, дар радифи дигар корҳои созандагӣ, ҳусни тоза бахшидан ба ҳавлӣ, боғу гулгашт, гулхонаву китобхона, осорхонаву роҳрав ва долону даҳлезҳои коргоҳ аз тарафи онҳо далели гуфтаҳои болост.
Бо заҳмати ҳаррӯзаи кормандон саҳни ҳавлии бинои Маҷлиси намояндагон ба гулистони ҳақиқӣ табдил дода шудааст. Дар он ҷо навъҳои гуногуни гулу дарахтони зиёдро дучор омадан мумкин аст, ки заҳмату кордонӣ ва парваришу нигоҳубини махсусро тақозо менамоянд. Дар китобхона ва осорхонаи даргоҳ, ки ба ҷои дӯстдоштаи ҳаводорони илму адаб, таъриху сиёсат бадал ва бо мизу курсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, асарҳои зиёди ҷолибу хонданибоб, тасвиру минётураҳои сатҳи байналмилалӣ, туҳфаву ҳадяҳои хотиравии сарони кишварҳои олам ва раисони парламентҳои дунё нигоҳдорӣ мешаванд. Ин ҳама мусоидат ба он мекунад, ки вакилону давлатмардон, адибону рӯзноманигорон, ки бо тақозои касбу кор меҳмони ин даргоҳи муътабар мегарданд, бо таассуроти нек аз ободию зебогӣ, завқи баланди зебоипарастии миллати қадимаю тамаддунсоз ба мардум паём расонда, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба сарзамини биҳиштосо таҳким бахшанд.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»