Бозор Собир

ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТ

№87 (3072) 12.07.2013

Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,

Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд.

Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту,

Бар ҷумла ҷони хаста монандаи даво шуд.

 

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

 

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ,

Дар роҳи сулҳи миллат бо ҷанг ҷанг кардӣ.

Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,

Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.

 

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

 

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,

Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.

Чун марди ваҳдатовар ҳастӣ саодатовар,

Ҳар рӯзи неки умрат рӯзи саиди халқ аст.

 

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

 

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,

Иқболи халқи хешат умре ниёз бодо.

Кӯтоҳ агар бигӯем, сӯи саодати халқ,

Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

 

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!