Қаҳрамони Ваҳдат

№83-84 (4823-4824) 26.06.2024

ПРЕЗИДЕНТ ВА Б СОБИР (2)Сухане чанд аз нақши созандаи Пешвои миллат дар ашъори Бозор Собир

Устод Бозор Собир аз шоирони маъруф ва маҳбуби миллати тоҷик буда, эҷодиёташ саршор аз меҳри Ватан-Модар аст. Ӯ тозаандешу тозагӯ мебошад. Шеъраш дилнишину гуворост. Дар ҳар шеъри Бозор Собир  оҳангу садои ғулғулаафкани озодию истиқлолхоҳӣ, ваҳдату якдилӣ, бедории миллӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадру манзалати забону сухан ба гӯш мерасад.

Як силсила шеърҳои устод ба  эҳтиром ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бахшида шудаанд. Аз ҷумла, шоир дар шеъри «Сангари сангини истиқлол» садоқатмандӣ, накукорӣ, одамият, самимият, ҷонфидоӣ, хоксорию фидокориҳои Қаҳрамони Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чунин ба қалам медиҳад:

Курсиат аз партаи мактаб,

Минбарат аз дарзаи деҳқон,

Пойандозат ба маҳфилҳо,

Ҳар қадам аз пардаи дилҳо.

 

Пешвои миллати Зардушт,

Пешвои миллати Маздак,

Пешвои миллати Айнӣ,

Пешвои миллати Восеъ,

Ҷонишини Оли Сомон,

Қаҳрамони Тоҷикистон.

Аз дами оташ гузаштӣ,

Чун Сиёвуш,

Кардӣ оташро ту хомӯш.

Аз сари сарҳад гирифтӣ

Ҳар фирориро дар оғуш,

Ҷангро карди фаромӯш…

Воқеан, Пешвои азизро ҳар қадам пойандоз аз пардаи дилҳост, мардум муштоқи шунидани суханҳои рӯҳнавозу ширин ва пур аз ҳикматаш мебошанду самимона дӯсташ медоранд.

Агар таърихи начандон дури миллат — ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро пеши назар орем, вуҷудамон ба ларза меояд. Ёди он рӯзҳои талх ҳамеша талх аст. Дар он зулмат танҳо як ситораи дурахшон (дурахшаш ҷовидону поянда  бод)   бо исми шарифи ­Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  дили ­мардумро ба ояндаи нек гарм сохт. Тухми некӣ, хушрӯзию озодиро дар кишвар кишт. Воқеан,  на ба ҳар сарвару пешво муяссар мегардад, ки курсияш аз партаи мактаб, минбараш аз дарзаи деҳқон ва  пойандозаш дар маҳфилу маҷлисҳо аз пардаи дилҳо бошад.

Бозор Собир шоири дақиқбин, ҳассосу ҳақиқатнигор аст. Ӯ аз қаҳрамонию диловарӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободию озодӣ, якпорчагии марзу бум, садоқати бепоён ба муқаддасоти Ватан, барои ғамхору дилсӯзу дилогоҳи халқ будану оинаи қаднамои миллат гаштанашон рӯҳи тоза мегирад ва  бо   самимияту ифтихору эҳтироми хоса изҳор менамояд:

Бо садои гармат одат кардаем

Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,

Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,

Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Чунки дар рӯи ту мебинем

Рӯи миллатро,

Нури миллатро.

Чунки аз пешонии бози ту мехонем

Мо хати тақдири миллатро.

Пойгоҳи давлататро карда кафшер

Бастакори нақби Анзоб,

Бастакори нақби Шаршар,

Бастакори Чормағзак,

Бастакори ГЭС-и «Роғон»

Ҳамчу оҳан,

Ҳамчу чӯян,

Ҳамчу пӯлод

Пойдор.

Дар фарҳанги миллии тоҷикон ибораи «садои гарм» ҳамчун сухани форам, гӯшнавозу рӯҳнавозу дилнишин  фаҳмида мешавад. Мо ба суханони гарми Шумо ҳамчу зангӯлаи давлат, ки моро ба бунёдкорию созандагӣ даъват мекунад, ҳамчу зангӯлаи ваҳдат, ки моро ба ягонагию дӯстиву тифоқӣ даъват мекунад, ҳамчу зангӯлаи мактаб, ки ба илму касбомӯзӣ ҳидоят менамояд, одат кардаем,- мегӯяд устод Бозор Собир. Илова мекунад, ки дар рӯи пурнури Шумо рӯи миллатро мебинем ва дар пешонаи фарохатон хати тақдири миллатро мехонем. Шумо на танҳо Пешвои азизу муътабари миллатед, балки  бо талошу заҳматҳои шабонарӯзиатон собит намудед, ки поягузори нақбҳои Анзобу Шаршару Чормағзак ва НБО «Роғун» низ ҳастед. Ин аст самимият, ихлос, эҳтирому эътиқод ва қадршиносӣ.

Устод Бозор Собир дар байти  зер бо эҳсоси баланди шоирӣ дар ситоиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мегӯяд:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Дар ин мисраъҳо як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта аст. Аввал ин ки устод Бозор Собир Пешвои азизамонро Қаҳрамони ваҳдат меномад ва халқи тоҷик хуб дар ёд доранд, ки то ба ваҳдати воқеӣ расидан Президенти мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чӣ азобу уқубатро аз сар гузаронданд, чӣ   ҷонбозиҳою  қаҳрамониҳо нишон доданд, ки ин ҳама аз назари шоир дур намондааст. Барои ин ҳақиқат­ро дида тавонистан ва ба қалам додан  чашми бино кам аст, дили бино доштан лозим.

Дувум, устод Бозор Собир бо як эҳтироми бузург  мегӯяд, ки номи Қаҳрамони ваҳдатро бо оби ноби тилло менависем, ки ин далели эҳтироми беандозаи шоир нисбати Пешвои миллат мебошад.

Сеюм, устод Бозор Собир ҷои гузош­тани ин ҳарфҳои тиллоиро низ муқаррар мекунад, ки он тоқи Қасри миллат аст. Ва ниҳоят бо оби ноби тилло навиштани номи Пешвои азизамон маънои ҷовидана дар таърихи миллат сабт шудани ин номи муборакро дорад. Бо ин суханҳо шоир аз ҳамаи мо даъват ба амал меорад, ки дар атрофи Пешвои ваҳдатсозамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, то ба хонаи сулҳи мо дигар душманон ҳеҷ гоҳ рахна назананд.

  Шоир самимияту садоқати бепоёни  худро нисбат ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар як силсила шеърҳои дигараш низ ба ­намоиш гузоштааст. Лаҳзаи пурҳаяҷоне, ки Сарвари давлат ба булдозер нишаста, пеши ҷараёни дарёи Вахши исёнгарро мебастанд, устод Бозор Собирро ба ваҷд меорад:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани ду чархаи  НБО «Роғун» кишвари мо барои гузаш­тан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами бузургу устувор гузошт. Ба қадри ин во­қеаи бузурги таърихӣ бояд расид.

Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро

Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,

Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли деҳқонбачаи қишлоқ

Аз каланду досу мисрон.

Чун кафи дасти ту шаҳроҳат

Аз Душанбе то Бадахшон,

Аз канори Суғд то Хатлон;

Дар кафи дасти ту меронанд,

Дар кафи дасти ту метозанд,

Дар кафи дасти ту ҷорист

Сели мошин,

Фавҷи дарёҳои мошин.

Шоир бо эҳтиром дасти Пешвои азизамонро мефишорад ва меболад, ки дар Ватанамон роҳҳо мумфаршу ҳамворанд чун кафи даст, сели мошинҳо ҷорист рӯзу шабҳо ва пойгоҳи давлати тоҷикон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат маҳкаму устувор ҳамчу оҳан, ҳамчу пӯлод аст.  Устод Бозор Собир Пешвои миллатро ризқофаре медонад, ки дас­ту панҷаҳояш мус­таҳкам аз зарбати кор аст. Аз ин рӯ, дасту панҷаҳоятро бо эҳтиром мефишорам мегӯяд. Бозор Собир  рушд ва бақои миллатро дар эҳтирому иҷро намудани дастуру супориш ва   ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ҳамчунин, иттиҳоду ҳамбастагӣ, ваҳдату якдилии халқ ва ҷонибдории сиёсати созандаю инсонгароёнаи ӯ мебинад. Зеро  маҳз бо заҳмату талош­ҳои пайгиронаю хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид. Миллати тоҷик баъд аз гузаш­ти асрҳо дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои филологӣ