Имрӯз ҳеҷ ҳунарро хортар аз ҳаҷвнигорӣ намебинем, зеро шӯхии баъзе аз ҳаҷвнигорон шеваи кӯчагӣ дорад.
Студияи «Раҳим ПРОДАКШЕН» яке аз онҳост.
Чанде пеш «бузургон»-и он Рӯдакиро ба яке аз персонажҳо табдил дода, моҳиятан таҳқир карданд.
Наход барои ҳаҷвнигор мавзӯъ ёфт нашавад, ки Сардафтари адабиёти классикии тоҷик, Маликулшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва омӯзгорро мавриди ҳазлу мутоиба қарор диҳад. Зеро ҳаққи маънавии номи поки ин бузургворро ба ҷуз бо эҳтирому ситоиш ба забон гирифтан надорем.
Ҳаҷв бояд бо маъниҳои зарифу латиф ороста бошад, на ба маъниҳои касиф ва ҳаҷвнигор бо зарофат сухан гӯяд, на бо кароҳат. Аз ин қабил ҳаҷвнигорон ҳеҷ кас лутфи баландро интизор нест, лоақал таҳқир накунанд.
Аз фозиле пурсиданд, ки чаро шеър намегӯйӣ?
Гуфт: — Аз баҳри он ки, чунонки мехоҳам ояд, намеояд ва он чӣ меояд, намехоҳам.
Аксар саҳначаҳои ҳаҷвӣ, ки дар студияҳои шахсӣ ба навор гирифта мешаванд, «шеъри худам, оҳанги худам ва дар рақс низ худам» маҳсуб мешаванд.
Хуб мешуд, ки мақомоти дахлдор ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир ва бетаъхир чораандешӣ мекарданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»