Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи табъу нашри ватаниву хориҷӣ иштирок карданд. Ба ин хотир бо директори намоишгоҳ Абдуфаттоҳ Мираҳмадов мусоҳиба оростем.
- Ҳадаф аз гузаронидани Намоишгоҳи байналмилалӣ дар чӣ буд?
- Тақвият бахшидани фаъолияти соҳаи полиграфияи ҷумҳурӣ, ҳамкориҳои ноширони Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва тарғибу ташвиқи китоб миёни ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон.
Маълум аст, ки на ҳама дар алоҳидагӣ метавонанд маҳсулоти худро тарғиб ва пешкаши хонанда кунанд. Дар намоишгоҳ ноширону хонандагон ба ҳам меоянд, муттаҳид мешаванд. Муаллифон низ ширкат меварзанд, мехоҳанд китобҳои худро дар ғурфаҳо бубинанд ва бо хонандагон вохӯранд.
- Зимни баргузорӣ ноширони кадом давлатҳо иштирок карданд?
- Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи тадорукоти намоишгоҳ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон даъватнома ирсол кард ва ноширони аксари ин давлатҳо дар намоишгоҳ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта намояндагони шаш нашриёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал дар намоиш иштирок карда, бо чандин нашриёти кишвар шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
- Дар доираи намоишгоҳ боз кадом чорабиниҳо баргузор гардиданд?
- Намоишгоҳ се рӯз (18-20 октябр) ҷараён гирифт. Дар ин муддат конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи китоби коғазӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ», маҳфилҳои шеъру суруд, озмуни қироати шеър дар мавзӯи Ватан бо иштироки хонандагон баргузор гардид. Китобҳои тозанашри ноширони ватанӣ муаррифӣ шуд. Меҳмонон ва ноширони хориҷӣ бо маконҳои таърихӣ ва сайёҳӣ – Китобхонаи миллӣ, Боғи Парчами миллӣ, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллӣ, Боғи Ирам ва ғайра ошно шуданд.
Иттифоқи композиторон аввалин бор китобҳои тозанашреро, ки ба соҳаи мусиқӣ дахл доранд, муаррифӣ кард.
Аз рӯи се номинатсия озмун эълон кардем: «Ношири муваффақи сол», «Ороишгари беҳтарини китоб», «Тарҷумони сермаҳсули сол». Номинатсияи «Тарҷумони сермаҳсули сол» бори аввал ба озмун дохил карда шуд, зеро тарҷумонҳо низ дар нашру паҳн кардани китобҳо саҳми бориз доранд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Ношири муваффақи сол» ҷойи якум ба нашриёти «Адиб», ҷойи дуюм ба ҶДММ «Ношир» ва ҷойи сеюм ба ҶДММ «Истеъдод» ва дар номинатсияи «Тарҷумони беҳтарини сол» ҷойи якум ба Бахтиёри Муртазо, ҷойи дуюм ба Гулназар Келдӣ ва ҷойи сеюм ба Салими Зарафшонфар лоиқ дониста шуд.
- Оё баргузории намоишгоҳ барои ҷалби мардум ба китобхонӣ мусоидат мекунад?
- Мардум солҳои аввал шояд аз мақсади баргузории намоишгоҳ он қадар хуб воқиф набуданд ё нисбат ба китоб беэътиноӣ мекарданд. Аз рӯи натиҷаҳои чанд соли охир гуфта метавонам, ки онҳо дилбохтаи китоб ҳастанд. Зеро нафарони зиёд телефонӣ муроҷиат карда, кай ва дар куҷо баргузор шудани намоиши китоб, ширкаткунандагон ва пешниҳод шудани адабиёти тозаро мепурсиданд.
Соли ҷорӣ иштирокчиёни асосии намоиш донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буданд. Фурӯшандаҳо аз савдои китоб қаноатмандӣ карданд. Ин нишон медиҳад, ки талабот ва таваҷҷуҳ ба китоб сол то сол зиёд мешавад.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»