Дар Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия бахшида ба 600- солагии шоири классики форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин маҳфили адабӣ олимону адабиётшиносон ва нависандагон ширкат доштанд. Мудири кафедраи таърих ва назарияи журналистикаи донишгоҳ Масрур Абдуллоев маҳфилро ифтитоҳ намуд. Декани факултети филологияи донишгоҳи мазкур Рустам Салимов роҷеъ ба мақоми хосаи мутафаккири барҷаста дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳарф зад.
Раисии маҳфилро Леонид Чигрин, омӯзгори донишгоҳ ва ҳамзамон адиби русзабони тоҷик, ки аз таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик хуб огоҳ аст, ба уҳда дошт. Тавре вай иброз намуд, Абдураҳмони Ҷомӣ сарвари маънавии илму адабиёти Мовароуннаҳру Ҳирот дар қарни худ буда, шогирдони зиёде дошт. Ӯ аз зумраи шоироне аст, ки метавон ба қатори Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Румӣ, Бедил ва дигарон донист.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»