Баробари ба забон гирифтани номи донишманди овозадори тоҷик Абуалӣ ибни Сино пеши назар фаъолияти тиббии ӯ меояд. Ин иқтибос: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (460-370) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (Гелен 129-215) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Закариёи Розӣ (865-925) фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Абуалӣ ибни Сино (980-1037) комил намуд» аз китоби «Буалинома»-и муҳаққиқ А. Комилӣ далели раднопазирест, ки ӯ дар рушди тибби ҷаҳон саҳми нозудуданӣ дорад.
Дар тиб бо китобҳои «Ал-Қонун» («Ал-Қонун» бузургтарин донишномаи тиббӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст) ва «Аш-Шифо» машҳур аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ӯ дар омӯзиш ва инкишофи илмҳое, чун кимиё, математика, физика, равоншиносӣ, нуҷум низ саҳми мондагор дорад. Аз ӯ чун падари геология низ ёд мекунанд. Кашфиёт ва ихтирооти Абуалӣ ибни Сино дар илмҳои риёзӣ, нуҷум, физика, ҳандаса кадомҳоянд ва чаро дар ин маврид камтар медонем? Ба хотири дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигар бо доктори илми физика-математика профессор Абдулҳай Комилӣ суҳбат анҷом додем:
- Пеш аз посух ба суол мехоҳам хонандагони рӯзнома донанд, ки кашфиёт ва ихтироъ як чиз нестанд. Дар ин боб ҳанӯз пеш аз милод Буқрот (Буқроти риёзидон, на Буқроти табиб) ва Суқрот бо ҳам баҳс карда, собит кардаанд, ки кашфиёт муаммо ва ё чизе мебошад, ки дар табиат қаблан вуҷуд доштааст ва он бо мурури замон аз ҷониби донишманде ошкор мешавад. Масалан, ҷазираҳои Антил, қисми шимолии соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ ва қисми ҷанубии Баҳри Кариби соҳилҳои Америкаи Шимолӣ қаблан вуҷуд доштанд, аммо онҳоро солҳои 1492-1503 Хиристофор Колумб кашф кард. Дар илм ҳам ин гуна аст. Қонуни Паскал вуҷуд дошт, аммо чун Паскал онро кашф намуд, дар таърихи илм бо номи ӯ сабт гашт.
Ихтироъ бошад, чизеро мегӯянд, ки аслан дар табиат вуҷуд надорад. Он дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқ ба вуҷуд меояд.
- Аз ин нуктаи назар Абуалӣ ибни Сино кашшоф аст ё ихтироъкор?
- Ҳам кашшоф, ҳам ихтироъкор. Дар ҳандаса кашфиёт, дар нуҷум, физика, химия, тиб ҳам кашфиёт дорад, ҳам ихтироъ.
Чун табиб маъруфияти бештар пайдо намудани ӯ бесабаб нест. Азбаски Абуалӣ ибни Сино бештар аз лиҳози тиб таҳқиқ шудааст, чун табиб машҳур аст, хоса миёни донишмандони Ғарб. Аврупоиҳо ҳанӯз дар асри XII ӯро аз рӯи асараш «Ал-Қонун» шинохтанд ва табиби маъруф эътироф карданд. Чун аз илми тибби Сино огоҳ шуданд, табиб ва чун фалсафаашро омӯхтанд, файласуф номаш бурданд. Аммо Сино дар баробари ин, асосгузори жанри рубоии фалсафӣ бо забони тоҷикӣ мебошад, ки онро ба нуқтаи комил Хайём расонидааст. Саҳми ӯ дар рушди илмҳои дигари табиию риёзӣ кам нест. Бо сабаби он ки ин самтҳои таҳқиқоти ӯ ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, дар ин бора камтар медонем. Ҳол он ки дар таърих илм аз масъалаҳои сода (элемантарӣ)-и риёзиёт чанд масъала бо номи Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна) собит аст.
Чунончӣ, масъалаи тақсимшавии ададҳо ба адади 9, агар адади ба 9 тақсимшаванда бақияи 1 ё 8 дошта бошад, пас мураббаи (квадрати) онро ба 9 тақсим намоем, 1 бақия мемонад;
Агар адади ба 9 тақсимшаванда бақияи 2 ё 7 дошта бошад, пас мураббаи онро ба 9 тақсим намоем, 4 бақия мемонад;
Агар адади ба 9 тақсимшаванда бақияи 1, 4 ва ё 7 дошта бошад, пас мукааби (куби) онро бар 9 тақсим намоем, 1 бақия мемонад;
Агар адади ба 9 тақсимшаванда бақияи 2, 5 ва ё 8 дошта бошад, пас мукааби онро бар 9 тақсим намоем, 8 бақия мемонад;
Агар адади ба 9 тақсимшаванда бақияи 3 ё 6 дошта бошад, пас мукааби он бар 9 бе бақия тақсим мешавад.
Дар мактаби миёна ба мо одатан нишонаҳои тақсимшавии ададҳоро ба ададҳои 2, 3, 5 меомӯзониданд. Нишонаҳои тақсимшавӣ ба 9, 6, 7 вуҷуд надошт, вале ман ҳини омӯзиши осори Сино дидам, ки ӯ дар ин маврид иттилои ҷолиб додааст.
Унсурҳои ҳандаса (геометрия) ва илми ҳисоб (арифметика)-ро ҷудогона фаҳмида, ҳар дуро якҷо илми риёзиёт мешуморад. Абуалӣ ибни Сино илмҳои манозир (оптика), ҷирри сақил ва ҳиял (механика) инчунин, илми мусиқиро ба риёзиёт шомил мекард. Ин ба он хотир буд, ки илмҳои зикргардида дар асоси унсурҳои содаи илми риёзӣ омӯхта мешаванд. Ин ва дигар масъалаҳои риёзӣ дар асарҳои «Донишнома», «Китоб-уш-шифо», ва «Китоб-ун-наҷот»-и донишманд дарҷ шудаанд.
Абуалӣ ибни Сино дар «Донишнома» ададро маҷмуи воҳидҳо таъриф додааст, ки агар ба таърихи риёзӣ назар афканем, ин гуна таъриф хоси ададҳои натуралии калон аз 1 мебошанд.
Чизи дигари ҷолиб он аст, ки ӯ истилоҳҳои илмии тоҷикӣ низ баён кардааст. Масалан, гуфта буд: «ҳаракатро ба порсӣ (тоҷикӣ) «ҷунбиш» гӯянд». Яъне, ӯ таъкид мекунад, ки «ҳаракат» калимаи арабӣ буда, «ҷунбиш» тоҷикӣ аст. Таваҷҷуҳ зоҳир кунед, ки то имрӯз дар миёни тоҷикон ибораи «ҳаракат намудан»-ро «биҷунб» мегӯянд.
- Саҳми ӯро дар рушди илми астрономия чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ба наздикӣ ду донишманди олмонӣ дарёфтанд, ки Сино ҳаракати Муштариро аз хатсайри Офтоб пешгӯӣ карда будааст. Ин суханро қаблан аз шодравон академик Мӯсо Диноршоев шунида будам.
Абуалӣ ибни Сино дар самти астрономия ҳашт сол таҳқиқу омӯзиш анҷом дода, 20 таълифот ба мо мерос гузоштааст. Мутаассифона, ин осор ба сабабҳои гуногун ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд. Аммо худи ҳамин далел, ки ҳашт соли ҳаёти хешро ба омӯзиши астрономия сарф кардаву дар ин самт 20 асар таълиф намудааст, кофист, то хонандагон саҳми ӯро дар рушди астрономия дарк намоянд.
Чизи дигаре, ки мехоҳам хонандагон бидонанд, ин аст: асбоберо, ки бо номи «нониус» маъруф аст. Асбобе, ки соли 1542 аз ҷониби олими португалӣ Педро Нуниетс ихтироъ шуда, ба номи ӯ сабт шуд, ҳануз 500 сол қабл аз Педро Абуалии Сино барои омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ ихтироъ намуда буд.
- Дуруст аст, ки дар физика Сино аввалин нафаре буд, ки фарқи байни суръати нур ва садоро қиёс кардааст?
- Бале. Ҳоло миёни олимони физика андешае роиҷ аст, ки бори аввал Нютон ва Гюгенс дар ин бора гуфтаанд. Аммо Сино қабл аз инҳо таъкид намуда буд, ки раъду барқ дар як замон тавлид мешаванд, вале аввал мо чароғакро мебинем, андак баъд садои раъдро мешунавем. Ин таъкид ишора ба он дорад, ки суръати нур аз садо бештар аст. Ғайр аз ин, аз паси булури мудаввар чаппа вонамуд шудани расмҳоро низ Абуалии Сино шарҳ дода буд.
Бори нахуст ӯ шарҳ дод, ки чаро шахси болои кӯҳ истода садои нафари дар поинбударо хубтар мешунавад. Ин масъала ба қисми акустикаи илми физика тааллуқ дорад. Абуалии Сино баъзе масъалаҳои марбут ба физикаро дар асарҳои энсиклопедии худ «Донишнома», «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ал-қонун-фи-тиб» ва дигар асарҳои фалсафиаш баҳс кардааст. Ба қалами ӯ рисолаҳои махсусе низ тааллуқ доранд, ки дар бобҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ баҳс мекунанд. «Меъёр-ул-уқул дар фанни ҷарри исқол», «Қурозаи табииёт» аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар физика Сино қонунеро кашф карда, онро «майл» номида буд. Баъдан, Жан Буридан — донишманди асри XIII фаронсавӣ онро омӯхта, «импетус» номид. Вале он ҳоло чун қонуни якуми Нютон бо номи «импулс» маълум аст.
Асари дигари Абуалӣ ибни Сино, ки дар он баъзе масъалаҳои физикаи атмосферӣ муоина мешавад, «Рисола-фи-асбоб ва-ар-раъд» («Рисола дар зикри сабабҳои раъд») мебошад.
Дар бораи чигунагии дидор (биниш) Абуалӣ ибни Сино андеша ва назарияҳои донишмандони то замони хешро (назарияҳои то замони ӯ дар мавриди биниш чунин буд, ки чашм аз худ нур бароварда, ашё ва атрофро мебинад. Тибқи назарияи дигар, ҷисм аз худ нур мебарорад ва мо онро мебинем) инкор мекунад. Мегӯяд ин нур аст, ки ба ҷисм мерасад ва дар натиҷа мо ҷисм ва атрофро мебинем. Умуман, дар рушди бисёр бахшҳои физикаи замонаш, аз ҷумла механика, статика, динамика, акустика, оптика, Сино саҳми бузург дорад.
- Маълум мешавад, ки ҳама кашфиёте, ки Ибни Ҳайсами Басрӣ дорад, хоса дар оптикаи физикӣ, биологӣ ё биниш, Абуалӣ ибни Сино онҳоро хеле инкишоф додааст…
- Дуруст қайд кардед. Воқеан, дар таърихи илм саҳми Абуалӣ ибни Сино хоса дар таҳқиқ ва рушди оптика, махсусан оптикаи биологӣ, аз Ибни Ҳайсами Басрӣ камтар нест.
- Пас, чаро маҳз Ибни Ҳайсами Басрӣ дар ҷаҳон чун падари оптикаи муосир эътироф шудааст?
- Оптикаи биологии Ибни Ҳайсами Басрӣ таҳқиқ шудааст, аммо таълифот, таҳқиқот ва андешаҳои Абуалӣ ибни Сино дар оптикаи биологӣ ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Бо ин сабаб, дар олами Аврупои лотинӣ Абуалии Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ на танҳо саромади оптикаи физикӣ, балки ҳамчун асосгузори илми таҷрибавии мусалмонон низ шинохта шудааст, ҳол он ки ин ду донишманд дар як замон зиндагӣ ва фаъолият карда, дар илм назария ва кашфиёти монанд доранд.
Номи Абуалӣ ибни Сино аз байни файласуфон, аз қабили Суқрот (Сократ), Зимиқртис (Демокрит), Афлотун (Платон), Арасту (Аристотел) ва дигарон вирди забонҳост, аммо ҳеҷ нафар аз файласуфони маъруфи зикршуда дар тиб ва риёзиёту шеър дар радифи ӯ нестанд. Дар тиб номи Абуалӣ ибни Сино миёни табибони аввали ҷаҳонӣ Буқрот (Гиппократ), Ҷолинус (Гален) ва Абубакр ибни Закариёи Розӣ дурахшон аст, аммо ҳеҷ нафар аз ин табибон дар риёзиёту табииёт ва шеър назири ӯ нестанд. Дар илмҳои риёзиву табиӣ номи Абуалӣ ибни Сино миёни номи донишмандоне чун Аршимидиус (Архимед), Фисоғуриус (Пифагор), Ибархус (Аристарх), Уқлидус (Евклид) ва дигарон ҷой дорад, аммо ҳеҷ нафар аз донишмандони зикршуда дар тиб ва шеър баробар ба ӯ нестанд. Дар шеър бошад, Абуалӣ ибни Сино асосгузори жанри рубоии фалсафӣ бо забони тоҷикӣ мебошад, вале ҳеҷ шоири мо дар илми тиб ва риёзӣ монанди Абуалӣ ибни Сино нашуд. Сино воқеан, нобиға буд. Нобиғае, ки дар тӯли чандин аср як маротиба зуҳур мекунад.
Мусоҳиб Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»