Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе, к-ӯ бар муроди дигарон зист.
Муҳаммад Иқбол
Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рӯзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рӯзеро дар тақвим махсус ба «Рӯзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рӯз рӯзи офтоб аст ва рӯзро бидуни офтоб тасаввур натавон кард.
Фарҳанг ва тамаддуни оламафрӯзи тоҷик ва тасдиқу таъкид бар ҷойгоҳи он, ба ҳақи истиқлоли он ба ин қиёс аст. Яъне, ҳақиқатест ба ин андоза равшану бебаҳс, аммо лаҳзае бояд аз ёдкарди он, посдории он, ҳимоят аз он фориғ набуд, хоса, ки таърих ёд медиҳад, агар чунин амал нашавад, имкон дорад ҳар лаҳзае, аз ҳар гӯшае ба инкори ин ҳақиқат гуфторе ва рафторе сурат бигирад ва беоқибат ҳам намонад.
Ҷомеашиносони умда дар поёни даврони «ҷанги сард» ба ин назар расидаанд, ки дар оянда унсури аслии таъйинкунандаи ҳувият ва истиқлол, ҳамчунин, иттиҳодҳои ҷаҳонӣ на мисли собиқ идеология, балки тамаддун хоҳад буд ва иттиҳоду умумияти тамаддунию фарҳангӣ бар ҳар навъ умумият ва иттиҳоди идеологӣ бартарӣ пайдо хоҳад кард. Рухдодҳое, ки дар садаи охир дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, зоҳиран ин ҳукмро тасдиқ менамоянд. Ба асоси ин назар бояд дар мавриди пойдорӣ ва осебнопазирии ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва ба ин восита истиқлоли миллии худ хушбин бошем, чун миллати мо дорои яке аз тамаддунҳои ҷаҳоншумул ва камназир аст, аммо аз сӯйи дигар бояд бар он андешид, ки ин тамаддун ва фарҳанги оламшумул, ки ба мизони болое арзишҳои умумибашарӣ ва инсондӯстонаро дар худ парварда ва маҳфуз доштааст, то чӣ ҳад аз унсурҳо ва механизмҳои худдифоъ бархӯрдор аст, то куҷо дар муқобили дахолат ва таҳоҷуми фарҳанги бегона ва тасаллути манофеи бегона марз таъйин намуда, худро беосеб гардондааст.
Муқоисаи аҷибе даст медиҳад, агар аз ин дидгоҳ ба назариёти ҳакими юнонӣ Афлотун, ки дар маорифи куҳани мо таъсири бузурге доштааст, назар карда шавад. Вақте ба яке аз осори бунёдии ӯ «Ҷумҳур» муроҷиат менамоем, ки дар он тарҳи давлатшаҳри ормонии худро рехтааст, мебинем, ки ӯ ба ҳушёрии тамом мавзуи дифоъро мулоҳиза намуда ва ҳатто гузашта аз ин, тавре сухан гуфтааст, ки гӯё густариш додани хоки худ аз ҳисоби хоки дигарон як амри ногузир мебошад. Он гуна, ки дар асари мазкур дар фасли «Лузуми таҷовуз ба хоки ҳамсоягон» менависад: «Гуфтам: пас агар бихоҳем замини кофӣ барои чаро ва кишоварзӣ дошта бошем, бояд ба хоки ҳамсоягони худ таҷовуз кунем ва онҳо низ агар по аз ҳадди эҳтиёҷи худ берун ниҳанд ва тамаъи касби мол бар онҳо ғалаба кунад, маҷбур хоҳанд шуд ҳамин муомаларо бо замини мо бикунанд. Гуфт: оре, Суқрот, ночор чунин хоҳад шуд. Гуфтам: пас, эй Галовкан, вақте ки кор ба ин ҷо кашид, оё бояд ҷанг кунем ё роҳи дигаре дар пеш дорем? Гуфт: ночор бояд биҷангем».
Аммо дар ин мавзуъ назари муаллими аввал (бино ба гуфти Абуалӣ ибни Сино), муаллими Искандар – Арасту чунин буда, ки ҷаҳон аз ду бахш иборат аст — ҷаҳони мутамаддини онҳо ва боқӣ паҳнаи барбарият ва пас аз он ки Искандар «рисолати таърихӣ»-и худро «дар интишори тамаддун дар паҳнаи барбариҳо» ҳамроҳ бо фарҳангсӯзиҳо амалӣ месозад, дар фарҳанг ва адаби ин милал ба намоди хирад ва адолат табдил мешавад.
Зимнан, ҷолиб аст, ки ба шаҳодати назарияпардози бархӯрди тамаддунҳо Семюэл Ҳангтингтон донишмандони амрикоӣ низ пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ бо беэътибор донистани гуногунии фарҳангии ақвоми пуршумори Шарқ ва Осиё ҷаҳонро мисли ҳакимони Юнони қадим ба ду қисмат ҷудо мекунад: «минтақаи сулҳ» ва «минтақаи ошӯб» (беназмӣ), ки аввалӣ шомили Ғарб ба изофаи Япония — дарбаргирандаи 15 дарсади аҳолии ҷаҳон ва дувумӣ боқии ҳамаи кишварҳои олам мебошад. Ин на танҳо тақсим, балки шояд таъйин ҳам ҳаст.
Маълум аст, ки дар Ғарб бо пайдоиши давлатҳои миллӣ ва буржуазияи миллӣ «манофеъи миллӣ» муҳимтарин мафҳуми таъйинкунандаи хати машйи сиёсӣ гардид, ки имтиёзи нажодӣ, ки ахиран ниқобҳои дигареро аз арзишҳои иҷтимоӣ бар рӯй кардааст, унсури аслии ангезанда ва ташвиқкунанда дар таркиби ин навъ сиёсатҳо мебошад.
Дар ин миён намоди барҷастаи фарҳанги оламшумули мо қитъаи машҳури шайх Саъдӣ баргирифта аз ҳадиси Паёмбар (с) «Бани Одам аъзои як пайкаранд…», ки дар пештоқи Созмони фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) насб шудааст, ҳамроҳи ин созмон дар миёни сабқатҳои таъмини манофеъ чӣ ғариб ба назар мерасад. Аммо ин шиор, ки дар замони худ аз мавқеи қудрат эълом шуда буд, аз дифои зарурӣ бархӯрдор буд ва агар касе хилофи он рафтор мекард, посухи лозим ҳам ба ӯ дода мешуд ва наметавонист ниқоби рафторҳои баръакси мазмунаш қарор дода шавад.
Баъзан мушоҳидаи баҳсҳои матбуотӣ ва маҷлисие, ки перомуни низоъҳои ҷаҳонии имрӯз сурат мегирад, имкон медиҳад бо тааҷҷуб пай барем, ки ҳама нигоҳ ва умеди мо ба хориҷ аз ҷаҳони худи мост, гӯё баъзан заминеро, ки бар он истодаем, эҳсос намекунем. Як гурӯҳ мегӯяд, мо дар ин низоъ бояд аз манофеи он тараф ҳимоят бикунем ва гурӯҳи дигар мегӯяд аз тарафи муқобил ва баҳс он қадар гарм мешавад, ки лозим аст касе бигӯяд, мо қабл аз ҳама бояд аз манофеи миллии худ ҳимоят бикунем, ки шояд на дар ин тараф бошад ва на дар он тараф ва умдатан дар ширкат дар ҳеҷ навъ низоъ набошад. Мусаллам аст, ки миллатчигии ифротгароёна ва нажодпарастӣ дар тамаддуни башарӣ падидаҳои манфӣ шинохта шудаанд. Аммо агар як халқ маҳз ба далели мансубияташ ба як нажоди муайян ва миллати муайян мавриди таъқиб қарор мегирад ва ҳуқуқҳояш сарфи назар мешавад, масъала аз маҳдудаи миллат ва нажод берун меравад ва мавзуи «ҳифзи адолат» ба миён меояд, ки ҳам аз дидгоҳи арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳам эътиқодӣ (дар ҳама адёни ҷаҳонӣ) муқаддас дониста мешавад.
Он чизе, ки маорифпарварони ду садаи гузаштаи Шарқ ва аз ҷумла маорифпарварони худамон барои иҷрояш қиём ва ҷоннисорӣ карданд, шояд, пеш аз ҳама, аз байн бурдани таноқузи (парадокси) азиме буд, ки дар сиришти фарҳанги мо ҷо ёфтааст: аз як тараф ифтихори беҳадду ҳудуд аз гузаштаи дурахшони худ ва аз тарафи дигар ҳеҷ навъ ҳаққу ҳуқуқи шоистае (хусусан сиёсию иҷтимоӣ) қоил набудан барои худ ва қавму миллати худ, ҳатман омили хориҷӣ ва берунӣ ва ҳатто ҷузъи сарнавишт ва тақдир донистани ҳар навъ қудрати бегона ва хориҷӣ бар худ. Агар Иқболи Лоҳурӣ барои барандохтани ин гуна рӯҳиёт бо баъзе фирқаҳои каҷрави дарвешию қаландарӣ ва ба зоҳир тасаввуфӣ ба набард бархост, маорифпарварони тоҷик низ, талош карданд то бо тағйири бунёдии эътиқодоти миллати худ ин таноқузро аз байн бибаранд, ки аз ин назар дар осори онҳо ҳанӯз нуктаҳои омӯхтанӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар осори ин давраи устод Садриддин Айнӣ.
Дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик ҳам ин мавзуъ ҷо-ҷо мушобеҳ бо пардохтҳои Иқбол ба назар мерасад. Агар ба осори «ҳиндустонии» устод Турсунзода таваҷҷуҳ шавад, агарчи ӯ аз мавқеи як шахсияти мустақил ва озоду босаодати кишвари намуна сухан мегӯяд, ба лаҳну оҳанге мегӯяд, ки ҳаргиз гумон намеравад мухотабони худро бегона шуморад ва ҳамеша сухани ӯ бо фарҳанги халқи худаш бофт мехӯрад. Аз ҷумла, дар манзумаи «Духтари муқаддас», он ҷо ки дар тасвири аҳволи ҷомеаи Ҳиндустон чунин тасвири рамзии пурмаъноро ба кор мебарад:
Монда буд хомӯш тӯпи Замзама,
Гӯшро кар карда «Султон Ҷамҷама».
Тӯпи Замзама мисли «Шоҳтӯп»-и (Царь пушкаи) русҳо рамзи қудрати салтанати Ҳинд дар Лоҳур дар муқобила бо истилогарон буд ва «Султон Ҷамҷама» аз зумраи ҳамон сурудҳои ба зоҳир мазҳабии (наъти) машҳурест, ки дар Тоҷикистон ҳам, аз ҷумла дар замони худи устод Турсунзода, ривоҷи тамом дошт ва фалсафаи тарки дунёро талқин менамуд ва дар байни мардум бо номи «Каллаи пӯсида» ҳам маъруф аст.
Дар даврони баъдии адабиёти тоҷик, хусусан аз солҳои 60 ба баъд дар назм мавзуи худшиносӣ ва ҳувият ва истиқлоли миллӣ рангу ҷилои хосае касб кард, умқи бештар ёфт. Дар наср низ, ба вижа, насри таҳлилӣ ва андеша низ. Яке аз намунаҳои нахустин ва дурахшони ин ҷараён қиссаи нависандаи боистеъдод Пӯлод Толис «Тобистон» буд. Пӯлод Толис бо басирати хоси худ аҳамияти равонковии фарҳангии миллати худро дарк намуда, дар симои яке аз персонажҳои пурмаънои ин қисса Қосимҷон – ҷавони кӯҳистонии тоҷик ҳамон таноқуз (парадокс)-ро ба сурати намунаи барҷастаи типи фарҳангии тоҷик офаридааст. Қосимҷон шахсест тору пуди вуҷудаш аз одамият ва инсонгарӣ сиришта ва дар ташаккули чунин шахсияте адабиёти классикӣ ва халқии тоҷик саҳми зиёд дорад.
Дар айни ҳол симои ормонӣ дар ҳамин қиссаи Пӯлод Толис Шокир Тароша мебошад, ки агарчи бо Қосимҷон аз як маҳал аст, аз назари хислат қутби мухолифи ӯро ташкил медиҳад. Ӯ маънавият ва дилбастагии Қосимҷон ба адабиётро надорад, пойбанди урфу одатҳо ҳам нест, аммо ҳамеша барои ҳақи худ ва ҳақи дигарон, ки мазлум воқеъ шудаанд, талош менамояд. Шояд нависанда бетафовутии ӯро ба адабиёти олимашраб, вале яъспарвару яъсофарин як омили мубориз будани ӯ қаламдод кардан мехоҳад.
Зимнан, ҷолиб аст, ки хатми фоҷиаангези зиндагии ин нависандаи накуном бо дифоъ аз ҳуқуқи ҳамон мардуме, ки Қосимҷон аз зумраи онҳо буд, робита пайдо кард. Маълум нест, бозии тақдир буд ё бозии қудрат.
Бисёранд нухбагони андешаи башарӣ дар ҳама милали мутамаддини ҷаҳон, ки сидқан ба адабу фарҳангу тамаддуни мо арҷ гузошта, бо он худ ва кишварҳояшон муносибати дӯстона ва хайрхоҳона доранд, аммо он чӣ саҳми худи мост, аз дигаре онро натавон хост. Мо бояд дар баробари баёнияҳо ва хитобаҳои адабӣ амиқан ба ин бовар бирасем, ки ин фарҳанг сад бор ҳақи истиқлоли комил дорад, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат. Дар баробари ситоиши ифтихоромези забонамон самимона ба худ бовар бидиҳем, ки ин забон танҳо забони муошират ва шеъру адаб нест, балки на камтар аз ҳар забони ҷаҳонӣ метавонад забони илм, сиёсат, фанноварӣ (технология), саноат, низомӣ ва ғайра дар муосиртарин сатҳ бошад.
Дар ин замина ҳатто бештар ва пештар аз адабиёт бояд нақди адабӣ фаъол бошад, чун ҳалли ин навъ мавзуъҳо вазифаи бевосита ва мустақими нақди адабӣ аст. Таҳлили мавзуии осори адабии муосир ба тавре бояд анҷом шавад, ки адибони имрӯз мавзуъҳои ҷовидонӣ ва муқаддасе чун ватан ва ватандӯстӣ, халқу миллат, истиқлол ва ҳувиятро бо диди амиқ ва шинохти васеъи ин масоил мавриди тасвиру баррасии адабӣ қарор бидиҳанд. То ҳанӯз баъзан бар зарурати вуҷуди бандубаст ва тасвири ҳунармандонаи адабии ин мавзуъҳо ишораҳое шудааст, аммо масъалаи аз ин муҳимтар он аст, ки ин мавзуъҳо дар кадом навъ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ тасвиру таҳқиқ мешаванд. Оё ин навъҳо ва ин сатҳҳо посухгӯи хостаҳо ва масоили ҷаҳони муосир ҳастанд ё не?
Имтиёзи барҷастаи адабиёт ва фарҳанги муосири мо дар ҳаллу фасл ва таҷассуми бадеии ин мавзуъ, яъне истиқлол ва ҳувият, ки нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта ошкор аст, ин аст, ки имрӯз ин мавзуъҳо на танҳо маҳдуд карда намешаванд, балки осори дар ин заминаҳо таълифшуда ҳимоят ва ташвиқ мешавад. Танҳо бояд бо арҷ гузоштан ба ин имкон дар мавзуи мазкур бо ҷиддият ва жарфнигарии бештар, баёни бештар асаргузор ва мондагор ба таълифи осори муносиб пардохт.
Рустами ВАҲҲОБ