Ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013», ки аз 5 то 10 апрели соли равон идома ёфт, намоишномаи «Нури маърифат»-ро пешкаши ҳакамон ва тамошобинон намуд.
Муаллиф ва коргардони намоишномаи мазкур Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров буда, дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаи боистеъдод ва ҳофизи хушовоз, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотами Равшан, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев бозӣ карданд.
Ман намоишномаи «Нури маърифат»-ро шуруъ аз нахустнамоишаш, ки бо номи «Поёни шаби сияҳ…» манзури тамошобинон гашта буд, то намоиши озмунӣ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013», ки рӯзи 5 апрел баргузор гардид, чаҳор маротиба тамошо кардам.
Намоишномаи мазкур асари манзум буда, гулчине аз осори шоирони классику муосири тоҷик, аз қабили Абулқосим Фирдавсиву Шайх Аттор, Саъдии Шерозиву Ҷалолуддини Балхӣ, Файзи Кошониву Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Мавлавии Ҷунуниву Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоибу Назри Яздонӣ ва дигаронро дар бар гирифтааст. Намоишнома гарчанде гулчини ашъор аст, ба фикри банда, дорои мавзӯи ягона мебошад. Ин мавзуъ — мавзуи ахлоқ, яъне ситоишу тарғиби ахлоқи ҳамида ва мазаммати ахлоқи разила аст, ки чун хати сурх аз оғоз то анҷоми намоишнома баромад карда, саҳначаҳои ба масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ бахшидаро ба ҳам мепайвандад. Албатта, мавзуъ ва муҳтавои намоишномаи «Нури маърифат» ба мисли дигар асарҳои саҳнавӣ, аз қабили драмаву мазҳака, опера ва ғайра атрофи мавзую сюжети ягона ва мушаххас давр намезанад, балки атрофи чанд масъалаи ахлоқӣ баҳс мекунад.
Масъалаҳои дар намоишнома гузошташуда ин тараннуми ақлу хирад, тарғиби илму маърифат, касбу ҳунар, гӯшзади паси ному вазифаи волидайн нарафтан ва бо он ифтихор накардан, балки бо донишу ҳунар мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардан, тарғибу ташвиқи ваҳдату муттаҳидии миллат, мазаммати тафриқаҷӯйиву ҷудойиандозӣ байни мардум, танқиди нашъамандиву фоҳишагарӣ ва ғайраро, ки имрӯз низ аз масъалаҳои муҳим ва доғи ҷомеаи мо мебошанду дарку ҳалли ногузири хешро тақозо менамоянд, дар бар мегирад. Оид ба рӯшанӣ андохтан ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо танҳо атрофи яке аз онҳо муфассалтар андешаҳоямро баён месозам.
Ин масъалаи тарғибу ташвиқи илму дониш ва ҳадафи гузориши он дар намоишнома мебошад. Ҳама хуб медонем, ки ҳоло ҷавонони мо мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатм карда, номаи камол мегиранд, лек як қисмати муайяни онҳо (сухан дар бораи ҳазорҳо нафар хатмкунандагони мактабҳои миёна меравад) ҷадвали зарб, тарҷумаи ҳолу осор, ҳатто ному насаби дуруст ва пурраи шоирону нависандагони классику муосири тоҷикро намедонанд…
Дар бораи оҳангҳо ва сурудҳои интихобкардаву иҷрокардаи Ҳотами Равшан бояд зикр кард, ки бисёр ҷолибу нишонрас ва ба масъалаҳои интихобшуда басо мувофиқ омадаанд, ки бо маҳорати баланду овози бағоят фораму дилнишин иҷро шуданд. Ин сурудҳо ҳамчун як навъ ҷамъбаст ва тақвиятдиҳандаи ҳар як масъалаи гузошташуда садо дода, ҷаззобияту ҷолибияти намоишномаро дучанд мекарданд.
Дар таҳияву пешниҳоди намоишнома чӣ коргардон ва чӣ ровиёну офарандагони нақшҳо заҳмати зиёд кашидаанд, ки аз порчаҳои гуногуну парокандаи назмӣ як асари саҳнавии мукаммал офаридаанд. Ровиён нақшҳои худро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда, вобаста ба масъалаҳои гузошташуда тамоми ҳиссиёти худро ба кор бурдаанд ва тарзи баёни хешро бо он масъалаҳо мутобиқ сохтаанд.
Оид ба нақши шаш нафар ҳунарпешагони дигар бояд зикр кард, ки ин даста дар намоишнома ба сифати хор баромад карданд. Маҳз нақшофаринии онҳо ин асари манзумро асари саҳнавӣ-драммавӣ сохтааст. Масалан, вақте ровиён — Тағоймурод Розиқов ва Назирмад Мӯсоев, инчунин иҷрокунандаи нақши асосӣ ва сарояндаи сурудҳо, марди ориф — Ҳотами Равшан ин ё он масъалаи намоишномаро пешкаши тамошобинон мекарданд, ин дастаи хорӣ бо амалиётҳои худ моҳият ва муҳтавои он масъаларо мефаҳмонданд. Барои мисол, вақте сухан дар бораи касби илму дониш меравад, ин даста нақши толибилмро мебозанд ва дар даст китоб машғули мутолиа мешаванд Ва ё саҳнаи дигар, вақте сухан дар бораи ҷангу ҷидол меравад, онҳо бо ҳамдигар дар низоъу хархаша мешаванд. Ба ин минвол тамоми масъалаҳои ҷудогонаи намоишнома бо ин амалиётҳо барои тамошобин кушода ва маънидод мешуд.
Роҷеъ ба масъалаи саҳначаи гуфтугӯйи шоҳ ва файласуф бояд зикр кард, ки ин саҳна низ масъалаи муҳимро ба миён гузоштааст, зеро ин масъала дар ҳама давру замон, аз замони Суқроти ҳаким то даврони мо, ҷой дорад. Аксар вақт сухану маслиҳати донишманд, ки ҳақ ва қобили қабул аст, мақбули ҳокимони давр намешавад. Ба ёд оваред, оқибати рӯзгори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба чӣ анҷомид, подоши заҳматҳои муаллифи «Шоҳнома» бо чӣ қадр шуд, оворагардиҳои Абӯалӣ ибни Сино аз дасти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, қатли Мансури Ҳаллоҷу Сӯҳравардии Мақтул, дарра хӯрдану зиндонӣ шудани устод Садриддин Айнӣ ва амсоли онҳо мисоли гуфтаҳои болост. Агар сухану маслиҳатҳои аҳли илму адаб ва фарҳанг ба инобат гирифта шаванд ва заҳмату хизматҳои онҳо айёми дар ҳаёт буданашон қадрдонӣ гарданд, ин барои миллату давлат аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Хулоса, ба фикри банда, намоишномаи «Нури маърифат», ки асари тарбиявию аҳлоқӣ аст, ба ҳадафи худ расид, яъне тавонист тамошобини худро пайдо кунад ва писанди ҳамагон гардад. Қобили зикр аст, ки як қисмати муайяни тамошобинон талабаҳои мактабҳои миёна буданд ва намоишро чунон орому бодиққат тамошо мекарданд, ки гумон аст, ки имрӯз дар дарсҳо ҳамин хел орому бодиққат рафтор кунанд. Ин аст нишонаи ба ҳадаф расидани намоишнома.
Пас аз хотимаи намоиши озмунӣ дар муҳокимаи он ҳамагӣ ба чаҳор нафар сухан дода шуду бас, ҳол он ки хоҳишмандон аз ҷумлаи тамошобинон зиёд буданд. Барои муҳокима бошад ҳамагӣ сӣ дақиқа вақт ҷудо гардид. Аз чаҳор нафари баромадкарда, танҳо профессор Аскаралӣ Раҷабов роҷеъ ба бурду бохти намоишнома мушаххас ҳарф зад, боқӣ ҳама бо суханҳои умумӣ иктифо варзиданд. Аз ҷумла ду нафар аз баромадкардагон меҳмонон – ҳакамон, мутахассисони соҳаи театр буданд ва забонашон русӣ буд. Азбаски забони намоишнома тоҷикӣ буду онҳо аз мазмуну моҳияти намоишнома чизе нафаҳмиданд, дар бораи бурду бохти намоишнома мушаххасан чизе нагуфтанд ва суханрониҳояшон бештар гапҳои умумӣ буд. Ҳатто яке аз онҳо, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон буд, (мутаассифона номаш ба ёдам намондааст) қоил шуд, ки танҳо калимаи «ватан»-ро фаҳмидаасту фарёди баланд, ба қавли худи ӯ, «крык»-ро. Дар баромади чаҳорум низ аз бурду бохти намоишнома ягон ҳарф набуд. Ин буд муҳокимаи намоишномаи барои озмун пешниҳодшуда. Ба фикри банда, дар муҳокима бояд камбудиву норасоиҳо ва бурду муваффақиятҳои намоишнома як-як таҳлил мешуд ва ҳар баромадкарда ба намоишнома баҳо медод, хулосаи худро мегуфт, то ки коргардону ҳунарпешаҳо дар фаъолияти минбаъдаи хеш онро ба инобат мегирифтанд, барои рафъи камбудиву барои тақвияти ҷанбаи мусбат саъйю кӯшиш мекарданд. Бояд муҳокима тарзе ташкил карда мешуд, ки ҳамаи хоҳишмандон, ақаллан 60-70 дар сади онҳо фикру андешаи худро оид ба намоишнома иброз мекарданд, зеро мақсад аз муҳокимаи ин ё он намоишнома ин нишон додани нуқсу камоли он ва бо ин роҳ баланд бардоштани сифати намоишнома ва сайқал додани маҳорати ҳунарпешагон ва ниҳоят ҷалби бештари тамошобинон ба театр аст.
Ба ташкилкунандагон ва масъулони ҳам фестивал-озмун ва ҳам роҳбарони театрҳо як пешниҳод дорам: Умуман, барои тамоми намоишномаҳо, хусусан намоишномаҳое, ки барои ин фестивал-озмун пешниҳод мешаванд, барнома ё худ маълумотнома оид ба намоишнома (яъне номи муаллифи асар, мавзуъ ва мазмуни мухтасари намоишнома, номи коргардону офарандагони нақшҳо)-ро омода намуда, ба тамошобинон пеш аз оғози намоиш пешниҳод намоянд, чуноне ки дар даврони шӯравӣ ин амал дар театрҳо роиҷ буд. Ҳоло низ дар баъзе нахустнамоишҳо ин чиз ба назар мерасад, вале дар намоиши озмунии «Нури маърифат» ин барнома набуд. Хуб мешуд, агар ин барнома барои ҳакамони русзабон ба забони русӣ пешниҳод мешуд. Шояд он вазъе, ки дар муҳокимаи «Нури маърифат» дар суханронии меҳмонон ба миён омад, чуноне ишора кардем, ба миён намеомад, ба ҷойи суханҳои умумӣ ҳусну қубҳи намоишномаи пешниҳодшуда мушаххас арзёбӣ мешуд.
Ба аҳли эҷодии Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои ин намоишномаи ҷолиби тарбиявӣ изҳори ташаккур мекунам ва дар фаъолияти минбаъдаашон барои пешниҳоди чунин намоишномаҳои манзум (чизи манзум тез ба нишон мерасад ва аз хотир то дер зудуда намешавад) ва баррасикунандаи масъалаҳои муҳими рӯз комёбӣ орзу менамоям.
Исматуллоҳи САИДИЁН, номзади илмҳои фалсафа