Модар! Шунидани ин калима ҳамеша дарди диламро афзун мекунад. Хотироти парешону пур аз заҷреро дар зеҳнам зинда месозад. Ман, ки як марди қавӣ ва ошиқи зиндагӣ ҳастам, ҳар гоҳе модарамро ба ёд орам, чашмонам ҳавзи об мешаванд, буғзе гулӯямро фишор медиҳад. Ман худамро дар баробари ном ва ёди модар нотавон ҳис мекунам…
Дусола будам, ки модарам дунёро падруд гуфт. Вай шояд бо лабханде ширин ва ё чашмоне пур аз умед аз ҳаёт рафт. Марги ӯ барои ман гарон афтид. Замоне ки ман оҳиста-оҳиста ба шинохтани дунё шурӯъ кардам, бемодарӣ дар симоям асари худро гузошт. Медидам, ки падарам бори зиндагиро танҳо мекашад. Ман баъди модарам тамоми меҳри худро ба падарам гузоштам. Оғӯши гарми ӯ ҷои роҳати ман буд, аммо ин роҳат дер давом накард. Чорсола шудам, ки падарам зан гирифт ва маро аз оғӯши гарми падар ва навозишҳои ӯ маҳрум сохт. Ман дигар модарамро хоб медидам, бо ӯ хаёлан роз мегуфтам, аз он ки маро партофта рафтааст, шикоят менамудам.
Мо дар як хонаи пастаки назарногир зиндагӣ мекардем, ки як ҳуҷра дошт. Падарам аз миёни хона пардае кашида буду дар паси он парда бо зани наваш зиндагӣ мекард. Акнун ӯ маро не, ҳамсарашро меҳрубонию навозиш мекард. Ман ҳамаи инро медидам ва то имрӯз он воқеаҳо чун лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд.
Модарандарам маро нағз намедид. Ман барои ӯ дар хона бори зиёдатӣ будам. Бемеҳрӣ ва хунукназарии ӯ маро дилхун месохт. Мехостам аз хона фирор кунам, ба ҷое биравам, ки дигар маро наёбанд.
Падарам пеш аз зани дуюм гирифтан ба ман як велосипеди сечарха харида буд. Ҳар субҳ баъди ба кор рафтани падарам ба он велосипед савор мешудаму аз хона мебаромадам, ба куҷое мехостам, мерафтам. Тамоми рӯз маро касе суроғ намекард. Вақте падарам аз кор бармегашт, ба ҷустуҷӯи ман мебаромад ва сарзанишкунон ба хона меовард.
Падарам марди қоматбаланди шӯхтабиат буд. Ҳазлу ширингуфториҳои ӯро мардум дӯст медоштанд. Вай ба ҳамсояҳоямон ҳар гуна лақаб гузошта буду онҳоро бо лақабҳояшон садо мекард. Модарам бошад, ҷавон аз дунё гузашта, лаззати зиндагиро ба серӣ надида буд. Мегуфтанд, ки ӯ ҷавонзани ҳунарманд ва наққоши моҳир будааст. Хонаамонро гулдӯзиҳояш зеб медод, аммо вақте падарам зани дуюм гирифт, он гулдӯзиҳо ба куҷое ғайб заданд. На падарам ва на каси дигаре аз тақдири онҳо пурсон нашуданд.
Ман, ки чеҳраи модарамро дар ёд надоштам, ҳама чизро дар бораи ӯ донистан мехостам. Мани кӯдак фикр мекардам, ки аввалину охирин муттакоямро аз даст додаам. Вақте медидам, ки дигарҳоро модарҳояшон меҳрубонӣ мекунанд, ба оғӯш мекашанд, ба онҳо туҳфае медиҳанд, аз дасташон гирифта бо худ мебаранд, чашмонам ҳавзи об мешуданд, худамро як бачаи бекас ҳис мекардам.
Рафтору гуфтори падарам баъди зан гирифтан тамоман дигар шуда буд. Аз гапи модарӯгаям намебаромад, ҳар чӣ ки ӯ мегуфт, ҳамонро мекард. Ман вақте дар бораи модарам аз падар пурсиданӣ мешудам, худро ба ногумонӣ мезад, ба саволҳоям посух намедод.
Рӯзе аз вай пурсидам:
- Модарам чӣ ном дошт?
Ӯ оҳиста посух дод:
- Шарифамоҳ!
Акси модарамро баъд аз хизмати ҳарбӣ пайдо кардам. Онро ба ман зани тағои ӯгаям дод.
- Ману модарат дугонаҳои ҷонӣ будем, — гуфт ӯ, — ман ин аксро барои ту пинҳон карда будам.
Акси модарамро гирифтаму ба қабристон рафтам, ба умеде ки гӯрашро пайдо кунам, аммо… Садои зане маро ба худ овард:
- Садқаи қаду қоматат шавам, хоки пот гардам, нишонаи хоҳарам…
Ман моту ҳайрон ба он зан нигаристам. Дидам, ки ашки чашмонаш шашқатор мерезад. Вай маро ба оғӯш гирифта, бӯ кашид, навҳааш баландтар шуд. Ниҳоят худро ба даст гирифту гуфт:
- Ман холаат Солеҳамоҳам. Фалаки каҷрафтор мою туро аз ҳам ҷудо кард. Ба ҷустуҷӯи қабри модарат омадӣ? Мани пошикаста ҳам гӯри ӯро гум намудаам. Хок бар сари ман барин хоҳар…
Ҳамин тавр, холаам Солеҳамоҳро пайдо кардам, вале қабри модарамро не. Ман то имрӯз модарамро меҷӯям аз қиссаҳо, ривоятҳо ва филмҳое, ки дар бораи модарон навиштаанду ба навор гирифтаанд.
Онҳое, ки навозиши модарро дидаанд, меҳри ӯро ҳис кардаанд, одамони хушбахтанд. Ин ки дар кишвари мо бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 8 март Рӯзи Модар бошукӯҳ таҷлил мешавад, гувоҳи мақоми баланди модарон аст. Модари худро дӯст доред. Паёмбар дар ҳадиси модар мегӯяд:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Неъматулло АЛИЕВ,
«Садои мардум»