Қадрдонии рӯзноманигорони фаъол

№ 11.03.2022

DSC_3737Чорабинии идонаи имсола ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикитсон доир гардид. Дар он нахуст суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 11 марти соли 2012 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, тавассути видеопроектор намоиш дода шуд.

Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Шуҳрат Азиззода намояндагони аҳли қаламро бо иди касбиашон, ки ба 110-солагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” рост меояд, шодбош гуфта, оид ба рисолати созандагии матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, муваффақияту комёбиҳои рӯзноманигорони тоҷик тайи 30 соли охир, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи табъу нашр ибрози ақида намуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни сухани табрикотӣ ба рӯзноманигорон назари нек ва қалами бурро орзу  карда, қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аҳли қалами мамлакатро сипари боэътимод ва ёрдамчии Ҳукумати кишвар номидаанд, ёдовар шуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуринисо Ализода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода низ баромад карданд.

DSC_3741Сипас, аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва дигар вазорату идораҳо ба як қатор рӯзноманигорони фаъол, инчунин собиқадорони соҳа ва идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо мукофотҳо тақдим гардид. Хусусан, рӯзномаи «Садои мардум» бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанг ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва кормандони он – муҳаррири шуъбаи эълон ва реклама Абдумаҷид Муродов бо нишони фахрии «Аълочии маориф ва илм», Шарофат Абдулвоҳидова, Талаб Қурбонов бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва Шариф Атобуллоев бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, хабарнигори минтақавии рӯзнома Исломи Раҷабалӣ бошад, бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанг сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр, соли равон ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар бахши таҳқиқоти илмӣ  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ профессор Муҳамммадӣ Муқимов, дар соҳаи матбуот ба сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода,  сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода, рӯзноманигорон Неъматулло Мирсаидов, Саида Набизода, Ҷумахон Сайдалиев, Шоҳтолиб Шоҳқосимов, хабарнигори хафтаномаи «Фараж» Саидмурод Суғдмеҳр, дар бахши телевизион ба Аҳлидини Тоҳир ва Ҷоизаи нашрияи муваффақи маҳаллӣ ба номи Асадулло Саъдуллоев ба рӯзномаи «Хатлон» муносиб дониста шуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»