27 апрели соли 1979 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон инқилоби ба ном «шукӯҳманди савр» пирӯз ва бар асари он беш аз 1 миллон нафар афғон нобуду фирорӣ гардид. Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар ин набард ширкат ва 15 ҳазор сарбозро талаф дод. Порае аз ёддоштҳои иштирокчии ҳамин воқеаҳо, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи ба номи устод Айнӣ, нависанда Мирзо Шукурзода пешкаш мегардад.
Боби аввал
Достони кадхудоии Киё
Роҳи Ҳирот куҷост?
Мошини «Волга»-и сияҳфоми сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул бо роҳбаладии як нафар кордор мо, се тан тарҷимонро саҳарии 27-уми апрели соли 1981 дар фурудгоҳи ҳамин шаҳр гузошта, шитобон бозпас рафт. Мусофирони сарҳуй яке ба Қандаҳор, як тан ба Мазори Шариф ва банда бояд ба Ҳирот пайи иҷрои вазифа биштобем. Ман дар ҷайбам ягон ҳуҷҷате, ки муаррифиям бикунад, надоштам.
Аз китобе замоне ба гунаи зер ҳикмате хонда будам: «Дар роҳи сафар ва дар ҷанг ва дар масири ишқу ошиқӣ ҳар фарде сарнавишти хосси худро дорад. Яке кафили дигаре нест дар ин роҳ».
Андарзи боло маро он гоҳ ба ёд омад, ки ёрони ҳамроҳам пасу пеш ба самти таъиншуда тавассути ҳавопаймоҳои низомии шӯравӣ боли парвоз кушоданду ман дар фурудгоҳ ба муддати ду соат замингир шудам. Зӯҳр наздик мешуд. Тайёраҳои низомии афғонистониву шӯравӣ сару садои гӯшхарош дар фазо андохта, ба самтҳои барои мани танҳову музтар ноаёну ноошно бидуни эълону ҳаёҳу ҳаракат мекарданд. Ҳавои гарм ва махлут бо бӯйи бензину резини фурудгоҳ, андомҳои лоғару заҳир ва сару садои мусофирони саргардону шитобзадаи афғонӣ, ки иддае ҷомадон ва теъдоде бору бухчаи бобоӣ дар дасту дар бағал доштанд, нороҳатӣ ва ғами ниҳонии маро дам ба дам зиёд мекард. Чунин намуди ҳақиронаи инсонро дар ҳеҷ гӯшае аз Иттиҳоди Шӯравӣ надида будам.
« — Товарищ, эй товарищ, — ба халабонҳои русӣ бо гардани каҷ муроҷиат мекард пирамарди паканаи кӯса, ки лингачае бар дӯш дошт, — Маро ҳам ба Бомиён бибар… Хайр бубинӣ, товарищ…»
Халабон бо рӯи хандон ризоият дод ва кӯсаи пакана ҳамроҳ бо мусофирон, ки ниме русиву ниме маҳаллӣ буданд, вориди солуни ҳавопаймои пур аз бору бун шуд. Ман аз фурсат истифода бурда, ба ҳамон халабони вақтхушу хандонрӯ салом дода, пурсидам:
- Бародар, бигӯ, кадоме аз ин ҳавопаймоҳо ба Ҳирот мепаранд? Ман ҳамшаҳрии шумо, мутарҷими мушовири ҳизбиям… Бори аввал ба Кобул омадаам ва намедонам, ки…
Халабон ҳамон дам рӯи хандону тобони лимӯияшро ба сӯи ман гардонд ва гуфт, ки ҳеҷ кадоме аз ин тайёраҳои низомӣ ба Ҳирот намепаранд. Ту аввал мепарӣ ба Шиндант ва аз он ҷо роҳи 40 ё 50 километриро бо таксӣ ё зиреҳпӯш тай карда, меравӣ ба самти Ҳирот.
- Ҳо, мебинӣ, ана ҳамон «уқобак» омодаи парвоз ба Шиндант аст. – Ӯ ба ҳавопаймои АН-12, ки низ дар тараддуди парвоз буд, ишора кард.
Парвоз ба Шиндант ҳудудан як соат идома кард. Солуни «уқобак» пур аз сарбозҳои русӣ ва шаҳрвандони афғониву қопу қанори лабрез аз маҳсулоти хӯрданӣ ва сандуқҳои сарбаста буд, ки ба эҳтимоли қавӣ тиру аслиҳа доштанд. Нишастгоҳи мо – болои сарпӯши ҳамон сандуқҳои тир буд. Овози матори ҳавопаймо даҳшате дошт. Камии ҳаво ва бӯи баде маро нафасгир кард…
Дар фурудгоҳи Шиндант – номи аслӣ ва суннатияш дусад сол қабл аз ин, то омадани афғонҳо (паштунҳо) Сабзавор буд – танкҳову зиреҳпӯшҳо ва УАЗИК-ҳои русӣ дар рафтуо буданд. Теъдоде аз афсарону сарбозҳо на дар дохил, балки автоматҳо дар бағал дар боми зиреҳпӯшҳо нишастаанд. Мегӯянду механданд бо ҳам. Ангор дар ин билод садое аз ҷангу террору кушторро намешунавӣ. Ғубори яъсе, ки дар Кобул дар дил нишаста буд, акнун пароканда мешуд. Гӯё нидои шодбоше аз шоху барги «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ мевазад ба чаманистони на чандон сарсабзу шодоби синаам:
Кӯйи навмедӣ марав умедҳост,
Сӯйи торикӣ марав хуршедҳост.
Мани ҳанӯз ҳам ҳайрону танҳо дар сари дуроҳае бо ҳамон ҷомадони варамидаву кифи дастии сабук худ ба худ ба пурсуҷӯйи роҳи Ҳирот афтодам. Таксиҳои зарду сиёҳ перомунам худнамоӣ доранд. Ронандагони лоғару сияҳқавора, аксар дастор ба сар чап-чап ба ману дастколоҳоям ва мармузона ба тонкҳои русиву сарбозони нишаста дар рӯйи бомҳояшон менигаристанд. Худоё, кай маро ба Ҳирот мерасонӣ? Роҳу тариқи рафтан ба Ҳиротро аз кӣ ҷӯё шавам? Аз таксиронҳои афғон ё аз афсару сарбозҳои зиреҳпӯшсавори шӯравӣ?
Худро меҳмони нохонда, дарвеши ношинос ва солики танҳову бадбахту ғарибе ҳис кардам. Нафрат хондам ба сафорату кордоронаш ва як шуъла умеде, ки қаблан ба дилам равшанӣ меандохт, ба зудӣ хомӯш шуду дил дарун-дарун ба фарёд омад:
Дил аз дасти ғарибиҳо ду ним аст,
Ғарибӣ оташу нору ҷаҳум аст.
Ғарибӣ шерро рӯбоҳ созад,
Ғарибӣ умрро кӯтоҳ созад…
Мӯяҳои навмедӣ сари забон печид. Ҳамин тавр одате маро ва ҳама форсизабононро ёр аст: дар омаду ноомади кор ҳатман шеъраке ё маталу ғазале ба забон меорем. Офтоб ба қиём омад ва гӯё фарёди шикам дар як он заҳри ғурбатро барҳам зад: эҳсос кардам, ки сахт гурусна ва ташнаам. Ночор даст ба бағалкисаи киф бурда, аз он ҷо ду кулча ва як панҷа қурутчаву зардолуқоқ берун овардам. Савғоҳои ватан ва нӯшобаи «Кока-кола»-и афғонӣ дарҳол мадори тану ҷон шуд. Эътиборе ба ронандаҳои таксии канори роҳ надода, рост ба самти БТР-и русӣ, ки рӯбарӯям истода буд, рафтам ва аз нафарони рӯйи бомаш нишаста бо нармӣ пурсидам:
- Ребята, как мне доехать до Гирата?
- Так просто, — оромона ҳозирҷавобӣ кард нафаре аз онҳо, — сейчас придёт командир и мы тебя отвезём в Гират.
Лаҳзае нагузашта командир омад ва бо кумаки сарбозон ҷомадону кифи сафариамро ба ғурфаи зиреҳпӯш андохта, омодаи ҳаракат гардидам. Ронандаву сарбозон ҳатто напурсиданд, ки ман куҷоиям, кистам ва дунболи чӣ ҳадафе ҳастам. Барои русҳо, ба назарам, шаҳрванди шӯравӣ будани банда кофӣ буд, аз ин рӯ, онҳо бидуни физулӣ ва лодагӯиву ҷарру баҳс ёриву ғамхории худро аз мусофири бероҳбалад ва бесоҳиб заррае дареғ надоштанд.
Пас аз ҳаракати тақрибан дусоата сарбозон маро ба вурудии шарқии Ҳироти доғ — ба макони будубоши намояндагону мушовирони ҳизбиву низомии шӯравиҳо расонда, «Будь счастлив!», — гӯён худ сари БТР-ро ба самти муқобил гардонда, шитобон рафтанд.
Баъдтар иттилоъ ёфтам, ки низомиёни шӯравӣ аз болои боло дастур гирифтаанд ва муаззаф будаанд, ки ҳеҷ яке аз ҳамшаҳриёнашонро, хоҳ низомӣ бошад, хоҳ мулкӣ дар хоки Афғонистони ҷангзада, дар ҳар ҷое, ки дучор оянд, як лаҳза танҳо нагузоранд ва хостаҳояшонро ба ҷо оранд.
(Давом дорад)