(Идома аз шумораҳои гузашта)
Сарам тафсон, дил ташна ва лабрези интиқом аз бетаваҷҷуҳии ду теннисбози карахт ва камлутф буд, вале Григорий ҳамаро аз нав ба сари хони зиёфат хонду гуфтаниҳои пур аз мурчу қаламфури ман ногуфта монд. Бухси дил накафид.
Нӯшонӯшу нӯшбодгӯиву таъомҳои лазиз нӯши ҷон карданҳо аз нав шурӯъ шуд ва ҳатто ба авҷи аъло расид. Он ду хонуми рус бо тамоми маънӣ муаддабу нозанин эътиборе ба мо ва ҳатто ба шавҳаронашон надода, бештар ба таърифи соҳибхона – Киёи ба қавли худашон «симпотичный» лабҳои майгун ба гуфтор кушоданд. Чолокии ӯ, ҳусни зоҳиру ботин ва дасти босахояшро бо қаҳ-қаҳаи мастона ситоиш мекарданд. Аз тайпи ҷопонӣ ҳамоно мусиқии шӯхи рақсӣ бархоста, ҳавои манзилро пур аз ишқ ва нишот месохт. Ҷавонтарин меҳмони маҳфил Геннадий Калуженко, ғайричашмдошт, ором, осуда ва бедилу бедимоғ менишаст.
- Давайте, потанцуем, ребята, — шодона дастур дод Купратий ва аз рафиқи русияш иҷозат хоста, хонуми ӯро ба рақс кашид.
- А, я только с Киё буду танцевать! – гӯён маҳваши дигари паҳлуи дугонааш нишаста аз ҷо бархоста, ҷониби кадхудои манзил омад ва соидони симин бар гардани ӯ ҳалқа кард. Рақс гӯё аз бақои абадии зиндагӣ башорат медод… Фикр кардам, ки ин бонуи рақсанда бо Киё воқеан, рашки хубони олам аст. Домани сафеди чин-чин, чеҳраи маҳтобиву чашмони нилобӣ, мӯйи кӯтоҳакак буридаи зарандуд, қомати мавзуни миёна ва пешобағали дамидаи ӯ валлоҳ хонаи сабру тақвои ҳар шайху муллоро барбод медод.
Қадре дуртар аз мизи мамлув аз хӯрок, ки Одинаю Нор мунтазам ба назму тартибаш машғул буданд, базми рақсҳои шӯрангезу мусиқии ҷонситон ба ҷисму ҷони хастаи ман ҳаловат мебахшид. Дӯғу даранги Купратий, кӯфти роҳи бетонпӯши Шиндант – Ҳирот, чашми ноошнои ин ду тоҷики теннисбози ҳамдиёр, лахту пора шудани Халилу мошинаш — ҳамаро базми шаробу рақсу мусиқӣ фурӯ бурд дар худ. Ҳолу ҳавои хосе доштам он дам ва ба дил гуфтам:
- Оё боре ба ин ҳақир ҳам муяссар мешуда бошад, ки мисли Киёи хушбахт бо ҳамин паричеҳраи русӣ лоақал як бор дастобагардан шаваму ҳамроҳаш арғушт равам?!
Дар поёни нишаст Вакуленкои бузбалаву тануманд ва зоҳиран бепарво ба одаму олам суруди барои ҳама азизу ошно: «Расцветали яблони и груши… На берег вышла Катюша»-ро бо тамоми неру замзама кард. Ҳама, ҳатто он ду париваш ҳам якзарб ба ӯ ҳамовоз гардиданд. Қироати суруд аксари аҳли нишастро аввал шод намуд, сипас гирёнд… Ба ёди ватану аҳли аёлашон ашкрезон ҳама аз ҷо бархостанд ва дасти кадхудои барои ҳамагон маҳбуб – Киёи худро навбат ба навбат фишурда, ташаккургӯён бо сарҳои вазнин равони хонаҳояшон шуданд.
- Чӣ гӯям ба ин Афғонистони мардуд, — худ ба худ меғурунгид роҳравон Григорий, – ин ҷо мо гоҳ хуни дил мехӯрему гоҳ айшу ишрат дорем, он ҷо ҳатман хонумҳои мо ҳам…
Шефи калон – Купратий ҳини худоҳофизӣ дар хориҷ аз манзил масъалаи ба Бодғис гусел кардани тарҷумони навро бори дигар гӯшрас кард. Киё муаддабона ва бо оҳанги қадре омирона сари ҳарфашро бурид:
- Владимир Иванович, давайте, завтра утром здесь позавтракаем и обсуждаем этот вопрос…
- Как скажешь, дорогой Киё! – Ба мо хоби хуш орзу карда рафт Купратий.
Субҳи рӯзи ҷумъаи муродбахш мо дар саҳни хона, зери шохаҳои ғулаву пурбарги дарахтони садаву санавбару коҷ дар ҳамоҳангӣ бо садои тирпаронӣ, бидуни тарсу бим варзиши мухтасар анҷом додем. Купратий тибқи ваъдаи шабона ҳозир шуд ва ҳар се субҳонаи шоҳонаи Киёро нӯши ҷон кардем. Вакуленко ҳам бо андаке таъхир омад. Чун ҷумъаи муродбахш он ҷо рӯзи истироҳат буду ҳаст, бо таклифи Купратий чаҳор тан бо чанд ҷуръае рафъи хумор кардем. Сарҳои вазнин қадре хуш ва димоғҳо аз нав чоқ шуд. Қабл аз он ки шефи калон мавзӯи сафари банда: ҳамроҳ бо қатор (колона)-и афғонҳо ба шаҳри Қалъаи Нав озим шуданро ба миён гузорад, Қиёмиддин маслиҳати дигареро дар миён гузошта, гуфт, ки қатори сарбозони афғонӣ, Худо медонад, роҳи тӯлонӣ ва пурхавфу хатари Ҳирот – Бодғисро дар чанд рӯз ва бо чӣ мушкилоте тай хоҳанд кард. Ҳатто имкон дорад, душманони интиқомҷӯй камин гирифта, дар паси талу теппаҳо бо ҳамлаи ногаҳонӣ ва барқосояшон аскарони ташнаву гушна ва ҷангнадидаи афғонро торумор созанд. Ба сафи муҷоҳидон бечунучаро пайвастани онҳо низ аз эҳтимол дур нест, чунонки соле қабл як дивизияи комил ва мусаллаҳи афғонҳо дар Ҳирот чунин «ҳунар»-ро нишон дод… Пас мо чаро тарҷумон ва адиб – узви Иттифоқи журналистони СССР — ро дидаву дониста, ба доми бало андозем?
Григорий Александровичи баҳонаҷӯ ва хушишта ҷиҳати тақвияти пешниҳоди Киё қадаҳҳои навбатиро зуд пур кард ва таклифи ҷолибе бо садои мутантан матраҳ сохт:
- Наш новый тарджумон, товарищ Мирзо, через вертолёт после три дня вместо с генералом Бобинский летает в Калай Нав. Давайте, за это выпьем!
Купратий низ бечунучаро ва он ҳам ба хотири ҳамшаҳрии Киё буданам розӣ шуд, ки банда бо чархболи генерал Бобинский аз осмони баланди ағбаи Сабзак – гарданаи байни Ҳироту Бодғис парвозкунон ба ҷойи кору зисти хеш – ба маркази вилояти Боғдис биравам.
Дар дилу дар дидаам барқосо равшанӣ дамид. Ба қавли пирони қадим: «Кӯр чӣ мехоҳад? Ду дидаи бино». Аз ҳама фикру зикри ғамовару ғализе, ки аз сафари Афғонистон, аз ҳамон оғози кор зеҳнамро мадҳуш медошт, ҳоло фақат як андешаи махмалин боқист: ин бародари тоҷикистонии ман Қиёмиддин Абдуллоев кист? Дар остонаи Ҳироти сар то по оғушта ба оташу хун оё Худо маро бо Хизр рӯ ба рӯ кард? Тарбияти кадомин волидайни валинеъматро дидааст ӯ? Ҳамаро ҳотамона дӯстнавозӣ мекунад ва ҳама дӯсташ медоранд. Яхдону ошпазхонаву ҷевонҳояш пур аз нозу неъмат. Дасти марҳаматаш, аз сарбозони афғонии посбонони дафтару маъвои намояндагӣ то мушовиру тарҷумону афсару сарҳангҳои шӯравӣ – ба ҳама яксон мерасад. Чаро худиву бегона – ҳама ба Қиёмиддин мегӯянд «Киё?» Маро, одатан ихтисор карда, сипас ба забон овардани исми мубораки инсон хуш намеояд. Хусусан, исми бомусаммои инсони муътабаре мисли Қиёмиддинро қайчӣ карда «Киё» гуфтан хуб нест. Ва тасмим гирифтам, қабл аз он ки озими Бодғис шавам, ҳамаи аҳли нишасти дишабаро ҷамъ оварда, аз ҷайби худ мисли ҳамон базми ҷамшедӣ, ки Қиёмиддин орост, ба онҳо зиёфати серчарби шоҳона медиҳам ва хоҳиш мекунам, ки ӯро минбаъд «Қиёмиддин Абдуллозода» бигӯянд, на «Киё»-и хушку холӣ!
Ман пас аз гусели Купратий ва Вакуленко, бо нияти рафтан ба ҳутали Ҳирот – бояд дирӯз, зуҳр Халили ронандаи раҳматӣ маро он ҷо мебурд ва шояд банда ҳам раҳматӣ мешудам – аз бародари мизбони худ иҷозаи рафтан пурсидам. Ӯ тибқи бародарнавозии суннатии меросмонда аз ниёконаш бандаро ба осонӣ иҷозаи рафъи заҳмат кардан надод.
(Давом дорад)
Мирзо Шукурзода, нависанда