Дар хотира мазмуни баланд аст ливо,
Бар гӯши дилам ҳикмату панд аст ливо.
Чун боли хаёл пар кушояд рангин,
Аз ранги хаёли дилписанд аст ливо.
Тоҷаш ба мисоли шуълабарги фонус,
Ин тоҷи сари баланди нангу номус.
Дар вожаи парчам аст сад нукта ниҳон,
Сад маънии бинҳуфта ба ҷилди қомус.
Дар ранги сафедаш, ки бувад бахти сафед,
Рамз аст ба сабзиаш баҳори уммед.
Рӯсурхии мо бувад ба ранги сурхаш,
Тоҷ аст ба домани шафақ чун хуршед.
Афрохта мо дирафш бар боми фалак,
Бардошта бо ливои худ коми фалак.
Дар домани атласаш ба зар бинвиштем
Сад розу ниёзи хеш бар номи фалак.
Ҳар хурду бузурги ин Ватан хушҳоланд,
Аз парчами қадбаланди мо меболанд.
Ҳангоми гузар паррандаҳои кӯчӣ
Бӯсида дирафши мо, ба рӯ мемоланд.
Давлат САФАР,
Шоири халқии Тоҷикистон