Афсонаи «Камони қомат»

№81 (3718) 08.07.2017

«Буд набуд» оғози ҳар афсона аст. Оғози афсонаҳои рангину пурмоҷаро. Оғози зиндагиномае, ки дар сояҳои хаёл парвариш ёфтаву дар авроқи мунаққаши ёдҳо нақш баста.

Магар афсона як дурӯғи зебост?

Агар охирин саҳифаи зиндагӣ чун барги хазон бо боди нафас канда шавад, мо оё эҳсоси ин ҳақиқати зеборо намекунем? Магар касе бо ёди мо намегӯяд: «Буд набуд»… Ин иқтибос аз китоби «Камони қомат»-и журналисти хушзавқ Алӣ Ҷӯра аст, ки нашриёти «Русская литература» чанде қабл чоп кардааст.

Алӣ Ҷӯра солҳост, ки дар матбуот заҳмат мекашад. Ӯ бо тақозои вазифа ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафар кардаву аз бурду бохти зиндагӣ хабар дорад. Ҳини сафар бо инсонҳое вохӯрда, ки зиндагиашонро сарфи хидмати мардум кардаанд, барои ободиву бунёдкории кишвар саҳм гузоштаанд. Алӣ Ҷӯра ба рӯзгори онҳо ба дидаи ибрат менигарад ва корномаашонро бо қалам ба риштаи тасвир мекашад.

Нависанда Умари Шерхон дар пешгуфтори китоб менависад: «Одамон тақдири гуногун доранд, роҳи зиндагиашон пур аз печутоб аст. Ғам ҳам мехӯранду шодӣ ҳам мекунанд. Ҷоеро обод месозанд, дасти ҳамдигарро мегиранд ва гоҳе бетафовут аз канори ҳамдигар мегузаранд. Ҳамин тавр, фалсафаи зиндагӣ ҳам ширин асту ҳам талх». Фалсафаи ширину талхи  рӯзгор, ки мисли шабу рӯз ногузир зиндагии одамонро пур месозанд, ҷавҳари китоби «Камони қомат»-ро ташкил медиҳад.

Зиндагии ибратбахш, пур аз талош ва созандаи қаҳрамонони китоб устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулло Муродов, ҳунарпешаи машҳур Гулсара Абдуллоева муаллим Саъдулло Ҳусейнзода, табиби ҳозиқ Ашӯр Достиев ва дигарон хонданиву хотирмон ҳастанд. Ҳамчунин,  сафаргуфтаҳои Алӣ Ҷӯра «Маъвои меҳр», «Асрори марги Масъуд» ва «Охирин васияти Амир Олимхон», ки маҳсули сафарҳояш ба Эрону Афғонистон мебошанд, басо ҷолибанд.

ВОРИС, «Садои мардум»