Ҳафт – рақами махсуси хони наврӯзӣ

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

Мусоҳиба бо фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ доир ба ҳикмати суннату анъанаҳои Наврӯз

фейс- Хони наврӯзӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

- Оростани хони наврӯзӣ аз замонҳои хеле қадим, 4-6 ҳазор сол пеш, ки ниёкони мо Наврӯзро ба ҳайси ҷашни баҳор таҷлил мекарданд, сарчашма мегирад. Бояд ёдовар шуд, ки суфраи наврӯзӣ суфраи ғизохӯрӣ нест, балки рамзӣ аст. Дар он замон, ки мардум худоёни гуногунро мепарастиданд ва мутобиқи тасаввуроти асотирии онҳо, барои хушнудии худоёну фариштагону арвоҳи гузаштагон ва орзую дархости ризқу фаровонӣ ҳар гуна маросимро барпо мекарданд.

- Метавонед мисол оред?

- Дар замони қадим ба хотири Аҳурамаздо ва шаш фариштаи ба ӯ наздик — Баҳман, Ардибиҳишт, Шаҳривар, Хурдод, Амурдод ва Исфанд, ки иҷрогар шуморида мешуданд, дар арафаи Наврӯз суфраи рамзӣ боз мекарданд. Ба хотири ҳар кадоми онҳо дар як табақ як унсури рамзӣ мегузоштанд. Масалан, ба хотири Аҳурамаздо, ҳамчун рамзи офариниш, тухми мурғ мегузош­танд. Ба хотири Баҳман, ки вазифааш нигаҳбони андешаи неку пок буд, дар косае шир мегирифтанд. Ба хотири Ардибиҳишт, ки фариштаи нигаҳбони тамоми растаниҳову дарахтону марғзорҳо буд, дар табақе сабза мегузоштанд. Барои фаришта Шаҳривар, ки нигаҳбони филизу маъданҳо буд, дар як табақ чанд сиккаи нуқра мениҳоданд. Ҳамчунин рамзи Хурдод, ки нигаҳбони об буд, дар зарфе об мегирифтанд. Ба хотири Амурдод, ки фариштаи ҷовидонӣ ва нигаҳбони гиёҳону хӯрданиҳо буд, сир (чеснок) мегузоштанд. Ба ёди фаришта Исфанд сипанд мегузоштанд. Ҳамин тариқ, «ҳафт табақ» хони рамзии ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад.

- Пас, калимаҳои «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» чӣ гуна пайдо шуданд?

- Мо табақҳои чинӣ дорем, ки аз Чин меоянд ва онҳоро чинӣ мегӯем. Дар Эрон ҳаминро синӣ мегӯянд, ки албатта, бо таъсири забони арабист. Яъне, дар алифбои арабӣ ҳарфи «ч» нест ва онро бо ҳарфи «с» ё «ш» иваз мекунанд, дар натиҷа «ҳафт синӣ» ва «ҳафт шинӣ» пайдо шуданд, ки бо гузашти замон пасванди «ӣ» афтиду «ҳафт син» ва «ҳафт шин» боқӣ монд. Аслаш ҳафт табақ аст ва ин суннати наврӯзӣ ба ҳарфи арабии «син» ҳеҷ иртибот надорад. Муҳаққиқони эронӣ ҳам бар он назаранд, ки «ҳафт син»-у «ҳафт шин»-е, ки ҳоло ҳаст, маънои ҳафт табақро дорад.

- Тоҷикон аз ҳамон замон «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ­доштанд?

- Тавре ки мо зиёда аз 20 сол дар ин мавзӯъ таҳқиқот мебарем, дар бораи он ки тоҷикон «ҳафт син»-у «ҳафт шин» доштанд, маълумот наёфтем, зеро тавре дар боло ишора кардем, суннати мазкур дар Эрон пайдо шудааст ва то ҳол «ҳафт син» дар он ҷо роиҷ аст.

- Модоме ки дар сарчашмаҳо «ҳафт син» -у «ҳафт шин» нест, пас, дар фарҳанги тоҷикон чӣ гуна пайдо шуданд?

- Солҳои ҳафтодуми асри XX як қатор зиёиёни мо, аз қабили олимону тарҷумонҳо ва рӯзноманигорон, аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Эрону Афғонистон фиристода шуданд. Яъне, Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири анҷом додани корҳои гуногун дар кишварҳои зикршуда бештар аз тоҷикон тарҷумон мегирифт, зеро мо бо ин ду кишвар ҳамзабон будем. Зиёиёни мо аз рӯи касб фаъолият мекарданд ва ҳамзамон онҳо бисёр намунаҳои фарҳангро омӯхтанд ва ақидаҳои марбут ба «ҳафт син» -у «ҳафт шин»-ро омӯхта, дар мақолаҳои худ дарҷ намуданд. Ҳамин тавр, миёни мардуми тоҷик анъа­наи «ҳафт син»-у «ҳафт шин» пайдо шуд.

- Таҳқиқоти шумо маълум кард, ки тоҷикон дастархони наврӯзии ба худ хос доштанд?

- Дар суҳбатҳои алоҳида, ки бо куҳансолони 80-90-сола анҷом дода будем, дар мавриди хони наврӯзӣ мепурсидам ва онҳо ҷавоб медоданд, ки бори аввал «ҳафт син»-у «ҳафт шин» — ро мешунаванд. Баъдан, дар умум дар бораи хони наврӯзии тоҷикона мепурсидам. Онҳо мегуфтанд, ки дар хони наврӯзӣ маҳдудияти рақамиву ҳарфӣ набуд. Балки дар хони наврӯзии тоҷикон, пеш аз ҳама, хӯроки баҳорӣ, ки гандумкӯча (дангича, фарбеч, кашк, боҷ, далда) меноманд, меистод. Дар атрофи ин хӯрок самбӯсаи алафӣ, ҷурғот, ғизоҳои сафед­ранг, ширу ширбиринҷ, кулча ва ғайра мегузоштанд, ки ҳар кадоме рамзи махсус доштанд.

Spring-Festivals-4- Доир ба мавҷуд будани «ҳафтмева» дар хони наврӯзӣ чӣ назар доред?

- Дар сарчашмаҳо меояд, ки «ҳафтмева» дар хони наврӯзии мо будааст. Ҳамчунин, «нӯшобаи ҳафтмева» суфраи наврӯзиро зеб медодааст, ки одатан мардуми тоҷик аз тобистони соли гузашта меваҳояшонро хушк карда, дар Наврӯз ҳамаи онҳоро дар як дег меҷӯшониданд.

- Мо аз Наврӯз чиро ихтисор кардем ва чиро илова намудем?

- Суғдиён, ки ниёкони мо буданд, дар арафаи Наврӯз дар вақти бомдод хурӯс қурбонӣ мекарданд. Дар баъзе сарчашмаҳо ҳам вомехӯрем, ки анъанаи «Мири наврӯзӣ» будааст. Мардум дар панҷ рӯзи қабл аз Наврӯз якеро ҳамчун мир интихоб мекарданд, ки ҳар сухани гуфтаашро иҷро мекарданд. Ин анъанаҳо ҳоло аз байн рафтаанд. Дар мавриди иловаҳо бояд гуфт, ки ду-се садсола пеш «деги дарвешон» пайдо шуд, ки ба хотири хайр кардан ба дарвешон буд. Дар асрҳои миёна сайрҳои наврӯзӣ пайдо шуданд, ки мардум дар ҳар деҳа ё маҳалла Наврӯзро ҷудогона таҷлил мекарданд. Ниҳоят, ҳамин анъанаи «ҳафт син»-у «ҳафт шин» барои тоҷикон дар сӣ-чил соли охир пайдо шуд. Падару модар ва бибию бобоҳои мо ин одатро намедонистанд.

- Дар Наврӯз «хонатаконӣ» чӣ ҳикмат дорад?

- Пок кардани муҳит аст, ки мутаассифона, ҷанбаи муқаддасии он аз байн рафтааст. Дар зимис­тон, ки дуди оташдону сандалӣ ва бухорӣ деворҳои хонаро сиёҳ мекарданд, дар гузашта лозим медонистанд, ки хонаҳоро пок ва сафед кунанд ва бо тозагӣ Наврӯзро пешвоз гиранд, вале ҳоло шароит дигар шудааст ва дастгоҳҳои гармидиҳии тозаи замонавӣ ба вуҷуд омадаанд ва ҳар кас дар вақти дилхоҳ ин корро анҷом медиҳад.

- Дар мавриди «Даҳи Наврӯз» чӣ гуфта метавонед?

- Дар оини зардуштӣ ақидае вуҷуд дошт, ки даҳ рӯзи охири пеш аз Наврӯз арвоҳи гузаштагон ба хонаҳояшон меоянд ва ба хотири онҳо дастархони наврӯзӣ пешкаш мекарданд. Ҳамин даҳа як анъанаи эътиқодӣ буд, бозмондаи он то ҳанӯз ҳам ҳаст, имрӯзҳо мардуми мо дар арафаи идҳо ба сари қабрҳо рафта, онҳоро тоза менамоянду ба рӯҳи гузаштагон дуо мехонанд.

- Ҳоло дар мо чанд навъи таҷлил аз ҷашни Наврӯз маъмул аст. Дар замонҳои пеш чӣ хел буд?

- Барои мисол, дар замони Сосониён Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Наврӯзи деҳқонон, тоҷирон, сарбозон ва рӯзи шашум наврӯзи шоҳ буд, вале баъд аз аҳди муғул Наврӯз ва дигар намунаҳои фарҳангӣ рӯ ба таназ­зул ниҳоданд. Наврӯз ва дигар ҷашн­ҳои эронӣ аз дарбори ҳокимон берун шуд ва миёни мардум дар шаклҳои гуногун идома ёфт. ­Сайри мардумӣ барпо мешуданд. Ин ­анъана то асри гузашта роиҷ буд, ки онро сайри «Соли нав» мегуфтанд. Дар замони шӯравӣ Наврӯз ҷашни расмӣ набуд, аммо мардум дар деҳаву маҳаллаҳо онро таҷлил мекарданд.

Ниҳоят дар замони соҳиб­истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба маснади худ нишаст, яъне ҷашни ҳамагонӣ шуд. Мо шукрона аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки ба шарофаташон Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»