Рӯзи истироҳат тасмим гирифтам, ки чизе нависам. Вале чӣ? Аз кӣ гӯям, чӣ тавр оғоз намоям? Гӯё дар кишвар мушкилиҳо ҳал шудаанду ҳатто барои васфи касе ё чизе мавзӯъ намондааст… Аз ин «бемавзӯӣ» афсурдахотир мешудам. Хоҳарзодаам, ки дар синфи панҷум мехонаду бо ман дар як хона иҷора менишинад, рӯзҳои истироҳат ҳамеша хоҳиш мекунад, то ҳамроҳ ба тамошои шаҳр ё кино биравем. Бо сабабҳои гуногун тамошои киноро доимо ба таъхир мемондам. Имрӯз якбора ваъдаи ба хоҳарзода додаам ба ёдам расиду хостам ба як тир чанд нишон занам. Аз тариқи интернет дидам, ки дар кинотеатр филм дар жанри ҳаҷв намоиш дода мешавад. Бо андешаи он ки ҳаҷв ҳолу ҳавои дилро дигар менамояд ва мумкин аст, дар роҳ мушоҳидае барои иншои матлаб пайдо гардад, сӯи кинотеатр роҳ пеш гирифтем.
Ду билет харида, вориди толор шудем. Дар ҷойи нишасти мо, ки дар қатори аввал буд, ду ҷавондухтар нишаста буданд. Мушкил нест, гуфта, қатори дувум, яъне пушти онҳо ба ҷойи холӣ нишастем. Ҳамин ки филм шурӯъ шуд, се нафар ба билетҳои дасташон нигоҳ намуда, назди мо омаданд.
- Бубахшед, шумо дар ҷойи мо нишастаед, ба ҷойи худатон гузаред! — гуфтанд.
- Ин хонумҳо низ ҷойи моро банд кардаанд. Нишастгоҳҳои холӣ зиёданд, бе ин ҳам касе намеояд, агар барои худ ҷойи муносиб меёфтед, хуб мешуд, — хоҳиш намудам аз онҳо. Инсонҳои тарбиятдида ва ором ба назар мерасиданд, ки бе ҳарфи зиёдатӣ аз мо дур шуданд.
Ҳарчанд аз шурӯи филм 10 дақиқа гузашта буд, аммо мардум ҷуфт – ҷуфт вориди толор мешуданд. Ҳамин тавр, ду ҷавони дигар болои сари онҳое, ки дар ҷояшон мо нишста будем, омада, исрор менамуданд, ки бояд онҳо бархезанд. Бо овози гӯшхароше «Ин ҷо ҷойи мост, ҷойи худатон гузаред», — гӯён ғавғо бардоштанд. Кор то ба ҷанҷол расид. Дигар тоқат накарда, маҷбур шудам, ки дахолат намоям. Аммо суд надошт. Аз нисф зиёди филм аллакай гузашта буд, дигар намефаҳмидед, ки филм дар жанри ҳаҷв аст ё дигар.
Масъули кинотеатр барқро равшан намуда, кӯшиши ором намудани тамошогаронро кард. Хоҳарзодаам, ки бори нахуст ба кинотеатр омада буд, мутаҳайирона пурсид:
- Чӣ шуд, чаро намегузоранд, филмро тамошо кунем?
- Ҳеҷ кас дар ҷойи худ нанишастааст, — посух додам.
Шояд баробари дохил шудан ба духтарҳо бо мулоиматӣ мегуфтам, ки ҷоямро холӣ намоянд, ин ҳама кашмакаш сар намезад. Аммо «меҳрубонии тоҷикона» нагузошт, ки духтаронро аз ҷой хезонам.
Агар барои дидани як филм, дар кинотеатр ё тамошои консерт ҳар нафар дар ҷояш нанишинад, ин қадар мушкил пеш ояду лаззати тамошоро аз байн барад, пас дар ҷомеаи чандмиллионнафара ҳар кас курсии арзандаи худро соҳибӣ нанамояд, чӣ хоҳад шуд?
Ҳикояи «Сорбон ва уштур» ба хотирам омад.
Сорбоне дар охири умр уштурашро садо мезанаду ба далели азият ва озоре, ки бар ӯ раво дида буд, аз уштур маъзарат металабад. Ҳар озоре, ки ба ӯ дода буд, ном мебарад. Аз ҷумла, задани уштур бо тозиёна, обу ғизо надодан, аз ҳад зиёд бор кардан. Ҳамаро ёдовар шуда, мепурсад, ки оё ҷонвар ӯро бахшида метавонад?
Уштур дар ҷавоб мегӯяд:
- Ҳамаро, ки номбар кардӣ, мебахшам, аммо як бор бо ман кореро раво донистӣ, ки ҳаргиз наметавонам фаромӯш намоям.
Сорбон мепурсад, ки он чӣ коре буд?
- Боре афзори маро ба думи хар бастӣ, — мегӯяд уштур. Ман агар туро ба хотири ҳама озору азият бахшам, ба хотири ин таҳқир ҳаргиз нахоҳам бахшид!
Зарбулмасали маъруфи «Афзори уштур ба думи хар бастан» ҳам ишора ба супурдани коре ё мансабе ба афроди нолоиқ аст.
Баъд аз ин, дарвоқеъ, ба умқи сухани файласуфи бузург Афлотун мерасам, ки адолатро ба маънои нишастани ҳар кас дар ҷойгоҳи худ таъбир намудааст. «Танҳо замоне аз корҳо натиҷаи нек метавон гирифт, ки ҳар кас мутобиқи завқу истеъдодаш вазифа дошта бошад ва мояи бартарӣ қобилияти инсонӣ бошад».
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»