Ҳамоиши идона

АГАР БРЕНДИКУНОНИИ НАВРӮЗ ДУРУСТ ИҶРО ШАВАД…

№ 07.04.2025

Дар Форуми  IV-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», ки  чанде пеш бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Ҳайят доир шуд, коршиносон ҷанбаҳои гуногуни Наврӯзро, ки аз бостон то ба рӯзгори мо расидааст, баррасӣ намуданд.

Ба он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронӣ, аз ҷумла, гуфт форуми мазкур, ки соли чорум аст дар пойтахти кишвар доир мегардад, ба таҳкими робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ ва рушди ҳамкориҳои ин соҳаҳо заминаи созгор фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳри Душнбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишварамон иди Наврӯз дар сатҳи баланд доир мегардад. Ба ин хотир Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ, мусобиқаҳои кушоди аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни суханронӣ гуфт, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Бо овардани иқтибос аз суханронии Роҳбари давлат афзуд: «Гузаштагонамон Наврӯзро бедоршавии табиат, олами наботот, оғози кишту кор медонистанд. Ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покию сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият таҷлил мегардад. Маҳз бо ин сабаб, дар тули таърих, эътиқоди одамон  ба Наврӯз, ки яке аз ифтихороти фарҳанги миллии мо мебошад, беш аз пеш афзудааст».

Зикр шуд, ки бо оғози фасли зебои баҳор мавсими сайёҳӣ дар кишвар оғоз гардида, шумораи зиёди сайёҳон  барои дидани меҳани аҷдодии Наврӯз меоянд. Ин ҷашн  бо шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ мазмуну моҳияти нав пайдо карда, қодир аст барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла сайёҳон, ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат заминаи мусоид фароҳам орад.

Ба ибораи дигар, Наврӯз метавонад ҷузъи асосии стратегияи  брендикунонии сайёҳии Тоҷикистон бошад. Ин идея метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар кумак кунад ва Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ бештар муаррифӣ ва ҷолиб созад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар брендикунони Наврӯз дуруст иҷро шавад, Тоҷикистон метавонад ба макони фарҳангии боэътимод ва ҷозиби сайёҳӣ  табдил ёбад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷурахон, муовини  Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва дигарон суханронӣ намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»