Дар баробари осори классикон, ки ба Наврӯз бахшида шудааст, «Наврӯзнома»-и Ҳаким Тирмизӣ (Душанбе-2016) аз рисолаҳои қадимтарин ба ҳисоб меравад. Номбурда125 сол умр дида, илми нуҷумро дарёфт, аҳкоми афлокро шинохт ва манзили офтобу моҳро маълум кард. Ӯ менависад: «…таҷрибаи кулли солро аз саъду наҳс ва хайру шар ва нафъу зар берун овардам ва ин китобро «Наврӯзнома» ном ниҳодам. Ва истихроҷи ҳар рӯз, ки Наврӯз шуд, дар он сол чӣ бошад ва чӣ далел кунад, навиштам…».
Ҳарчанд ин пешгӯиҳо дар муқоиса бо тадқиқоти илмӣ бартарӣ надоранд, аммо чун унсури ҷудонашавандаи фарҳанги наврӯзӣ онро пешкаши хонанда мегардонем.
Агар Наврӯзи олам рӯзи якшанбе бувад, он рӯз султонӣ ба Офтоб бувад. Он сол бағоят пурнеъмат бувад. Аммо мухолифат ва норостӣ дар миёнаи халоиқ пайдо шавад. Пунба бисёр бувад, валекин гиёҳ кам рӯяд, полизҳо беҳ ва некӯ шаванд. Аммо охири сол андак тангӣ шавад ва зуд бигузарад. Ва марг дар миёни мардум бувад. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд ёбад, нек бувад, аммо бесаранҷом ва бенафъ бувад.
Агар рӯзи Наврӯз душанбе бувад, он рӯз тааллуқ ба Моҳ дорад. Дар он сол фарохии неъмат бошад ва борон бисёр борад. Аммо гиёҳ кам рӯяд ва полез некӯ бувад. Кори султон заиф бувад. Баъзе турконро тангдастӣ бувад, валекин зуд бигзарад. Пунба некӯ бувад. Аз зироат сабзӣ нек бувад, дурдона ғанӣ бувад ва полизро офат расад, кунҷид нек бувад. Аммо (сол) зуд бигзарад, ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, дарозумр бувад, аммо камфаҳм ва дурбин ва хушовоз бувад.
Агар Наврӯз рӯзи сешанбе бувад, салтанат Миррихро бувад, он сол фарохнеъмат бувад, ғалла бисёр бувад, валекин хунрезӣ шавад. Раҳм аз миёни халоиқ бархезад, чунон ки мардро бо зан ва занро бо шавҳар ва писарро бо падар ва падарро бо писар ва духтарро бо модар шавқат намонад. Иззат аз миёни халоиқ бархезад. Дар Мағрибзамин подшоҳе бимирад. Дар он сол неъмат ва борон бисёр бувад. Пунба ва ангур бисёр шавад. Барф ва борон бисёр борад, ба воситаи он селҳо кишту ток хуш шавад. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, паҳлавон ва далер ва молдор бувад.
Агар Наврӯз рӯзи чоршанбе бувад, он рӯзи салтанати Уторид (Меркурий) бувад. Дар он сол қаҳтӣ ва тангӣ ва хун рехтан ва ошӯб ва фасод бисёр бувад. Зироат ва полизро баракат бувад. Аммо ба ҷониби Хуросон гандум ва ҷавро қимат гиранд. Мору каждум бисёр бувад, арзанкорӣ бештар шавад. Марги кӯдакон ва занон бисёр бошад. Кайку магас бисёр бувад. Боқимондаҳо давлат бинанд. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, олим ва ҳакимтабъ, аммо тунд ва тезкор бувад.
Агар Наврӯз рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтод, он рӯз салтанат Муштарӣ (Юпитер)-ро бувад. Дар он сол фарохии неъмат бувад. Нарх арзон нашавад, султонон бар якдигар ситам кунанд. Барфу борон дар вақти тирамоҳ бувад. Бегоҳ нек ва тобистон нек бошад. Ҳазар бояд кард, ғалларо бо ҳурмат нигоҳ бояд дошт. Дар ин сол бо ҳар касе ҷанг набояд кард. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, хушфеъл ва ҳалим бошад ва давлатманд, аммо бемулоҳиза бувад.
Агар Наврӯз рӯзи ҷумъа бувад, дар он рӯз салтанат Зӯҳраро бувад. Дар он сол фарохии неъмат бувад. Ҳоли малик (подшоҳон) дар низоъ бувад. Борон беҳангом бувад, сармо сахт шавад. Аммо туҷҷорро нафъ бувад. Ғалларо дар фарохӣ набояд нигоҳ дошт. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, ошиқ ва маҷнун ва лоубол ва нафъу баракат дар қадами ӯ бувад. Хуштабъ ва хушовоз бувад.
Агар Наврӯз рӯзи шанбе бувад, он рӯз ҳукумат Зуҳалро бувад. Дар он сол қаҳтӣ ва бодҳои сахт бувад. Хурӯҷи мунофиқон бувад. Аз ҷониби машриқ подшоҳе хурӯҷ кунад. Фитна ва ошӯбу фасод бисёр бувад. Дар дуздидан дуздон далер шаванд. Фисқу фасод ривоҷ гирад. Пунба ва полизро нафъ бувад. Анҷиру меваҳои дигар бисёр бувад. Сармо дар охири сол шавад. Коҳу ғаллаву намакро бояд нигаҳ дошт. Ҳар фарзанде, ки дар ин сол таваллуд шавад, ҳунарманд ва парҳезкор бувад.
Таҳияи Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»