Пешниҳод

Ҳайкалҳо бояд зербино дошта бошанд

№19 (3969) 16.02.2019

А. Мирзозода-1Душанбе рӯз то рӯз симояшро дигар мекунад. Вақте бо таваҷҷуҳу эҳтироми хоса ба зиёрати ҳайкалҳои қадафрохта меравем, эҳсоси худогоҳию хештаншиносӣ фаро мегирад, гулгашту роҳравҳои зебову диданӣ зиннатёфта, накҳати гуворои гулҳои шукуфон ба шаҳр ҳусну таровати хоса бахшидаанд.

Подоманҳои хуштарҳ, ҳавзу нишеманҳои замонавии назди ҳайкалҳо ба макони сайру саёҳат ва истироҳати мардум табдил ёфта, завқи зебопарастии онҳоро меафзояд. Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар назди ҳайкалҳо, ки таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардо мебошанд, осорхонаю китобхонаҳои хурд бунёд шавад. Воқеан ҳам, дилхоҳ шахсиятеро, ки симои зоҳириашро чун ҳайкал барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунем, дар шинохташ баъзе бинанда, аз ҷумла сайёҳон, оҷизӣ мекашанд.

Агар дар подомани муҷассама офаридаҳои пайкарасозону гаҷкорон, маҳсули зеҳнии тафаккури муҷассам — сюжетҳои мифологӣ, манзараҳои ҷолиби ҳарбу зарби персонажҳои асарҳои мутафаккир насб гардад, муҳим ва муфид хоҳад буд. Бинанда аз он ғизои маънӣ гирифта, ба хондану донистани ҳаёту фаъолияти мутафаккири ҳайкалаш тарошидашуда водор мегардад. Инчунин, сайёҳоне, ки ба осорхона ворид мешаванд, на танҳо ба симои зоҳирӣ, балки ба симои қаҳрамон низ шинос мешаванд.

Масалан, агар дар зербинои ҳайкали Ҳаким Фирдавсӣ рамзе аз шуҷоату садоқат, лаҳзаҳои набарди Рустам, Сӯҳроб, Исфандиёр, Кайхусрав, Фаридун, Коваи оҳангар, занҳои шуҷоъ — Гурдофарид, Рудоба, Фарангису Таҳмина бо сабку услуби хос ҳаккокӣ шавад, табиист, ки бинандаро ба гирифтани маълумоти бештар доир ба ин шахсият ҳидоят мекунад.

Ҳоло ки ҳайкали Абӯалӣ ибни Синоро дар саҳни бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикис­тон гузоштанианд, хуб мешуд, пойдевори онро бо тарҳи ҷолиб бино намоянд. Он гоҳ муҷассама муҷиби осоиши зеҳн ва боиси сарфарозӣ мегардад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»