Ба истиқболи 90 - солагии театри тоҷик

Ғайрат Қодиров: «Театри Конибодом қадамҷои бузургони миллат аст»

№30 (3980) 19.03.2019

Гайрат акоТеатр оинаи зиндагӣ аст. Тамошобин тавассути он бурдубохти ҳаёт, камбудиҳои рӯзгорро мушоҳида мекунад. Хушбахтона, имрӯз на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар дигар шаҳру навоҳӣ низ театрҳо фаъолият доранд. Театри давлатии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова яке аз онҳост. Сарварии онро Ғайрат Қодиров ба зимма дорад. Ӯ дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар тӯли фаъолият таҷрибаи зиёди эҷодӣ ва корӣ андӯхтааст. Дар бобати театр ва проблемаҳои он бо ӯ суҳбат оростем.

- Ба назари шумо, оё театрҳо барои ҷалби тамошобин комёбанд?

- Театри касбиро ба мо шӯравӣ оварда бошад ҳам, намехост он мардумӣ шавад. Он замон тавассути театр сиёсати ҳукумати давр таблиғ мешуд. Барои ин тамошобин доштанд: коргарони партиявӣ, комсомолону пионерҳо, коргарони корхонаҳо ва ғайра. Яъне, театр чун  майдони таблиғи идеологияи ҳукумат истифода мешуд. Албатта, дар ин миён дигарандешоне буданд, ки намоишномаҳоеро дар рӯҳияи озоду ҳақталошӣ таҳия мекарданд,  лекин шумораашон хеле кам буд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар имкон пайдо кардем намоишҳоеро рӯи саҳна гузорем, ки арзишҳои фарҳангиву миллиро ифода мекунанд.

- Аз он ки театрҳо тамошобини кам доранд, ҳамеша шикоят мекунанд, вале дар муқоиса Сирки давлатии Тоҷикис­тон тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ тамошобини бештар ҷалб намояд. Сабаби ба театр таваҷҷуҳ зоҳир накардани тамошобинро дар чӣ мебинед?

- Ин дастоварди сирк  натиҷаи ҳамкориҳост. Онҳо ҳамеша аз хориҷ гурӯҳҳои маъруфро даъват мекунанд. Саҳнаи сиркро холӣ намегузоранд. Ҳунарпешаҳои сирк низ хеле фаъоланд, ҳамкорӣ бо сиркҳои хориҷӣ ба касбияташон таъсир расонидааст.

Муҳимтар аз ҳама, як бинои сирк дорем. Тамошобин интихоби дигар надорад, аммо шумораи театрҳо зиёд аст.

- Норасоии коргардонҳои ҷавонро эҳсос мекунед?

- Бале, коргардонҳои ҷавоне, ки ҳатто баъди хатми донишкадаҳои олӣ бояд дар театрҳо таҷрибаи корӣ андӯзанд, қариб, ки нестанд. Мо — ҷавонон бояд аз устодони соҳаи коргардонӣ таҷриба омӯзем. Онҳое, ки ҷоннисори касби хешанд ва ба корҳои бузург қудрат доранд. Мактаби ин гуна устодонро бояд такмил диҳем ва дар заминаи он мактабҳои навро ба вуҷуд оварем.

- Оё аз хориҷи кишвар ҳам коргардонҳоро барои таҳияи ин ё он асари саҳнавӣ ба театр ҷалб месозед?

- Дари театри мо барои ҳамкорӣ боз аст. Ният дорем, дар нимаи дуюми соли 2019 озмуни даъвати коргардонҳоро эълон кунем. Коргардонҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар он ширкат намоянд ва мо тамоми шароитро барои онҳо омода мекунем. Бори сеюм аст, ки коргардони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ Хоҷақулӣ Авлиёқулӣ барои ба саҳна гузоштани намоиш маҳз Театри шаҳри Конибодомро интихоб менамояд.

Ин натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн аст. Авлиёқулӣ борҳо гуфтааст, ки шаҳр, мардум, мухлисони театр ва ҳунарпешаҳои моро дӯст медорад. Бинои театри мо таърихи хеле қадима дорад. Авлиёқулӣ дар чунин фазо кор карданро дӯст медорад. Мехоҳад, ки дар ҷойҳои хоксорона корҳои бузургро анҷом диҳад.

Барои рӯи саҳна овардани намоишҳо ба мо Дафтари ҳамкориҳои швейтсарӣ дар Тоҷикистон кумак кардааст. Ҳамчунин, дар ду намоиши охир мо сарпарастони маҳаллиро ҷалб кардем. Ҳукумати шаҳри Конибодом низ ба театр таваҷҷуҳи хос дорад. Соҳибкорон низ  дар ин ҳолатҳо театрро дастгирӣ мекунанд.

- Дар бораи қадимӣ будани бинои театр гуфтед. Оё он ба имиҷ халал намерасонад?

-   Ин ҳолатро дар аксари бинои театрҳои кишварҳои хориҷӣ низ мушоҳида мекунем. Масалан, дар Аврупо театрҳо дар таҳхонаҳо, болохонаҳо ҷойгиранд. Онҳо хеле фақиронаанд, аммо сатҳи эҷодкорӣ хеле баланд ва сохти театр ҷолиб аст. Аз даромадгоҳ сар карда, ҳар гуна ашёву шаклҳои ғариб таваҷҷуҳи тамошобинро ҷалб месозад. Биноан, талош мекунем, ки тамошобин аз даромадгоҳ мафтун шавад. Аз он ифтихор дорем, ки театри мо қадамҷои бузургони миллати тоҷик, артистони халқии ИҶШС Комил Ёрматов, Туҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова ва дигар санъаткорони шинохта мебошад.

 - Дар солгарди 90 — умини театри тоҷик чӣ нақшаҳо доред?

- Рӯи саҳна овардани се намоиши нав, иштирок дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ, гузаронидани якчанд чорабинии театрӣ, аз ҷумла Ҷашни намоишномаҳои кӯдакон аз ин зумраанд.

Суҳбаторо Далер ИМОМАЛӢ