Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Р. Умар «Қалъаи Сарвода кай обод хоҳад шуд?»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти № 130 (4392) аз 19 октябри соли 2021 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он вокуниши мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии шуъба Қараев Аслиддинро пешниҳод менамояд.
Д. САФАРЗОДА,
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бояд қайд кард, ки ёдгории бостонии «Қалъаи Сарвода» дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар категорияи ёдгориҳои бостонии дараҷаи ҷумҳуриявӣ таҳти №2 ба қайд гирифта шудааст.
Тармиму барқарорсозии ёдгории таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати пайдо гардидани имкониятҳои молиявӣ корҳои лоиҳавии тармиму барқарорсозӣ дар ёдгории мазкур нақшабандӣ мегардад.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангиро назорат кунанд ва онҳоро таҳқиқу муайян намоянд.
Дар ҳамин раванд лозим аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати ободонии қалъаи мазкур саъй намуда, инчунин, барои пешбурди ҳафриётҳои бостоншиносӣ бо мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
А. ҚАРАЕВ,
мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон