«Алами сабзи ёдҳо»-и Робияи Холмирзо

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Робияи ХолмирзоИмрӯзҳо поёни сардиҳост ва мунтазири баҳорем. Баҳоре, ки дар он табиат аз нав зинда мешавад, қабои сабзу гулгун ба бар мекунад, мурғакон ба хониш медароянд ва аз дидани ин зебоиҳо қалби одамон пур аз шодию фараҳ мегардад.  Чунин накҳати бӯи баҳориро дар рӯзҳои баҳисоби фасли дай маҳфиле, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, барои ҳаводорони шеър эҳдо намуд. Он «Нақши ҷавонони эҷодкор дар пешрафти назми муосир » ном дошт ва ба эҷодиёти шоираи хушзавқ Робияи Холмирзо бахшида шуд.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова чорабинии мазкурро чун дастагуле бахшида ба эълон гардидани соли 2017 -  Соли ҷавонон арзёбӣ карда, суханро ба Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дод. Номбурда андешаҳои худро  бобати ашъори Робияи Холмирзо баён карда, аз хислатҳои неки инсониаш низ ситоиш намуд.

Муҳаққиқон Сангин Гулов, Мубашшири Акбарзод, рӯзноманигорон Нӯъмон Низомӣ ва Шоираи Раҳимҷон низ зимни суханронӣ аз фасоҳати шеърҳои Робия  ёдовар шуданд.

Сипас, чанде аз ҷавонон — мухлисони ашъори Робия, аз шеърҳои тозаэҷоди вай намунаҳоро пешкаши иштирокчиён гардонданд.

Робияи Холмирзо  муаллифи китобҳои  «Атри алам» (соли 2003) ва «Вақте ки ангурҳо ранг меоранд» (соли 2007) буда, ҳоло сардабири маҷаллаи адабӣ-бадеии Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонону наврасон «Истиқбол» мебошад.

Дар маҳфил китоби нави шоира бо номи «Алами сабзи ёдҳо» низ муаррифӣ гардид.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»