Ман инро замоне эҳсос кардам, ки одам буданамро ҳис намудам. Бод, оташ, об, ҳатто хок гоҳе бо ман мувофиқ ҳастанду гоҳе душманам мешаванд.
Мегӯянд, ки одамро аз хок офаридаанд, вале ман намедонам, ки хоки маро аз куҷои замин гирифтаанд ва бо кадом об онро шӯридаанд. Субҳ, нисфирӯзӣ ё намози асре онро ба зери нурҳои офтоб гузошта, хушкондаанд. Вақтҳои охир ҳис мекунам, ки на танҳо ҷисмам, балки мағзи сарам ҳам аз нурҳои сӯзони офтоб осеб дидаанд. Фикрҳои бемаънӣ мағзамро азоб медиҳанд, зиндагиямро ба дӯзах мубаддал мегардонанд. Шояд пурсед, ки чӣ тавр кадом фикре, ки аз ким-куҷо омада, мағзи сари маро ғасб кардааст, боиси азоб мешавад. Далел хоҳед, мегӯям:
Ман ҳамеша орзуи асп доштанро дар сар мепарваридам ва гоҳе ин ҷонвари бодпо ба хобам медаромад. Рӯзе ҳамсоя аспашро ба ман дод, ки савор шуда хумор шиканам. Ба асп савор шудаму худамро дар тахти равон ҳис кардам, хаёл кардам, ки тамоми дунё моли ман аст. Ҳар куҷое, ки дилам мехост, аспро ба ҳамон сӯ мерондам. Аз фараҳу шодии зиёд суруд ҳам хондам. Одамон аспсаворию сурудхониамро дида, бо ҳавас маро тамошо мекарданд.
Ҳамсоя дид, ки нияти аз асп фуромадан надорам, лаҷоми ҷонварро дошту гуфт:
- Фаро, хеле аспсаворӣ кардӣ!
- Намефароям!
- Чаро?
- Агар аз болои асп ба замин фароям, модари Хосият ба ман талоқ! — ин фикр аз куҷо пайдо шуду ба забонам омад, намедонам. Магар одами солим метавонад аспи ҳамсояро аз ҳамсараш беҳу боло донад.
- Ба асп савор шудию девона гаштӣ, — ба ғазаб омад ҳамсоя. — Ин чӣ гапе буд, ки аз даҳонат баромад. Акнун чӣ кор мекунӣ, аз асп ба замин фароӣ, занат талоқ мешавад?
Баъд аз ин сухани соҳиби асп чӣ қадар ҷиддӣ будани вазъиятамро фаҳмидам, вале тир аз камон ҷаста буд. Чӣ кор карданамро намедонистам.
Ин корнамоии ман ба тамоми деҳа паҳн шуд ва зану мард даври ману аспи ҳамсояро гирифтанд. Яке ба ҳоли ман механдиду дигаре мазаммат мекард. Ҳамсарам низ ин хабарро шунида омад. Ӯ, ки одам будан ё набудани маро хуб медонист, ба сӯям ба алам нигаристу аз чашмонаш ашки ҳасрат ҷорӣ шуд. Занҳои деҳ ӯро дилбардорӣ мекарданд: «Ҳайф шудӣ, — мегуфтанд, — умратро бо чунин марди гумроҳу аз олам бехабар сипарӣ кардӣ. Зеби зани раис шудан доштӣ. Ҳайфи умри азизат, ки мисли гул дар паҳлуи хор гузашт».
- Ман медонистам, ки ту ҳеҷ гоҳ одам намешавӣ! – асояшро болои сар бардошта, ба сари ман омад падарам, вале ӯро нагузоштанд, ки маро занаду бо ҳамин худро таскин диҳад.
- Коре, ки набояд мешуд, шуд! – мардумро ором кард раиси деҳа. Бояд чораи корро ҷӯем, нагузорем, ки дар деҳаамон як хонавода вайрон шавад, зане бева монаду кӯдакон аз падар зиндаҷудо шаванд.
- Муллои деҳа куҷост, ки биёяду ин масъаларо ҳал кунад, — садое аз миёни издиҳом баланд шуд.
- Муллоро даъват кунед, – ба гап даромад ҳамсоя. Никоҳро ӯ карда буд, бигзор масъалаи талоқро ҳам ҳал кунад.
Нафаре барои овардани мулло рафт. Ман ба тақдирам тан дода, пичингу киноя ва истеҳзои ҳамдеҳагонро шунида, болои асп менишастам. Шояд гапи мардум ба падарам таъсир кард, ки якбора аз ҷояш хеста, маро дашном дода, асои дасташро ба сӯям ҳаво дод. Асо ба ман не, ба шиками асп расиду ҷонвари бечора ба ҷастухез даромад. Ман, аз тарси он ки наафтам, лаҷоми аспро сар дода, дудаста зинро маҳкам доштам. Ғавғои мардум баланд шуд. Ҳар касе ба ман маслиҳат медод. Ҳама дар ғами он буданд, ки меафтаму занам талоқ воқеъ мешавад. Асп бошад, на фикри маро мекарду на парвои талоқ дошт. Ҷастухезкунон маро аз пушти худ афкандан мехост. Ин ҳолро дида, кӯдакон ҳаёҳӯ бардоштанду девонагии асп бештар гашт. Ман дигар худро дар хонаи зин нигоҳ дошта наметавонистам, ҳар замон эҳтимоли ба замин афтиданам зиёдтар мегашт, вале фикри талоқи лаънатӣ маро маҷбур мекард, ки мисли кана ба пушти асп часпам.
Ҳамин вақт занам шуҷоати бемисл нишон дод. Вай аз миёни издиҳом баромада, нотарсона аз лаҷоми асп дошт. Дами мардум дарун афтид, ғавғо ба хомӯшӣ мубаддал гашт. Ҳамсарам сару рӯи аспро навозиш карда, ҷонварро ором сохт.
Мулло хеле дер омад. Раиси деҳа ба вай воқеаро нақл кард.
- Кори хуб накардӣ, ки аспи ҳамсояро аз занат боло донистӣ, — ба насиҳат гузашт мулло.
- Мулло, вақти насиҳат нест! – гапи ӯро бурид падарам. — Масъалаи талоқро ҳал кунед.
Мулло каме фикр карду гуфт:
- Писари шумо ягон илоҷ надорад, оқибат аз рӯи асп ба замин мефурояд ва занаш як талоқ мешавад. Се рӯз пас як гӯсфанд кушта, зиёфат ороста, моро ба хонааш даъват мекунад, мо аз сари нав онҳоро никоҳ мекунем. Кор ба ҷуз ин дигар роҳи ҳал надорад.
Бо вуҷуди исрори мулло аз болои асп нафаромадам. Охир гӯсфанд надорам, ки кушта муллоро даъват кунаму вай ману занамро аз нав никоҳ кунад.
Рӯз бегоҳ шуд, аммо ман ҳанӯз рӯи асп гиҷу гаранг менишастам. Ҳамсарам ба наздам омада гуфт:
- Мардакҷон, аз асп фароед. Ман бо додарам маслиҳат кардам. Вай як гӯсфанд ба мо қарз медиҳад.
- Қарз не! – садои додари занам ба гӯшам расид, — гӯсфандро мебахшам, барои ман хушбахтии шумо муҳим аст.
Хостам аз асп фароям, ки садои дигаре шунидам:
- Сабр кун!
Бубинам, Шамшоди ҳамсоя калавида-калавида ба сӯям меояд. Ӯ мисли ҳамеша маст буд.
- Нафаро! Сабр кун! – гуфт ӯ ва аз лаҷоми асп дошта, аз пешонааш бӯсид, — мушкили туро мулло ҳал карда наметавонад, ман ҳал мекунам.
Шамшод аспро ба назди дарахти тути канори роҳ бурду ба ман амр кард:
- Аз асп ба болои тут баро!
Ман ба болои тут баромадам.
- Ту аз асп ба замин фаромадӣ ё ба болои тут баромадӣ? – лаҷоми аспро сар надода пурсид ӯ.
- Ба болои тут баромадам.
- Акнун метавонӣ ба осмон парвоз кунӣ ё бемалол ба замин фароӣ, на занат талоқ мешаваду на ба мулло зиёфат медиҳӣ.
Шамшод инро гуфту қоҳ-қоҳзанон хандид ва ба сӯи ман бепарвоёна даст афшонду роҳи хонаашро пеш гирифт.
ВОРИС,
«Садои мардум»