Дил аз ҷалол бигӯяд аз он ҷалоли Истиқлол,
Аз он шаҳомати пойдору безаволи Истиқлол.
Зи ҷоннисорию ҷонбозию ҳам аз ватандорӣ,
Ки қавли мо агар ин аст, хуш ба ҳоли Истиқлол.
Кушодааст пару боли худ ба рӯи мо Симурғ,
Ки пайки ҷовиди ишқ аст пайки боли Истиқлол.
Тановар асту ситабр асту устувору тавоно,
Чу кӯҳсори халқи мо бубин камоли Истиқлол.
Ватан, баҳори ҷовидон барои ту муборак аст,
Ки шодии абад диҳад ба мо ҷамоли Истиқлол.
Мабод чашми бади душмане расад ба ин авранг,
Ки тахту тоҷи шараф ёри бемалоли Истиқлол.
Ғазал-ғазал, ки сарояд дилам таронаи ишқат,
Ҷаҳони меҳри дилу ин Ватан ҳалоли Истиқлол.
Дил аз ҷалол бигӯяд, ки ин ҷалоли абадро,
Шукӯҳу шон бибахшад, фақат ҷалоли Истиқлол.
ВОРИС,
«Садои мардум»