Чунонки маълум аст, дини мубини ислом ҳамеша пайравонашро тарғиб ба ростқавлӣ намуда, дурӯғгӯйиро шадидан манъ менамояд. Мутаассифона, ҷомеаи имрӯза пур аз дурӯғгӯён шудааст, ки яке аз сабабҳои бадбахтии миллат мегардад. Худованди Бузург дар «Қуръон»-и карим фармудааст: «Эй ононе, ки ба Худо имон овардед, аз Худо битарсед ва аз гурӯҳи ростгӯён бошед!» (Сураи «Тавба», ояти 119). «Дурӯғ, — чунонки Паёмбар Муҳаммад (с) фармудааст, — аз хислатҳои мунофиқон аст». Паёмбар (с) фармудаанд: «Барҳазар бошед аз дурӯғгуйӣ! Зеро дурӯғгӯйӣ инсонро ба сӯи фисқу фуҷур ва гуноҳ мекашонад ва фисқу фуҷур инсонро бар оташи дӯзах меандозад».
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки мусалмон ҳастанду ба дини ислом ва Паёмбари Худо (с) бовар доранд, бояд ба аркони он арҷ гузоранд ва ҳар он чиро, ки ислом манъ кардаасту ҳаром медонад ё макрӯҳ кардааст, аз он дурӣ ҷӯянд.
Дурӯғ гуноҳи кабира аст, вале баъзе мусалмонҳо барои иҷрои нақшаҳои дар наздашон гузошташуда пайваста ба дурӯғгӯйӣ ва танқиду маломат машғуланд. Яке аз ин мусалмонтарошҳо, ки аз Худо шарм намекунаду аз азоби охират наметарсад, Амруллоҳи Низом мебошад. Ӯ дар сомонаи «Кимиёи саодат» мақолаеро зери унвони «Бигӯям ё бигирям» интишор намудааст. Номбурда гуфтааст, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои сатр пӯшидан бонувонро аз 4 то 7 ҳазор сомонӣ (агар бори аввал бошад) ҷарима ва дар ҳолати такрор ба муҳлати якчанд моҳ равонаи зиндон мекунанд.
Шояд муаллиф мехоҳад бо чунин бадномсозиҳо ба онҳое, ки аз танқиду дурӯғғӯйӣ дар ҳаққи Ҳукумат манфиатдор мебошанд, вафодориашро нишон диҳад. Зеро имрӯз танқиду туҳмати Ҳукумат, хусусан барои фирориёни Ҳизби наҳзати исломӣ, анъана шудааст. Чунин афроди сиёҳдилу сиёҳтинат шахсони мисли худро хуш доранд. Муаллиф низ бо истифода аз ин усул садоқати худро ба ҳаммаслаконаш нишон додааст.
Ба назари мо, пеш аз ҳама, муаллиф бояд аз оқибати дурӯғгӯйӣ ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар ислом андеша мекард. Бори каҷ ҳаргиз ба манзил нарасидааст. Дуо мекунем, ки Худованд ин уммати муҳаммадиро аз аҳли ростгӯён қарор диҳад.
Абдураҳмони Абубакр