Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия — шаҳраки Файзобод қарор дошта, омӯзгорон бо даҳҳо дастпарварони фарзонаашон фахр мекунанд.
Яке аз дастпарварони муассисаи зикршуда Субҳони Ҷалил аст, ки баъд аз рӯнамоии китобҳояш («61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин») дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова омӯзгорони таълимгоҳ ифтихормандона «Субҳон талабаи мактаби мост» гуфтанд.
Ӯ соли 1994, пас аз хатми мактаби миёна, ба шуъбаи радиофизика ва электроникаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000-ум бо ихтисоси муҳандиси радиофизика ва электроника хатм кардааст.
Фаъолияти Субҳон Ҷалил берун аз ихтисос сурат мегирад. Ӯ дар идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасони «Радиои Тоҷикистон» корро ба ҳайси муҳаррир оғоз намуда, баъдан муовини сармуҳаррир ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир буд. Аз соли 2004 ба радиои «Ватан» гузашта, аз муҳарририи идораи мусиқӣ — фароғатӣ то мақоми директори кулли радиои «Ватан» сабзидааст.
Қаҳрамони матлаб аз оғози кор дар ин муассиса муаллифи шоу-барномаи «Субҳи Ватан», муаллиф ва гӯяндаи гуфторҳои зиёди радиоӣ, мисли «Ҳуқуқи ман», «Молияи ман», «Гулбоғи сухан», «Ахбори молия ва иқтисод», «Гуфтугӯҳои кишоварзӣ», инчунин барномаҳои телевизионии «Лаззат», «Интелект шоу» ва «Пухтупаз» аст.
Истеъдоду маҳорати кории Субҳон Ҷалил холисонаю беғаразона қадрдонӣ гардидааст. Ӯ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, нахустин барандаи Ҷоизаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон — «Эътимод» ва дорандаи медали «100 — солагии матбуоти тоҷик» мебошад.
Дар ин матлаб ҳунари шеърофарии Субҳон Ҷалил дар доираи китобаш «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин» меҳвар аст. Пеш аз ҳама, номи китоб хонандаро ба андеша мебарад. Бо як ҷумла ифода мекунем, ки аз марги модар дар дили шоир қалъае бунёд шуда, Қалъаи Сангин, гӯристони иҳотаи мақбараи суфӣ ва орифи асри Vlll Ҳотами Асам, ба модари азизи Субҳон манзили абадӣ гардидааст.
Ҳар мухлиси андешаманди адабиёт, агар ба ашъори номбурда таваҷҷуҳ зоҳир намояд, мефаҳмад, ки ӯро Модар шоир кардааст, дурусттараш, ғами Модар. Марги Модар барои ӯ «чӯби алам гашту қомати шеър». Кӣ инкор мекунад, ки барои Модар аз ғами фарзанд дида сангинтар ғаме нест?! Вале Модаре, ки воқеан азизи дилу ҷон аст, набуданаш гаронтарин ғами фарзанд мешавад. Модар ба Субҳону Субҳон ба Модар чун нафас азиз будаанд. Ба ҳамин сабаб марги модар ӯро сахт такон дода, ба ҳақиқат, шоир кардааст. Шеъри ӯ оташест ҷонгудоз аз ҷудоии Модар. Ҳамин рубоии устоди калом Бозор Собир басанда аст, ки дигар аз ғам забони алам накушоему дар мавриди ғам гапро ба дарозо намебарем:
Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,
Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст.
Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,
Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.
Гумон надорем, ки қаҳрамони матлаб пеш аз модарнома навиштан шеър эҷод накарда бошад. Зеро офаринише, ки дар ин китоб ворид шудааст, башорати ҳунару истеъдоди шоирист.
Мусаллам аст, ки ашъори каммоя ва аз масъулияти ҳунарӣ орӣ ба хонандаи закӣ писанд намеояд. Ба шеъри Субҳон Ҷалил набояд аз оинаи чунин ақида нигоҳ кард. Рубоиҳои ӯ, қитъа ё дубайтиҳояш самимӣ, сидқан ҷигарӣ, дилнишин ва лоиқи ба такрор хондан ҳаст. Субҳон Ҷалил сохта, сатҳӣ, беранг, ба дигар ифода абстракт намегӯяд. Шеъри ӯ садои зангӯлаҳои ғами дили ӯст, ки аз диду мушоҳидаву тасаввури ҳарлаҳзаинаи шоирона рӯ задаанд. Ҳар модаргумкардаро ашъори ӯ сӯи худ мекашанд. Ба мисол:
Бе оча тамоми зиндагӣ пуралам аст,
Сад ҷони ширин барои як оча кам аст.
Аз дарду фироқ ба сина ду Кӯҳи Мазор,
Аз гиряи ман ду дида Элок ғам аст.
Модар бигузашту як дилогоҳ намонд,
Як дидаи интизор дар роҳ намонд.
Вақте ки хазинадори даргоҳ намонд,
Дар хирмани умри мо ба ҷуз коҳ намонд.
Аслан имрӯз шоире нест, ки модарро васф накарда бошад. Аз диди мо дар адабиёти форсӣ — тоҷикӣ машҳуртарин шоирони модарноманавис Эраҷ Мирзо, (Эрон), устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералианд. Агар адибони «касбӣ»-ро сарфи назар кунем, Субҳон Ҷалил шоирест, ки дар ду китоб («61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин») дар ҳаҷми 16 ҷузъи чопӣ бо сӯзу ҳасрат алами бемодарӣ кардааст.
Воқеан, адабиёти классикӣ достонҳои «Юсуфу Зулайхо», «Бежан ва Манижа», «Вис ва Ромин», «Шодбаҳру Айнулҳаёт» дораду Низомии Ганҷавӣ бо «Лайлӣ ва Маҷнун» тасвири занро арзанда офаридааст. Аммо зан ҳамчун модар дар адабиёти классикӣ нақши бориз надорад. Аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ашъори Низомӣ қарор дораду «Низомӣ оид ба ин масъала шоири навовар дониста мешавад, ҳунари тасвири зан ва онро то ба дараҷаи типи бадеӣ офаридани ӯст». (Ҳафиз Раҳмон). Устод Мирзо Турсунзода дар ин бобат ба Низомӣ чунин баҳо медиҳад: «Шояд таъсири ишқи сӯзони зани дӯстдораш Офоқ бошад, ки Низомӣ нисбат ба зан ин тавр муносибат доштан аз муносибати соф ва содиқона ба инсон доштан ба майдон омадааст».
Шоирони рус А. Блок, С. Есенин, М. Светаева, А. Ахматова дар васфи модар шеърҳои хуб доранд, вале ҳадафи онҳо асосан панд додану ба хулқи нек ҳидоят кардан аст.
Ҳарчанд мавсуф бо модарномааш мақсади ба адабиёт ворид шудан надошта, шеърашро, тавре ишора кардем, ба таскини дили худ мебахшад, арзиш дорад, ки офаридаҳои ӯро бемуҳобо моли адабиёт ҳисобем. Чаро не, ки ба унсурҳои асосии шеър — мавзӯъ, вазн, қофияю радифу таносуб ва аз ҳама асосӣ, шеърият ҷавобгӯянд. Каломи Субҳон равону ҷавҳардор, тасвирҳояш зебову диққатрабоянд. Субҳон Ҷалил андешаи шоир Мирзо Саъдӣ (Саъдӣ Мирзоев)-ро дорад, ки гуфтааст:
Даъвои шоирӣ нанамудам ба умри хеш,
Зеро ки шоирӣ зи азал кори дигар аст.
Дар кӯлбори шоириям шеър не, ғам аст,
Дард асту доғу ҳасрату пиндори дигар аст.
Дар омади гап: Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, ба Субҳон Ҷалил тавсия додааст, ки ӯ шеърнависиро қатъ накунад, зеро истеъдодаш ғанӣ аз алфози шоирист…
Модарномаи Субҳон Ҷалил соли 2021 аз чоп баромада бошад ҳам, аллакай хонандаҳои сершумор ёфтааст. Ҳофизони ҷумҳурӣ бар ашъори Субҳон Ҷалил оҳанг месозанду тавассути радио ва телевизионҳои «Тоҷикистон», «Кӯлоб» -у «Хатлон» месароянд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ, сарояндаҳои хушсалиқа Ҳабибуллои Мирзошариф, Тоҷиддин Раҳимов, Абдураҳмон Нуров, Карим Назар, Эркин Одинаев, Азиз Ваҳҳобов аз ҳамон ҷумлаанд.
Мо Субҳон Ҷалилро барои шоир будан табрик мегӯем. (Аслан, касе, ки як рубоии сара гуфта бошад, унвони шоирӣ мегирад).
Хулосаи калом, «61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин»-ро бе дарду ҳасрату алам мутолиа кардан муҳол аст.
Ду рубоӣ дар хотимаи сухан:
Рӯзе, ки дилат, оча, зи кор ногаҳ монд,
Музтар ҳама фарзанди ту дар погаҳ монд.
Умеди шифо бирафтӣ бо рафтани ту,
Як халтача дору дар бари ҷогаҳ монд.
Равшан раҳам аз нури чароғат, модар,
Муҳре ба ҷигар зи дарду доғат, модар.
Як кӯча занак хумории суҳбати ту,
Як хона набера дар суроғат, модар.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
адиб