Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тӯли асрҳо обутоб ёфтааст. Тоҷику ӯзбек аз қадим аз як дарё об нӯшида, аз як офтоб нур гирифта, аз як ҳаво нафас кашидаанд. Тӯю тамошо ва дарду алами онҳо муштарак буд. Ба гуфти Боқӣ Раҳимзода, тоҷику ӯзбек як халқанд, ки бо ду забон гап мезананд. Дар тақвияти ин суханон чанд сол пеш байте навишта будам:
Ҳеҷ мапурсед миллатамро, баски ин аст як ҷавоб:
Зуллисонайн ин Сулаймон тоҷику ӯзбек бувад.
Дарахти дӯстиро ягон қувва аз байн бурда наметавонад, зеро ин дарахт дар дил месабзад, дар дил шоху барг мебарорад ва аз дил об менӯшад. Ҷои пинҳон кардан нест, баъзе иғвогарон миёни ин ду халқ нифоқ андохтанӣ мешаванд. Лекин тири онҳо ба ҳадаф нарасид. Дарахти дӯстӣ ҳамоно сарсабз аст.
Албатта, панҷ ангушт баробар нест. Дар байни ҳар халқ ҳам доно, ҳам аблаҳ ва авбош ҳам ҳаст. Лекин сухани як — ду нохалафро ба як халқ нисбат додан норавост. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дӯстии ин ду халқро ҳеҷ гоҳ халалдор карда наметавонанд.
Танҳо дар рӯзи хурсандӣ дӯст будан фазилат нест. Дӯстро дар рӯзҳои мусибат ва сахтӣ шинос мегӯянд. Аз ин рӯ, мардум: «дӯст дар рӯзи бад шинохта мешавад», -мегӯяд. Чунончӣ, ҳангоми заминҷунбии Тошканд тоҷикон нахустин шуда, ба ёрии бародарони ӯзбек шитофтанд. Баъди заминларзаи даҳшатбори Шарораи Ҳисор (январи соли 1989) сохтмончиёни ӯзбекистонӣ дар ноҳияи Ҳисор барои зарардидагон шаҳраки нав бунёд карданд. Шаҳраки мазкур ба хотири дӯстии безаволи ин ду халқ «Ӯзбекистон» ном гирифтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 600 — солагии шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сухан ронда гуфтанд, ки дар байни ин ду шахсияти сиёсӣ ва адабии ҳамон давра –Ҷомӣ ва Навоӣ муносибатҳои самимии устоду шогирдӣ, дӯстию ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ барқарор буд. Дар замири ин суханон як ҳикмати бузург–решаи дӯстии ду халқ — тоҷику ӯзбек аз сарчашмаҳои дури таърих об мехӯрад, гуфтани Сарвари давлат ҳувайдост. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз китоби академик Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварданд, ки баъди вафоти Мавлоно Ҷомӣ ҳазрати Навоӣ ва дӯстони ӯ як сол азо гирифтаанд.
Кӯдаки дар гаҳворабударо, ки яке тоҷик, дигари ӯзбек аст, як калима «Алла» ором мекунад. Тӯю сури тоҷику ӯзбекро як суруд– «Ёр-ёр» гарм мекунад ва ба дилҳо шодию сурур мебахшад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, садоқатро ҳар ду халқ як хел истифода мебаранд. Калимаи тоҷикии гул, Наврӯз, ки рамзи зебогӣ, рамзи бедоршавиро ифода мекунад, дар забони ӯзбекӣ муродиф надорад. Калимаҳои ҳаммонанди рӯймол, рӯзгор, чилла, якандоз, заргар, якдил, меҳрубон ва амсоли инҳо, бо ҳамдигар наздик будани онҳоро ифода мекунад.
Дар бораи дӯстии ин ду халқ, ки таҳкурсии онро пирони хирадманд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта буданд, бисёр навиштаанд ва ҳанӯз ҳам менависанд. Чунон, ки маълум аст, Ҷомӣ шогирди худ Навоиро дӯсти наздик эътироф намуда, дар ҳаққи ӯ мисраъҳои алоҳида низ навишта буданд:
Хосса, ки ба боғи ошноӣ ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Мавлоно Ҷомӣ бо ин суханҳои пурарзиши худ қувваҳоеро, ки дӯстии ду халқро халалдор карданӣ буданд, хунсо мекунад. Таърихи инсоният назири дӯстии ду халқ – тоҷику ӯзбекро, ки ин ду шахси бузург ситоиш кардаанд, надидааст.
Навоӣ аз вафоти устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сахт андуҳгин шуда, ба забони тоҷикӣ марсия навиштааст:
Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?
Афзалу афсаҳи аҷноси бани одам ку?
Дар биёбони таманнош халоиқ мурданд,
Ба давои ҳама он Хизри Масеҳодам ку?..
Навоӣ бо ин иктифо накарда, ба хотираи Абдураҳмони Ҷомӣ асари беҳтарини худ «Хамсат-ул-муттаҳайирин»-ро навишт. Бо сарварии Навоӣ дар сари қабри Мавлоно Ҷомӣ мақбара эъмор шуд. Султони соҳибқирон Ҳусайн Бойқаро бошад, тобути Ҷомиро то қабр бардошта рафт ва дар солгарди вафоташ аз ҳисоби худ ба аҳли Ҳирот ош дод.
Вақте дар бораи дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо сухан меравад, беихтиёр суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меояд, ки дар кушодашавии мактаби нави шаҳри Турсунзода гуфта буданд: «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек амри Худованд аст».
Мо аз солномаҳо медонем, ки Алишер Навоӣ аз токзоре, ки ба маоши худ бунёд карда буд, аввал ба устод Абдураҳмони Ҷомӣ як хӯша ангур пешкаш намуд. Ин мулозимат маънои рамзӣ дорад. Аз дасти боғбони ӯзбеки турсунзодагӣ як хӯша ангур гирифтани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон лаҳзаро ба ёд меорад.
Тавре ки шоири ширинзабон Лоиқ Шералӣ гуфтааст, ин ду халқ ду тори як созанд, ду шохи як дарахтанд, пайраҳаи як роҳанд. Ин ду халқ шуълаи як гулхан, гулҳои як чаман, орзуҳои як дил, панҷаҳои як даст, оҳангҳои як рубобанд.
Ба гуфти арбоби шинохтаи сиёсӣ ва давлатӣ Шароф Рашидов, болу пари як парандаанд, ду сари як марзаанд. Бобоёни мо дар як мадраса таҳсил намуда, дар як масҷид намоз мехонданд. Ҳоло низ насли наврас дар як мактаб дарс мехонанд. Ниёконамон дар васфи бузургони ҳар ду миллат шеъру достон ва китоб навиштаанд.
Дар ноҳияи Шаҳритуз яке аз мактабҳои нав сохташуда номи Алишери Навоиро гирифт ва дар саҳни мактаб муҷассамаи ӯ гузошта шуд. Дар ноҳияи Спитамен театри ӯзбекӣ амал мекунад, ки номи Артисти халқии СССР Шукур Бурҳоновро гирифтааст. Боғи истироҳатии ҳамин ноҳия ба номи шоири ӯзбеки тоҷикистонӣ Ашурмат Назаров номида шудааст. Ба хотираи деҳқонҳои асили ӯзбек Абдуғаффор Самадов, Эшбек Сатторов, Тӯрахон Эсонқулов, Асқаралӣ Мирзоев ва дигарон номи деҳаҳо, кӯчаҳо, мактабҳо гузошта шудааст, ки рамзи дӯстии ду халқро ифода мекунад.
Яке аз кӯчаҳои калон ва зеботарини шаҳри Душанбе ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудааст. Хатсайри ҳавоӣ эҳё шуд, ки аз мустаҳкамтар шудани дӯстии ду халқ шаҳодат медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони ӯзбекӣ чоп шуда истодааст. Зиёда аз 20 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибони ӯзбекзабон мебошанд. Ин ҳама меваҳои ширини сиёсати одилонаи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Гузарондани даҳрӯзаи адабиёт ва санъати ӯзбек дар Тоҷикистон, ки пеш анъана буд, 10-12-уми майи соли равон ба нақша гирифта шудааст. Боварӣ дорам, ки доир гардидани даҳаи адабиёт ва санъати халқи бародари ӯзбек дар Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамдаму ҳамхуну ҷон, тоҷику ӯзбек,
Лоиқи таърифу шон, тоҷику ӯзбек.
Гул ба гулу ранг-ранг гулшани дунё,
Ғунчаи хандони он, тоҷику ӯзбек.
Ин ки чу хуршед шуд, моҳ бишуд он,
Партави рӯзу шабон, тоҷику ӯзбек.
Дӯстию дӯстро ҳар ду бағалво,
Ё магаранд осмон, тоҷику ӯзбек.
Халқе ба халқе занад дар ҳама дунё,
Буда ба ҳайрат аз он, тоҷику ӯзбек.
Меҳр агар маҳ бувад шамс накуист,
Як фалаки ҳардувон, тоҷику ӯзбек.
Нури барафрӯхта Ҷомию Фонӣ,*
Шуълазани ҷовидон, тоҷику ӯзбек.
Дар фалаки шеър ҳам боди сабо беҳ,
Оҳую ҷеран давон тоҷику ӯзбек.
Миллати ту пурсад ар ҳар кӣ, Сулаймон,
Гӯй ба ҳар ду забон, тоҷику ӯзбек.
*Фонӣ—тахаллуси шеърҳои тоҷикии Мир Алишери Навоӣ
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон